Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷумҳурии Чех: “Секунҷаи ишқ” ё бӯҳрони сиёсӣ?


Рӯзҳои сахти Петр Нечас

Рӯзҳои сахти Петр Нечас

Шоми якшанбе нахуствазири Ҷумҳурии Чех Петр Нечас изҳор дошт, ки аз мақоми худ канор меравад.

Ин тасмим ба думболи ҷаласаи ҳизби шаҳрвандии демократӣ гирифта шуд, ки ҷаноби Нечас то ҳол раҳбарии онро бар дӯш дорад ва дар ин нишаст натавонист пуштибонии аксариятро ба даст биёрад.

Аризаи расмии истеъфои нахуствазир шоми имрӯз ба дасти президенти Ҷумҳурии Чех Милош Земан мерасад. Ҷанҷоли бенамуна бо иттиҳомоти фасодкорӣ айлайҳи кормандони ҳалқаи кормандони нахуствазир истеъфои ӯро ногузир кард.


Яна Нагёва баъди боздошт

Яна Нагёва баъди боздошт

7 нафар аз сиёсатмадорон ва мақомоти баландпояи ин кишвар ба думболи як амалиёти вежаи пулиси Чех аз рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар боздошт қарор доранд. Яке аз онҳо собиқ раҳбари маъмурияти нахуствазир Яна Нагёва мебошад, ки ба назар мерасад равобити ӯ бо нахуствазир фаротар аз доираи корӣ будааст. Хонум Нагёва ба сӯъиистифода аз мақом муттаҳам шудааст. Бино бар маълумоти гурӯҳи тафтишотӣ, хонум Нагёва бо истифода аз ду афсари шиносаш дар хадамоти истихбороти Ҷумҳурии Чех аз паси ҳамсари нахуствазир Радка Нечасова назорати ғайриқонуниро ба роҳ мондааст.

Ҳамчунин, ба гуфтаи пулис, собиқ раҳбари дастгоҳи нахуствазир дар ду қазияи марбут ба фасодкорӣ низ даст доштааст, ки ҳамроҳ бо қазияи “ҷосусӣ” аз паси зани нахуствазир бозҷӯӣ мешаванд. Гуфта мешавад, ки дар қазияи фасод собиқ вазири кишоварзӣ ва ду намояндаи бонуфузи парлумон низ даст доштаанд.

Бо он ки пулис бо ишора ба анҷом наёфтани парванда аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунад, аммо маълум шудааст, ки гап сари порагирӣ ба ивази лоббигарӣ дар тарҳҳои бузурги давлатӣ буда, ҳизби дар парлумон решадавондаи Нечас дар “харидан”-и депутатҳо таҷрибаи ғанӣ андӯхтааст. Ҳоло маълум нест, ки оё худи нахуствазир аз ин корҳо хабар дошт ва ба ин қазияҳо ҷалб мешавад ё не?

Петр Нечас, ки дар оғоз аз истеъфо сарпечӣ мекард, ҳоло мегӯяд, қазия он тавре нест, ки тафтишот ва матбуот пешниҳод мекунанд. Ӯ мавқеъи худро шарҳ надодааст, аммо гуфтааст, баъди истеъфояш фарзияи худро, ки ба поёни карйераи сиёсиаш сабаб шудааст, ба ҷомеъа ошкор хоҳад кард. Аммо ӯ дар аризаи истеъфои худ барои нахустин бор эътироф кард, ки “зиндагии хусусияш” ба бурузи мушкилоти сиёсӣ роҳ кушод.

Як нукта ҷолиб аст, ки як рӯз пеш аз амалиёти пулис ва боздошт, Яна Нагёва расман эълон кард, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст.


Милош Земан

Милош Земан

Таҳлилгарони сиёсӣ дар Ҷумҳурии Чех мегӯянд, ин ҷанҷол паёмади “вазнин” хоҳад дошт. Эътилофи се ҳизби росту марказгаро аз ҳоло ба раисҷумҳур Милош Земан номзад ба мақоми нахуствазирро пешниҳод кардаанд, то ҳукумат битавонад фаъолияташро идома диҳад. Аммо мухолифини чапгаро бо ишора ба бузургии масъала ва бадном шудани калонтарин ҳизби эътилоф талаб доранд, ки интихоботи пеш аз вақт гузаронида шавад.

Дар ин байн, коршиносон мегӯяд, ки ҳолати ба амал омада, мавқеъи раисиҷумҳурро мустаҳкам мекунад. Ин дар ҳолест, ки тибқи Қонуни асосии ин кишвар, президент аз салоҳиятҳои маҳдуде бархӯрдор аст.

Ҳоло аз Милош Земан бастагӣ дорад, ки оё эътилофи феълии ҳоким боқӣ бимонад ва ё интихоботи пеш аз вақт баргузор шавад. Роҳи сеюм низ вуҷуд дорад - таъсиси “ҳукумати муваққатии технократҳо”, ки то як сол кишварро идора кунад ва баъдан интихобот гузаронида шавад. Бо он ки президент Земан чапгаро ҳисоб мешавад, бо ҳеҷ як ҳизби палумонӣ робита надорад ва бозии сиёсии худро пеш мебарад.

Самти ҳаракати буҳрони феълӣ дар Ҷумҳурии Чех то мулоқоту машваратҳои Земан бо сиёсатмадорони саршиноси кишвар рӯшан нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG