Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи нави лигаи олии футболи Тоҷикистон – «Далерон -Ӯротеппа»-и Истаравшан – аз вазифааш истеъфо дод.

Вай дар ин бора 31-уми май ба дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дода, аз ҷумла чунин гуфтааст: «Ман баъди бохт ба дастаи «Хайр» (0-1) тасмим гирифтам, ки аз вазифаи сармураббии «Далерон-Ӯротеппа» истеъфо диҳам. Ин тасмими шахсии ман аст. Ба ман виҷдонам нагузошт, ки минбаъд бо бошгоҳи шаҳри Истаравшан кор кунам. Сабаби нокомии «Далерон» дар чемпионат дар чист? Пеш аз ҳама, ҳамдигарнофаҳмист, зеро ҳайати даста хеле тағйир ёфт. Бачаҳо ба мусобиқот омодагӣ надиданд, ҷамъомади таълимиву тамринӣ доир нашуд, якчанд рӯз пеш аз чемпионат ҷамъ шудем. Ман ба бозигарони даъватшуда – «ситораҳо» - умед доштам, вале баъзеи онҳо маро ноумед карданд. Маълум шуд, ки то «ситора» шудан барояшон барвақт аст. Ман ҳоло таваққуф мекунам. Агар пешниҳодҳои хуб шавад, омодаам, ки онҳоро баррасӣ намоям.»

Бояд гуфт, ки Аҳлиддин Турдиев моҳи феврали соли равон ба вазифаи сармураббии «Далерон-Ӯротеппа» таъин шуда буд. Бо раҳбарии вай «Далерон» дар чемпионати кишвар 7 бозӣ карда, 2 пирӯзӣ ба даст овардааст ва дар 3 бозӣ шикаст хӯрдааст. «Далерон» дар байни 10 даста дар ҷойи 8-ум қарор дорад.

Алишер Фозилов, раиси бошгоҳи «Далерон» дар суҳбат бо сомонаи ФФТ истеъфои Аҳлиддин Турдиевро тасдиқ намуда, афзудааст, ки Асатулло Нуруллоев, ки ба ситоди мураббиёни даста шомил буд, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии «Далерон-Ӯротеппа» таъин шудааст.

Дарвоқеъ, ин дувумин истеъфои сармураббии дастаи лигаи олии футболи Тоҷикистон дар мавсими имсола мебошад. Аз ин пеш Ғайраталӣ Мираҳмадов, сармураббии қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон – «Равшан»-и Кӯлоб – баъди бохти дастааш дар даври 7-уми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзи 29-уми май дар майдони худ аз тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-3 аз вазифааш истеъфо дод. «Далерон-Ӯротеппа» ба мисли «Равшан» аз сермухлистарин дастаҳои футболи кишвар ба шумор меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG