Пайвандҳои дастрасӣ

“Далерон-Ӯротеппа”, пурмухлистарин тими футболи Тоҷикистон ба далели мушкилоти молӣ дар қаҳрамонии имсолаи футбол ширкат карда наметавонад.

Тими футболи “Далерон-Ӯротеппа” аз шаҳри Истаравшан бо ирсоли як номаи расмӣ ба Лиаи миллии футболи Тоҷикистон гуфтааст, ки ба далели мушкилоти молӣ дар мусобиқоти имсола ширкат карда наметавонад. “Далерон-Ӯротеппа” дар мусобиқоти соли 2015 дар лигаи олии футболи Тоҷикистон сазовори ҷои сеюм ва нишонҳои биринҷӣ шуда буд.

Мухлисони футбол аз майдон рафтани “Далерон-Ӯротеппа”-ро як талафоти дардовар барои футболи тоҷик мешуморанд ва мегӯянд, бо хуруҷи ин тим рақобати бе он ҳам начандон шадид дар лигаи олӣ боз ҳам камрангтар мешавад.

“Далерон-Ӯротеппа” пурмухлистарин тими футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт ва дар ҳар бозиаш дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан дастикам 5000 тамошобинро ҷамъ меовард. Ин тим ҳамин тавр, як гурӯҳи бузурги мухлисони содиқе дошт, ки барои тарафдорӣ аз “Далерон” ҳамроҳаш ба шаҳрҳои дигар сафар мекарданд.

Дар ҳукумати шаҳри Истаравшан вуҷуди мушкилоти молӣ дар таъмини фаъолияти тими футболи “Далерон-Ӯротеппа”-ро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, ки хуруҷи ин тим аз лигаи олии футболи Тоҷикистон ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст.

Парвиз Почокалонов, раҳбари бахши ҷавонон ва варзиш дар ҳукумати шаҳри Истаравшан рӯзи 25 март ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, ба зудӣ дар як маҷлиси вижаи ҳукумат масъалаи маблағгузории бошгоҳи “Далерон-Ӯротеппа” баррасӣ шавад: “Солона барои бошгоҳи “Далерон-Ӯротеппа” тақрибан 1,5 миллион сомонӣ (муодили қариб 200 ҳазор доллар) лозим аст. Имсол ҳукумати маҳаллӣ ба далели масъалаи бӯҳрон мушкилоти иқтисодӣ дорад. Аз тарафи дигар, имсол соҳибкорони маҳаллӣ, ки низ имконоти иқтисодиашон заифтар шудааст, натавонистанд дар маблағгузории бошгоҳи футболи шаҳри Истаравшан моро дастгирӣ кунанд.”

Парвиз Почокалонов афзуд, ки онҳо ҳифзи бошгоҳи футболи “Далерон-Ӯротеппа”-ро фавқулодда муҳим мешуморанд ва ҳукумати Истаравшан барои наҷоти он тамоми кореро, ки аз дасташ меояд, анҷом хоҳад дод.

Бо ин ҳол, Федеросиюни футболи Тоҷикистон мегӯяд, ки бо хуруҷи “Далерон-Ӯротеппа” дар мусобиқоти имсолаи лигаи олии футболи ин кишвар танҳо 10 бошгоҳ боқӣ мемонанд. Ба далели хуруҷи бошгоҳи Истаравшан қуръакашии бозиҳои ин мусобиқотро аз нав анҷом додаанд.

Бозиҳои даври аввали мусобиқоти имсолаи лигаи олии Тоҷикистон, ки имсол барои бори 25-ум доир мешаванд, рӯзҳои 7-10 апрел доир мешаванд.

"Равшан"-и Кӯлоб дар соли 2013

"Равшан"-и Кӯлоб дар соли 2013

"Далерон-Ӯротеппа" нахустин тими футбол нест, ки ба далели мушкилоти молӣ тарки майдон мекунад. Дар гузашта бошгоҳҳои футболе, чун қаҳрамони чандкаратаи Тоҷикистон "Варзоб"-и Душанбе, "Умед", "Орзу"-и Шаҳринав, "Шодмон"-и Ҳисор ва "Зарафшон"-и Панҷакент ба далели аз идомаи маблағгузории онҳо даст кашидани спонсорҳояшон натавонистанд ба бозӣ идома диҳанд.

"Равшан"-и Кӯлоб баъди ба даст овардани унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар соли 2010 низ ба мушкилоти молӣ дучор шуд ва танҳо бо мусоидати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва ба маблағгузории ин бошгоҳ вобаста кардани Муҳаммадзоир Соҳибов, яке аз домодҳои президент тавонист ширкаташ дар мусобиқоти футболро идома диҳад. "Равшан" низ он замон мисли "Далерон" аз пурмухлистарин тимҳои футболи Тоҷикистон ба шумор мерафт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG