Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кушторҳои Даллас - хунинтарин ҳамлаҳо ба полиси ИМА. ВИДЕО


Президенти ИМА Барак Обама гуфт, ки ҳамлаи маргбор болои афсарони полис дар Даллас як амали “даҳшатнок, ҳисобшуда ва нафратангез” аст, ки ба ҳеҷ сурат бахшиданӣ нест. Обама ин ҳарфҳоро дар шаҳри Варшава рӯзи 8 июл баён кард, ки барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар он ҷо ҳузур дорад. Дар ҷараёни як намоиши эътирозӣ аз кушта шудани ду марди сиёҳпӯст аз ҷониби ходимони полис аз тири снайпер панҷ афсари полиси Даллас кушта ва шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Тирпаронии снайпер аз баландии як сохтмоне дар ҷараён яке аз раҳпаймоиҳои эътирозӣ рӯзи 7 июл сурат гирифт. Дар ҳоле, ки полис ҳанӯз ҳалокати ҳамлагари чорумро тасдиқ накардааст, матбуоти дохилӣ мегӯяд, ки муттаҳами чорум аз тири туфанги худаш ба ҳалокат расид.

Полис гуфт, ки ҳамлаи шаби гузашта нақшавӣ ва танзимшуда буд. Ҳамлагари чоруме, ки дар як гаражи маркази шаҳри Даллас бо полис муқовимат мекард, ба полис таҳдид кардааст, ки гӯё тамоми шаҳрро бомбгузорӣ кардааст. Ин ҳодиса яке аз пурдаҳшаттарин кушторҳои гурӯҳии полис дар таърихи ИМА мебошад.

Ҳанӯз ҳеҷ шарҳе дар заминаи сабаби тирпарониҳо дар маркази Даллас дода нашудааст. Раиси полиси Даллас Девид Браун гуфт, ки ҳамлагарон, ки баъзеашон дар баландиҳо қарор гирифта буданд, силоҳҳои худро ба самти полис равона карданд ва ҳамлаҳои онҳо ҳамоҳангшуда буд. Ба иттилои полис, тирандозиҳоро дасти кам ду снайпер анҷом додааст, ки дар мавқеи баланде камин гирифта буд.

XS
SM
MD
LG