Пайвандҳои дастрасӣ

Дариға Назарбоева, духтари калонии президенти Қазоқистон 52 сол дошта, то имрӯз муовини раиси парлумони кишвар буд.

Духтари калонии президенти Қазоқистон Дариға Назарбоева ба мақоми муовини нахуствазири ин кишвар таъин шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Қазоқистон хабар додааст. Қарори мазкур аз ҷониби президент Нурсултон Назарбоев имзо шуд. Дариға Назарбоева то имрӯз муовини раиси палатаи поёнии парлумони Қазоқистон буд. Назарбоева дар ин мақом Бердибек Сапарбоевро иваз кард, ки ба мақоми раиси ҳукумати вилояти Актюбинск таъйин шуд.

Нахуствазири Қазоқистон Карим Масимов дар маросиме раиси нави ҳукумати вилоятро ба фаъолони минтақа муаррифӣ кард. Дариға Назарбоева, духтари 52-солаи президенти Қазоқистон аз апрели соли гузашта раҳбарии ҷиноҳи парлумонии “Нур Отан”-ро дар маҷлиси Қазоқистон ба ӯҳда дошт.

Дариға Назарбоева соли 1963 дар шаҳри Темиртауи вилояти Қарағанда ба дунё омадааст. Дар солҳои мухталиф дар вазифаҳои муовини президентb Бунёди кӯдакони “Бобек”, президенти хабаргузории расмии “Хабар”, раиси аввалин Фонди президенти Қазоқистон кор кардааст. Оғози солҳои 2000-ум ӯ раҳбари ҳизби “Асар” буд, ки баъдан бо ҳизби ҳокими “Нур Отан” муттаҳид шуд. Баъдан ба парлумон роҳ ёфт.

Соли 2007 ӯ барои як муддат аз сиёсат канор рафт. Дар маҳфилҳои сиёсӣ ин иқдоми ӯро бо моҷароҳо атрофи шавҳари собиқаш – Роҳат Алиев иртибот медоданд, ки то он солҳо дар мақомҳои муовини якуми Кумитаи амнияти миллии кишвар, муовини раиси Хадамоти муҳофизати президенти Қазоқистон, муовини аввали вазири хориҷаи кишвар ва сафири Қазоқистон дар Австрия кор кардааст. Ӯ баҳори имсол дар шароити машкук дар як зиндони Австрия даргузашт. Дар изҳороти расмӣ сабаби марги ӯ “даст ба худкушӣ задан” қайд карда шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, пешрафтҳои кории Дариға Назарбоева ба шарофати падари президенташ аст. Назарбоев, ки се духтар (Дариға, Динора ва Алия) дорад, ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон, аз набуди писари меросбараш ба хотири саводу донишҳои сиёсӣ ҳамеша мақоми Дариға – духтари калониро боло бурдааст. Дар ҳоле, ки ҳоло ҳеҷ нишонаи интиқоли эҳтимолии қудрат аз падар ба духтар маълум нест, ҳадс зада мешавад, ки маҳз Дариға эҳтимолан баъдан метавонад ҷойгузини падари президенташ шавад. Замоне чунин тахминҳо атрофи исми домоди калониаш – марҳум Роҳат Алиев карда мешуд, ки баъди моҷароҳои дохилӣ, иттиҳоми ӯ дар куштори ду мақоми “Нурбонк” ва азхудкунии маблағҳо, якбора аз доираи эътимоди падарарӯс берун шуд ва баъдан худро ба як мухолифи сарсахти президент табдил дод. Баъди қазияи Алиев дар дохили Қазоқистон мегуфтанд, ки Дариға ҳам барои як муддат эътимод ва наздикиашро бо падари президенташ аз даст дод. Вале ҳоло, бо муовини нахуствазири Қазоқистон шуданаш, бовар меравад, ки дубора меҳри падар баландӣ кард ва духтари калонӣ соҳиби яке аз мақомҳои баланд дар ҳукумат шуд. Таҳлилгарони қазоқ, ки бо бахши Қазоқии радиои Озодӣ ин мавзӯъро баррасӣ кардаанд, мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб Назарбоева дар ҳукумат масъули назорати масоили иҷтимоиву сиёсӣ мешавад, то ки амнияти қудрати Назарбоев ва ҷилавгирӣ аз ҳама гуна таркишҳои иҷтимоиро таъмин карда тавонад.

Мунаққидон мегӯянд, дар қаламрави Осиёи Марказӣ маҳз шеваи раҳбарии президент Назарбоев ҳамчун намунаи амал барои раҳбарони дигари ин минтақа хизмат мекунад. Дар Ӯзбакистону Тоҷикистон ҳам фарзандони президентон дар мақомҳои баланди давлатӣ кор мекунанд ва ин масъала пайваста нигарониҳоро дар заминаи фасод, тасарруфи қудрат дар дасти як нафар ва ё хонавода ва ҳам конроли тиҷорату иқтисод эҷод мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG