Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Розенблум баъди боздидаш аз Узбакистон ба Тоҷикистон омад


Даниэл Розенблюм

Даниэл Розенблюм

Сафари муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон баъди боздидаш аз Тошканд ва даъваташ аз Узбакистон барои муқобила бо "Давлати Исломӣ" сурат мегирад.

Даниэл Розенблум, муовини ёвари вазири корҳои хориҷии Амрико дар умури Осиёи Марказӣ шаби 30 август, баъди анҷоми боздидаш аз Тошканд, бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд. Вай дар Тошканд аз Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Узбакистон, даъват кард, ки кишвараш ба Эътилофи байнулмилалии зидди гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ҳамроҳ шавад. Ҳоло маълум нест, муовини ёвари котиби давлатии Амрико чунин дархостро аз мақомоти Тоҷикистон низ хоҳад кард ваё на.

Аммо масъулони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, сафари кории Розенблум то 3 сентябр идома карда, ин намояндаи Департаменти давлатии Амрико бо мақомоти расмии кишвар, аз ҷумла Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ мулоқот мекунад. Ба иттилои сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе, дидору гуфутугӯи Даниэл Розенблум бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар назар будааст.

Аз аввали соли ҷорӣ ин сафари севуми Даниэл Розенблум, муовини ёвари котиби давлатии Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон аст. Ӯ моҳи феврал бо ҳамроҳии Стивен Фелдштейн, муовини ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида дар масоили демократия, ҳуқуқи башар ва меҳнат ва моҳи апрел ҳамроҳи як ҳайат ба Тоҷикистон омада, бо мақомоти кишвар гуфтугӯ карда буд.

Ӯ моҳи феврали соли ҷорӣ дар як сӯҳбати ихтисосӣ гуфта буд, ки ҳамкории Амрико бо Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои кишвар ва давлатҳои дигари минтақа густариш меёбад. "Ин ҳамкориҳо ба хотири пешгирӣ аз истиқрори террористон дар Тоҷикистон ва амалҳои номатлуби онҳо аст," -- афзуд ӯ.

Даниэл Розенблум таъкид карда буд, "равобиту ҳамкории мо бо Тоҷикистон ба зарари ҳеч кишваре, аз ҷумла Русия нест. Ин ҳамкорӣ ба манфиати Тоҷикистон аст. Мо медонем, ки Тоҷикистон на танҳо бо Русия, балки бо дигар кишварҳо низ дар масоили амниятӣ ва дигар бахшҳо ҳамкорӣ дорад. Умед аст, ки ин ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳо дар оянда низ идома пайдо мекунад. Тоҷикистон худ интихоб мекунад, ки бо кӣ ҳамкорӣ кунад. Аммо мо низ зарфиятҳо ва имкониятҳои хубе барои ҳамкорӣ ба манзури таъмини сулҳу субот ва амнияти Тоҷикистон ва ҳамин тавр, минтақаро дорем."

Ин боздиди Розенблум дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Ллойд Остин 3, фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико низ ба Душанбе омада буд ва бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот дошт. Ҳарчанд тафсилоти ин гуфтугӯ расонаӣ нашуд, аммо дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки сафари оқои Ллойд як сафари корӣ буда, дар сӯҳбати ӯ бо оқои Раҳмон бештар масъалаи Афғонистон ва минтақҳои доғи Ховари Миёна баррасӣ шудааст.

Навори сӯҳбати Даниэл Розенблум аз бойгонии Озодӣ:

XS
SM
MD
LG