Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси рушди тиҷорат дар нишасти сарони D-8 дар Исломобод


Сарони ҳашт кишвари бузурги мусалмонӣ дар мавриди таҳкими ҳамкорӣ ва равобити иқтисодӣ тавофуқ бастанд.

Рӯзи панҷшанбе дар пойтахти Покистон шаҳри Исломобод раҳбарони ҳашт кишвари исломӣ таҳкими ҳамкориҳоро баҳс намуданд. Гурӯҳи “Д8”, яъне “Developing 8”, дар соли 1997 барои таҳкими равобити иқтисодӣ миёни ҳашт кишвари мусaлмон таъсис ёфтааст

То охирин лаҳза интизор мерафт, раисиҷумҳури Миср Муҳаммад Мурсӣ дар ин ҳамоиш ширкат хоҳад кард. Аммо чанд соат пеш аз оғози нишаст маълум шуд, ки Мурсӣ аз сафар ба Покистон даст кашидааст, то рӯи иҷрои оташбас миёни Исроилу фаластиниҳо тамаркуз кунад. Ба ҷои Мурсӣ ноибаш Маҳмуд Меккӣ вориди Исломобод шудааст.

Дар нишасти Исломобод президентҳои Эрон, Индонезия, Нигерия ва Покистон ҳамроҳ бо раҳбарони Малайзияву Бангладеш ва сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳузур доранд.
Ҳамоишро президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ифтитоҳ намуд ва орзуҳои ин нишастро ном бурд:

"Мардуми Покистон китф ба китф бо бародарону хоҳаронаш аз кишварҳои Д8 ҷӯёи демократия, сулҳ ва шукуфоист ва ин ҳадафҳои муштарак танҳо бо талошҳои муштарак дастрас хоҳанд шуд ва мо ин талошҳоро хоҳем кард."


Нигерия ва Индонезия ба ин нишаст раисони ҷумҳури худро фиристоданд ва Бангладешу Малейзияро раҳбарони зинаҳои поёнӣ намояндагӣ карданд.Аммо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон нахуствазири Туркия, ки дар Ховари Миёна нақши муҳим доранд, дар ин нишаст ширкат доштанд.

Ҳадафи нишасти сарони ин ҳашт кишвари исломӣ, ки бо номи D-8 ёд мешавад, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзоиши сармоягузорӣ миёни ин кишварҳо мебошад.

Созмони D-8 ҳашт кишвари рӯ ба инкишофи исломӣ - Покистону Эрон, Индонезияву Малайзия, Бангладешу Туркия ва Мисру Нигерияро муттаҳид мекунад ва соли 1997 таъсис ёфтааст. Ҷамъи аҳолии ин 8 кишвар 1 миллиард нафар мебошад.

Дар ҳоли ҳозир ҳаҷми мубодилоти тиҷорати миёни ин кишварҳо ҳудуди 139 миллиард доллар дар сол буда, аз муҳимтарин аҳдофи ин нишаст, афзоиши ҳаҷми тиҷорат то соли 2018 ба 507 миллиард доллар дар сол мебошад.

Ҳамоиш инчунин дар ҳоле ҷараён мегирад, ки шаҳрҳои бузурги Покистон бо хушунатҳои байнимазҳабӣ рӯбарӯянд. Аз ҷумла шаҳри Равалпиндӣ, ки аз ҷойи баргузории ҳамоиши сарон чандон дур нест.
XS
SM
MD
LG