Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Apple бунёди мошинҳои беронандаро сармоягузорӣ мекунад


Ширкати Apple барои аввалин бор эътироф кард, ки таҳияи мошинҳои бесарнишинро сармоягузорӣ мекунад. Ин ширкат дар номае ба Идораи миллии бехатарӣ дар шоҳроҳҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтааст, "ба потенсиали сохтори автоматӣ дар бисёр соҳаро бо шумули нақлиёт бовар дорад". Apple, инчунин, ишора кардааст, ки воситаҳои нақлиёти худгард бартариҳои чашмгири иҷтимоӣ доранд, ки акнун бояд дарк шаванд.

XS
SM
MD
LG