Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Милош Земан Ислом Каримовро ба Прага даъват накардаст


Ислом Каримов

Ислом Каримов

Сухангӯи раисиҷумҳури Чехия мегӯяд, боздиди раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ба Прага бо даъвати раҳбари собиқи Ҷумҳурии Чех Васлав Клаус сурат мегирад, на бо даъвати раисиҷумҳури кунуниаш Милош Земан.

Боздиди қарибулвуқӯъи раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз ҷумҳурии Чех, ки қарор аст, рӯзҳои 21-23 феврали соли равон сурат бигирад, ба мавҷи эътирозҳои бавижа гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дучор шуд. Ҳомиёни ҳуқуқ аз раисиҷумҳури Чехия Милош Земан хостаанд, аз даъвати ҳокими худкомаи кишваре бо чунин як собиқаи бади ҳуқуқи башар худдорӣ кунад.

Иржӣ Овчачек, сухангӯи Милош Земан дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ дар посух ба ин интиқодҳо гуфт, “даъвати Ислом Каримов барои боздид аз Ҷумҳурии Чех ҳанӯз дар овони дар курсии раёсати ин ҷумҳурӣ нишастани Васлав Клаус ироа шудааст ва Милош Земан ба ҳайси раисиҷумҳур мулзам аст, то ба хотири мурооти расмиёти дипломатӣ ӯро ба ҳузур бипазирад.”

Human Rights Watch(HRW), ё Дидбони ҳуқуқи башар, яке аз гурӯҳҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқи инсон, дар ҳафтаи гузашта аз раисиҷумҳури кунунии Чехия Милош Земан хост, ки то замоне ки Узбакистон вазъи ҳуқуқи башарашро беҳтар накунад, даъвати Ислом Каримов ба Прагаро ба таъхир гузорад.

Ин созмон ҳамин тавр, бо таъкид ба инки ҳуқуқи башар ва демократия аз арзишҳои аслии қабулшуда дар қораи Аврупост, аз раҳбари Чехия хостааст, то дар музокирот бо Узбакистон ин масъалаҳоро ҳатман матраҳ кунад. Яъне ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҳар навъ мулоқоту музокира бо мақомоти Тошканд ҳатман бар пояи шартҳои муайяне дар заминаи масоили ҳуқуқи башар ва озодиҳои демократӣ бошад.

Прага

Прага

Аммо Иржӣ Овчачек ба Радиои Озодӣ гуфт, мавзӯъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон дар машваратҳои алоҳида дар чорчӯби вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Чех баррасӣ мешавад, вале дар дидори Земан бо Каримов баҳси ин мавзӯъ дар назар дошта нашудааст. Иржӣ Овчачек дар бораи рӯзномаи дидори сарони Чехияву Узбакистон гуфт: “Ҷонибҳо мавзӯъи таҳсили донишҷӯён аз Узбакистон дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Чех ва ҳам содатар кардани низоми раводид байни ин ду кишварро баррасӣ мекунанд. Узбакистон ҳамин тавр, барои мо кишварест, ки бо терроризми байналмилалӣ мубориза мебарад.”

Боздиди рӯзҳои 21-23 феврали Ислом Каримов аз Ҷумҳурии Чех дувумин сафари ӯ аз ин кишвари Аврупост. Каримов бори аввал ҳанӯз 17 сол қабл, дар январи соли 1997 аз Прага боздид карда буд.

Равобити ду кишвар дар оғози солҳои 2000-ум муддате ба сардӣ гароид, зеро дар соли 2001 мақомоти Чехия Муҳаммад Солеҳ, як раҳбари мухолифини узбакро бо дастури Интерпол дар фурудгоҳи Прага дастгир карданд, вале ба далоили сиёсӣ аз истирдоди ӯ ба Тошканд худдорӣ варзиданд. Болои ин, раисиҷумҳури вақти Чехия Васлав Ҳавел Муҳаммад Солеҳро баъди раҳоияш аз боздошт шахсан ба ҳузур пазируфт, ки ин мояи қаҳру хашми сахти Тошканд шуд.

Табодули молу коло байни Узбакистону Чехия чандон зиёд нест ва дар соли 2012 ҳудудан 87 миллион долларро ташкил дод. Ҳаҷми тиҷорати ду кишвар танҳо дар 9 моҳи аввали соли 2013 ба 78 миллион доллар расид ва гуфта мешавад, дар Узбакистон ҳудуди 20 корхона бо ширкати сармояи Чехия амал мекунанд.

Аммо Ҷумҳурии Чех дар ҳоли ҳозир яке аз самтҳои муҳоҷирати кории мардуми Узбакистон ба шумор меравад. Шумори муҳоҷирони узбакеро, ки дар ҷустуҷӯи ризқу рӯзӣ ҳар сол ба Чехия меоянд, манобеъи мухталиф аз 2 то 5000 нафар мешумуранд, вале мегӯянд, дар пайи шадидтарин шудани тартиби дарёфти раводиди Чехия, ки узви минтақаи Шенген аст, шумори онҳо дар дастикам ду соли охир хеле коҳиш ёфтааст.

Ислом Каримови 76-сола, ки аз соли 1989, инак 25 сол боз бо панҷаҳои оҳанин бар Узбакистон ҳукумат меронад, маъмулан зиёд сафари хориҷӣ намекунад. Сафарҳои ӯ ба хориҷ ҳам маъмулан бо паҳнои Шӯравии собиқ ва Чин маҳдуд шуда, хусусан баъди саркӯби хунини ошӯби Андиҷон дар соли 2005 ва ҷорӣ шудани таҳримот аз сӯи Ғарб алайҳи Тошканд хеле кам иттифоқ меуфтад, ки Каримов ба Аврупо сафар кунад. Бори охир Ислом Каримов дар моҳи октябри соли 2013 ба Латвия, ки низ узви Иттиҳоди Аврупо ва минтақаи Шенген аст, сафари расмӣ анҷом дода буд.
XS
SM
MD
LG