Пайвандҳои дастрасӣ

Навзодеро, ки дар паси мактаб партофтаанд, саг... хӯрдааст


Бино ба иттилои манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ, афроди номаълум кӯдаки навзодро дар паси бинои як мактаб дар ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё партофтаанд.

Манобеи бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯянд, ки афроди номаълум кӯдаки навзодро дар паси бинои мактаб дар ноҳияи Чироқчии вилояти Қашқадарё партофтаанд. Пас аз кашфи пораҳои ҷасади кӯдак, ки сагҳо хӯрда буданд, кормандони ниҳодҳои интизомӣ ба ҷустуҷӯи омилони ин ҳодисаи мудҳиш пардохтаанд.

Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки ҳодиса шаби 20 октябри соли ҷорӣ рух дода ва аз ҷасади кӯдак танҳо сар ва дасташ боқӣ мондааст. Як корманди бемористони ноҳияи Чироқчӣ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин навзод дар ҳафт моҳи ҳомилагӣ таваллуд шуда ва модараш ӯро шабона ба паси бинои мактаб партофтааст.

Ҳоло пораи ҷасади кӯдак барои ташхиси ДНК фиристода шуда ва бар пояи ин ташхис модари навзод мушаххас хоҳад шуд.

Як муаллимаи мактаби ноҳияи Чироқчӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамаи кормандони милисаи ноҳия ба бозрасии ин ҳодиса ҷалб шуда, кормандони пулиси роҳ ё ГАИ мошинҳои роҳро тафтиш мекунанд. Сокинони ноҳия гуфтаанд, ки духтари бешавҳаре ба чунин ҷинояти мудҳиш даст задааст.

Дар Узбакистон мавридҳои ҳомилагии духтарон қабл аз никоҳ сабт шудааст, ки аз тарси бадномӣ дар ҷомеа кӯдакони худро куштаанд. Рӯзи 16 июли соли ҷорӣ Радиои Озодӣ аз ҳодисае дар ноҳияи Шавати вилояти Хоразм хабар дода буд, ки духтари 19-сола кӯдаки навзоди худро дар оғил партофта буд. Баъди аз чанд соати ин ҳодиса сокинон кӯдаки гирёнро пайдо карда ва ин кӯдак дар бемористон фавтида буд.

XS
SM
MD
LG