Пайвандҳои дастрасӣ

Пас аз эътирози як ширкати покистонӣ дастаи миллии регбии Ҷумҳурии Чех аз рамз ё логои худ даст кашид ва онро бо ибораи «Регбии Чех» иваз намуд.

Моҷаро замоне сар зад, ки кормандони ширкати покистонӣ рамзи дастаи миллии регбии Ҷумҳурии Чехро диданд ва аз дӯхтани сарулибоси ин даста худдорӣ карданд. Либос ва дигар ороиши дастаро ба нассоҷон ва дӯзандагони покистонӣ ширкати «Адидас» супориш дода буд.

Кашокаше монанди бозии регбӣ байни Иттиҳоди регбии Ҷумҳурии Чех ва ширкати покистонӣ сар шуд, зеро дӯзандагон фармоишгарро ба он айбдор карданд, ки бо калимаи «Оллоҳ» беэҳтиромӣ зоҳир намудааст.

Дастаи миллии регбии Чехия мехост, шерро, ки яке аз рамзҳои миллии ин кишвар аст, дар логои худ ҷой диҳад, аммо дар тарҳе, ки ин иттиҳоди варзишии Чехия омода кардааст, думи шер ба навишти арабии вожаи «Аллоҳ» монанд шудааст. Ду дум доштани шер ё тақсим шудани ин дум дар ҷои пупаки охираш онро ҳарчӣ бештар шабеҳи калимаи «Аллоҳ» мекунад. Монандии ин ду замоне бештар ба назар мерасад, агар ҳардуро канори ҳам гузошт:

Муқоисаи қисмате аз рамз бо калимаи "Аллоҳ"

Муқоисаи қисмате аз рамз бо калимаи "Аллоҳ"

Мартин Харват аз ширкати «Konektor PR», ки тарҳро омода кардааст , мегӯяд, «ин рамзро пеш аз тасдиқ шуданаш даҳҳо ҳазор коршинос аз саросари ҷаҳон дидаанд ва ба он баҳои мусбат додаанд.» Ин акси дигар мебоист рӯйи тӯбҳои регбӣ дӯхта мешуд:

Маълум нест, ин кор қасдан шудааст ё тасодуфе беш нест, вале аксарият бар инанд, ки дар пасманзари танзҳои паёмбари ислом дар маҷаллаи фаронсавии «Шарлӣ Эбдо» касе намехоҳад, мушкили наверо ба миён орад.

Исломшиноси чех Одило Стампах мегӯяд, норозигии покистониҳо дуруст аст ва ҳарчанд ин як тасодуф ҳам бошаду вокуниш ба он зиёдаравона, бояд эҳсосоти одамон ба ҳисоб гирифта шавад.

Муниб Ҳасан Алравӣ, раҳбари Иттиҳоди созмонҳои мусулмони Ҷумҳурии Чех аз эътирози покистониҳо ҳимоят кард. Вай мегӯяд, онҳо ҳақ доштанд, ки аз иҷрои ин супориш даст кашанд ва манзурашон ин аст, ки каси дигаре онро ба анҷом расонад.

Навишти арабии вожаи «Оллоҳ» ё «Аллоҳ» барои мусулмонон муқаддас аст ва гоҳе дар ғояти ишқ ба худованд ё аз фарти хурофот онҳо овозаҳоеро дар бораи зода шудани гӯсфанде бо ин калима дар танаш ё дар осмон ба ин шакл омадани абрҳоро мӯъҷизаи Оллоҳ мешуморанд.

Пас аз баррасии ин ҳолат Иттиҳоди регбии Ҷумҳурии Чех ба хулосае омад, ки аз рамзи худ даст кашад. Дабир кулли ин созмон Павел Мисак мегӯяд, тасмим гирифта шуд, ки ба ҷои шер рӯйи либос ва тӯбҳо ду калима – «Регбии Чех» сабт шавад.

Вай гуфт, тарҳи нав «амалитар» аст ва ҳама гуна баҳсҳоро аз байн мебарад. Ширкати покистонӣ ҳам зудтар аз пайи иҷрои супориши «Адидас» мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG