Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони чех: “Мо мехоҳем исломро биомӯзем”


Шаби фарҳанги баайналмилалӣ дар яке аз мактабҳои Прага
Шаби фарҳанги баайналмилалӣ дар яке аз мактабҳои Прага

Вазорати маорифи Чехия дар бораи дарсҳои ройгон оид ба ислом дар мактабҳои кишвар тасмим гирифтааст.

Ба навиштаи расонаҳои чопи Прага, ҳадафи тарҳи “Аз нигоҳи мактабиён” - аз байн бурдани “афкори шахшудаи ҷомеъаи аврупоӣ дар бораи яке аз бузугтарин динҳои олам” аст. Рӯзномаи Lidové noviny навиштааст, ки аз ин тарҳ шогирдони мактабҳо дар бораи моҳияти ҷиҳод, фарқ миёни ҳиҷобу фаранҷӣ, ҳамчунин дар бораи анъанаву маросим ва тарзи зисти мардуми мусалмон иттилоъ дарёфт хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки дар Ҷумҳурии Чех теъдоди на он қадар бузурги мусалмонҳо ба сар мебарад, вале дар ахбори расонаҳои кишвар ислом аксар вақт дар сархат қарор дорад. Бар пояи назарсанҷие, ки муаллифони тарҳи “Аз нигоҳи кӯдакон” соли 2013 доир намуданд, бештари сокинони Чехия дар бораи ислому мусалмонҳо иттилои андак доранд ва аз ин рӯ барои арзёбии ахборе, ки расонаҳо дар бораи ин дин ва пайравонаш пахш мекунанд, оҷизӣ мекашанд.

Шодӣ Шон, ҳамоҳангсози тарҳи “Аз нигоҳи мактабиён” ба Lidové noviny гуфтааст, ки омӯзгорон дар дарсҳо ба масоили ислом таваҷҷуҳи кофӣ намекунанд, дар ҳоле, ки толибилмон мехоҳанд дар бораи ин дин иттилои бештар дошта бошанд.

Ҷолиб он нукта аст, ки ба дини ислом асосан толибилмони мактабҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд, гуфтааст ба сомонаи интернетии Muslimove.cz яке аз муаллифони тарҳ Клара Поповова. Ба гуфтаи ӯ, “бештари толибилмон гуфтанд, ки мехоҳанд дар бораи ислом бештар иттилоъ дарёфт кунанд. Онҳо мефаҳманд, ки ахбори расонаҳои чопи кишвар, аксар вақт интиқодӣ ва ғайривоқеъист”.

Ба гуфтаи ӯ, ибтикори доир кардани дарсҳои ройгон дар бораи ислом аллакай ба вокуниши манфиии гурӯҳҳои нажодпараст мувоҷеҳ шудааст. Гурӯҳи мавсум ба “Мо дар Ҷумҳурии Чех исломро намехоҳем” аллакай ба муаллифони тарҳ номаҳои таҳдидомез фиристода, талаб кардааст, ки “ тарғиби дини ислом дар мактабҳо”-ро қатъ кунанд. “Аммо ҳадафи мо тарғибу ташвиқи дин нест, мо фақат мехоҳем, он афкори шахшудае, ки расонаҳо пахш мекунанд, аз тариқи баҳсу мунозира аз байн бурда шавад. Яъне тарҳи мо на фақат дар бораи ислом аст, мо мехоҳем, ки толибилмон муносибати интиқодӣ ба навиштаҳои расонаҳоро ёд бигиранд”, гуфтааст хонум Клара Поповова.

Ба ҷуз вазорати маориф, аз ин тарҳ созмони байниҳукуматии “Бунёди Анна Линд», Китобхонаи шаҳрии Прага, дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Ҷумҳурии Чех ва сафорати ИМА дар Прага ҳимоят кардаанд.

Зимнан, Ҷумҳурии Чех аз он кишварҳои ангуштшумори Аврупоист, ки дар қаламраваш ягон масҷид нест ва маросимҳои мазҳабӣ фақат дар марказҳои фарҳангии мусалмонҳо баргузор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, бар пояи як пажуҳиши созмони амрикоии Pew Research Center, бештари низоъҳои динӣ дар кишварҳое рӯй медиҳанд, ки рангорангии мазҳабӣ мавҷуд нест. Дар гузориши ин ниҳод, ки рзи сешанбе, 8 апрел, нашр шуд, Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Сомалӣ ва Исроил дар сархати кишварҳое қарор доранд, ки рангорангии мазҳабӣ зиёд нест ва аз ин рӯ хушунати мазҳабӣ, ҳамлаҳои террористӣ, маҷбурсозӣ барои пазируфтани дини дигар, нақзи ҳуқуқҳои аққалиятҳои динӣ ва тарс додани онҳо фаровон мушоҳида мешавад.

Фақат дар ҳамагӣ чанд кишвари орӣ аз рангорангии мазҳабӣ – Ватикан, Марокаш ва Токелау сатҳи низоъҳо баланд нест.Муаллифони пажуҳиши Pew Research Center гуфтаанд, рангорангии аз ҳама зиёди мазҳабӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ба назар мерасад, ки он ҷо теъдоди бузурги мусалмонҳо, ҳиндувон, буддоиҳо ва атеистҳо ба сар мебаранд. Дар Канада ва Австралия ҳам сатҳи болои рангорангии мазҳабӣ ва саҳти хело пойини душманӣ сабт шудааст. Вале дар Чин, ҳарчанд он ҷо рангорангии мазҳабӣ дар сати боло қарор дорад, бештари низоъҳо дар пояи адовати мазҳабӣ рӯй медиҳанд.

Дар ИМА ва кишварҳои Аврупо, ки сатҳи миёни рангорангии мазҳабӣ сабт шудааст, сатҳи адовати мазҳабӣ ҳам миёна аст. Гуфта мешавад, ки дар пажуҳиш низоъҳои байни мазҳабҳои як дин, аз ҷумла, миёни сунниҳову шиаҳо дар кишварҳои мусалмонӣ ва протестантҳову католикҳо дар кишварҳои масеҳӣ сарфи назар шудаанд.
XS
SM
MD
LG