Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Чехҳо саратонро дар Тоҷикистон табобат мекунанд. ВИДЕО


Акси рентгени синаи сиҳҳат (аз чап) ва гирифтори саратон (аз рост)

Акси рентгени синаи сиҳҳат (аз чап) ва гирифтори саратон (аз рост)

Мутахассисони чех изҳори омодагӣ карданд, ки дар Тоҷикистон маркази протонии мубориза бо саратонро дар миёни кӯдакону калонсолон таъсис диҳанд.

Мутахассисони чех изҳори омодагӣ карданд, ки дар Тоҷикистон маркази протонии мубориза бо саратонро дар миёни кӯдакону калонсолон таъсис диҳанд. Мувофиқати ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина дар ҷараёни сафари президенти Ҷумҳурии Чех Милош Земан ба Душанбе охири ноябри соли 2014 ҳосил шудааст. Яке аз бахшҳои Созишномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тандурустии миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чехия – ташкили Маркази протонии мубориза бо саратон аст, ки аз ҷониби мутахассисони Маркази протонии Ҷумҳурии Чех пешниҳод шудааст.

Ин маркази номдори мубориза бо саратон дар шаҳри Прага яке аз муваффақтарин бунгоҳҳои ташхис ва муолиҷаи ин маризии хатарнок дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо бо методи протонии табобати нурӣ варами саратонро нобуд мекунад. Мутахассисон мегӯянд, ки чунин як марказ бояд дар ҷамъияти дорои 10 миллион аҳолӣ ташкил шавад ва Тоҷикистон, ки соҳиби чунин як маркази протонӣ нест, ҳоло барои чунин як бунгоҳе эҳтиёҷ пайдо кардааст. Харҷи ташкили чунин марказ ҳудудан 250 ҳазор евроро талаб мекунад ва маблағи онро бояд ҳукумати Тоҷикистон пардохт кунад.

Дар сӯҳбати видеоӣ бо радиои Озодӣ раҳбари Маркази протонии Ҷумҳурии Чех Ива Татюнова шароити кори ин марказро шарҳ дод:

Дар Тоҷикистон, тибқи омори соли 2008-и Вазорати беҳдошт, 9634 нафар гирифтори саратон ба қайд гирифта шудаанд. Аз миёни онҳо 3900 нафар мард ва 5734 нафар зан мебошанд. Ҳамон сол сатҳи гирифторӣ ба саратон ба ҳар 100 ҳазор нафар 135,5 нафарро ташкил додааст. Соли 2009 суръати гирифторӣ ба саратон дар Тоҷикистон 11 дар сад афзоиш ёфтааст. Маъмултарин навъҳои саратон дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон саратони бачадон буда, дар навбати баъдӣ саратони пӯст, меъда ва шуш қарор доранд. Синни аксар гирифторони саратон 45-65-сола будааст.

Ива Татюнова, раҳбари Маркази протонии Ҷумҳурии Чех мегӯяд, дар миёни гирифторони саратон шумори зиёди мардон ҳам мебошанд, ки гирифтори саратони простата мешаванд. Маъмулан, баъди 45-солагӣ синни хатарнок барои мардон арзёбӣ шуда, машварат мешавад, ки ҳар сари чанд аз ташхиси табибон гузаранд. "Дар 97 дар сади ҳолатҳо муштариёни маркази мо, ки бо саратони простата муроҷиат мекунанд, аз ин дард комилан шифо ёфта, ба ҳаёти хушбахти худ бармегарданд. Таъсиси чунин як марказ дар Тоҷикистон, бовар дорем, ба фоидаи хонаводаҳои хеле зиёд мешавад, чунки ин беморӣ дар тамоми ҷаҳон дар ҳоли тавсеа мебошад", таъкид кард ӯ.

Мутахассисон мегӯянд, муолиҷаи саратон бахусус дар марҳилаҳои аввали гирифторӣ ба ин беморӣ хеле муҳим аст, вале дар Тоҷикистон на ҳама фарҳанги муроҷиати саривақтӣ ба духтур ва муоинаи тадриҷиро доранд. Дар Маркази протонии Ҷумҳури Чех мегӯянд, дар сурати ташкил шудани чунин як бунгоҳе дар Душанбе, расидагӣ ба беморони зиёде осон ва айни замон, камхарҷтар назар ба сафари онҳо ба хориҷа мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG