Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Даштиҷум" мушкили барқи Афғонистонро ҳал мекунад, аммо...


Акс аз Радиои Озодӣ
Акс аз Радиои Озодӣ

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле аз оғози сохмони нерӯгоҳи "Даштиҷум" хабар доданд, ки суҳбатҳо роҷеъ ба тарҳи "Роғун" тадриҷан хомӯш шудаанд.

Вале агар маҷаллаи “Форбс” ҳафтаи гузашта тарҳи "Роғун"-ро барои муваффақияти ҷанги зидди террор муҳим медонад, олимони тоҷик мегӯянд, дар ин росто ҷойгоҳи тарҳи "Даштиҷум" аз назарҳо пинҳон мондааст.

Қурбонҷон Кабудов, роҳбари маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаҳои барқароршавандаи энергия дар назди Пажӯҳишгоҳи физикотехникӣ бо зикри ин матлаб ба Радиои Озодӣ гуфт, нерӯгоҳи "Даштиҷум" мушкили барқ дар Афғонистонро ҳал карда, даҳҳо корхонаи истеҳсолиро дар ду тарафи марз ба кор хоҳад андохт:

«Аммо шеваи сармоягузории ҷомиаи ҷаҳонӣ дар Афғонистон чунин аст, ки касе пули бузург намедиҳад, танҳо тарҳҳои хурду резаро роҳандозӣ мекунанд ва аз пайи ин ҳам нестанд, ки онҳо то куҷо муваффақ хоҳанд шуд. Касе дар фикри ин нест, гӯё ба касе даркор набошад. Ҳол он ки ин тарҳҳо ҳанӯз дар замони Шӯравӣ омода шудаанд.»

Нерӯгоҳи "Даштиҷум" яке аз 14 тарҳи силсиланерӯгоҳҳо бар фарози рудхонаи Панҷ аст, ки соли 1970 аз сӯи пажӯҳишгоҳҳои Шӯравӣ такмил шуда, ба далели равобити носолим ва ҳам ноамниҳо дар Афғонистон, муаллақ монд. Соли 2006 раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як нишасти минтақаӣ вобаста ба маводи мухаддир, дигарбора таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ин тарҳ ҷалб кард.

Вазирони энержии Тоҷикистон ва Афғонистон Гул Шералӣ ва Муҳаммад Исмоилхон
Вазирони энержии Тоҷикистон ва Афғонистон Гул Шералӣ ва Муҳаммад Исмоилхон
Ҳамон сол Исмоилхон, вазири обу энержии Афғонистон ҳам изҳор дошт, ки кишвараш омода аст ба ин тарҳ ворид шавад ва аз ҳисоби кӯмаки 10 – миллиарддолларии ҷомиаи ҷаҳонӣ, сароғоз нисфи сармоягузории нерӯгоҳро ба зимма бигирад. То ба имрӯз тарҳи нерӯгоҳи "Даштиҷум" дар садри феҳристи ҳамкориҳои Афғонистону Тоҷикистон қарор дорад, аммо пешрафте дар ин самт ба назар намерасад.

Як манбаи наздик ба вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, тарҳи "Даштиҷум"-ро қариб даҳ сол аст, ки дар ҳар маҳфили марбут ба Афғонистон ба сармоягузорон пешниҳод мекунанд, аммо то ба ҳол тавваҷҷӯҳе нест. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, кишварҳои хориҷӣ дар ин маврид ҳатто лаб во намекунанд, то ягон тарафи дигарро наранҷонанд.

Аммо Қурбонҷон Кабудов мегӯяд, ин нерӯгоҳ танҳо ба Тоҷикистону Афғонистон тааллуқ дорад ва ягон кишвари дигар, аз ҷумла Узбакистон наметавонад ба сохтмони он мушкил эҷод кунад.

Бино бар иттилои расмӣ, зарфияти нерӯгоҳи "Даштиҷум" солона 15 миллиард киловат соат барқ хоҳад буд. Обёрии 1,5 миллион замин умдатан дар Афғонистонро таъмин ва 3 миллион нафарро соҳиби кор хоҳад кард. Сармоягузории он 3, 2 миллиард доллар хоҳад буд. Аммо бар фарози рудхонаи Панҷ боз тарҳи 12 нерӯгоҳи дигар, аз ҷумла дар Рӯшон, Андароб, Баршор, Пиш, Хоруғ, Язғулом, Ширговад ва ғайра вуҷуд доранд, ки ҷамъан солона 200 миллиард киловат-соат барқ тавлид мекунанд.

Кӯли Сарез
Кӯли Сарез
Дар ҳамин ҳол, Баҳром Сироҷев, раиси пешини ширкати «Барқи тоҷик» мегӯяд, то ба ҳол заминаҳои қонунии сохтмони ин нерӯгоҳҳо фароҳам нашудааст. Аз ҷумла Афғонистон ва Тоҷикистон ҳанӯз муайян накардаанд, ки оби дарё чӣ гуна миёни онҳо тақсим шавад. Ба хусус бо назардошти ин, ки 90 дарсади оби Панҷ аз Тоҷикистон ва 10 дарсад аз Афғонистон маншаъ мегирад. Мушкили дуюм аз нигоҳи Баҳром Сироҷев, то ба ҳол ҳал нашудани қазияи Сарез аст:

«Вақте Сарез дар боло аст, дар поён сохтани ягон иншоот имкон надорад. Ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки кай Сарез ягон «ҷанҷол» - ро ба сар мекунад. Имсол аз пайдо шудани он 102 сол гузашт, ба қавли сейсмологҳо, ин гуна ҳодисаҳо 100 – 120 сол пас такрор мешаванд. Аз ин хотир вақте аз ман дар бораи Даштиҷум ё ягон иншооти дигар мепурсанд, ман посух мегӯям, ки на Даштиҷум, балки Сарез – Даштиҷум. Масъалаи ҳардуро бояд баробар баррасӣ кунанд. Ин масъалаҳоро миёни давлатҳо ҳатто дида набаромадаанд. Ҳеҷ кас ҳам ба ин масъала наздик нашудааст, аз ҳарду тараф. Барои ҳамин бардоштани ин масъала ҳанӯз барвақт аст.»

Дар ҳамин ҳол, яке аз ҳамсӯҳбатони мо аз вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мегӯяд, барои сохтмони нерӯгоҳи "Даштиҷум" ҳамаи рискҳо пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла Сарез. Ба қавли ӯ, оби Сарезро мешавад тавассути як нерӯгоҳи тақрибан 200 - мегавата таҳти назорат гирифт ва он ҳам як "аммо" дорад, ки дар наздикиҳои кӯл истифодабарандаи ин ҳаҷми барқ вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG