Пайвандҳои дастрасӣ

Каппаи олигархҳо дар Қибрис дуд кард?


Greece -- Tho logo of the Bank of Cyprus is seen at one of its branches in Athens, 17Mar2013

Greece -- Tho logo of the Bank of Cyprus is seen at one of its branches in Athens, 17Mar2013

Қарор аст имрӯз порлумони Қибрис барномаи наҷоти молии Иттиҳодияи Аврупо барои ин ҷазираро ба овоз гузорад.

Тибқи ин барнома ҳар касе, ки дар бонкҳои ин кишвар то 100 ҳазор евро пул дорад, бояд 6,75 дарсад андоз супорад, ки он 6750 евро хоҳад буд. Вале агар маблағи бонкии шахсе ё сармоягузоре дар бонкҳои Қибрис бештар аз 100 ҳазор евро бошад, дар он сурат 9,9 дарсад андоз пардохт мекунад, ки он 10 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия чунин пешниҳод ба сармоягузорони бонкиро “ғайриодилона, ғайрикасбӣ ва хатарнок”арзёбӣ кард. Путин дар ҳоле аз ин иқдом изҳори норозигӣ кард, ки то поёни соли гузашта бонкҳо ва ширкатҳои Русия дар бонкҳои Қибрис бештар аз 30 миллиард доллар пул доштаанд. Дар ин бора ожонси арзиши пули Русия хабар додааст.

Путин рӯзи душанбе дар ҷаласаи вижаи изтирорӣ бо раҳбарияти дафтари раёсати ҷумҳурӣ ва мушовирону ёварони онҳо, ки машғули омӯзиши масоили иқтисодӣ мебошанд, вазъ дар Қибриси ба қарз ғутаварро баррасӣ кард.
Агар порламони Қибрис имрӯз ба ҷонибдорӣ аз ин пешниҳод рай диҳад, қарори порламон на танҳо ба шаҳрвандони худи Қибрис, балки ба бонкҳову ширкатҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ низ дахл хоҳад дошт.

Аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷуз аз Русия баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Шӯравии пешин низ дар бонкҳои Қибрис пул гузошта бошанд, зеро қонунҳои бонкии ин кишвар барои нигаҳдории пул муносиб буд. Путин аз аввалин раҳбаронест, ки нигаронии худро аз сарнавишти ояндаи сармояҳои Русия оҷилан изҳор дошт, дар ҳоле, ки кишварҳои дигар хамӯширо ихтиёр кардаанд. Эҳтимолан хамӯшии баъзе кишварҳо бештар ба он иртибот дорад, ки пулҳои гузоштаи онҳо шояд аз роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст омадааст.

Барномаи наҷоти моли Қибрисро Иттиҳодияи Аврупо пешниҳод кардааст ва агар ин пешниҳод қабул ва иҷро шавад, дар он сурат ҳукумати Қибрис соҳиби 10 миллиард еврои иловагӣ мешавад ва ин маблағ барои дубора сармоягузорӣ кардани бонкҳо ёрӣ мерсонад. Коршиносон мегӯянд, дар сурати иҷрои ин барномаи молӣ Қибрис муфлис нахоҳад шуд ва аз қаламрави истифодаи пули евро нахоҳад баромад.

Бино ба ҳисобҳои тахминӣ, ба маблағи андозҳо нисбат ба маблағи андозҳои маъмулие, ки ҳоло ҳаст, 5,8 миллиард еврои дигар изофа мешавад.
Никос Анастасиадес-раиси ҷумҳури Қибрис рӯзи якшанбе аз ин барнома ҳимоят кард ва онро “охирин роҳи дардовар” барои пешгирӣ аз муфлисӣ ва тарк накардани қаламрави евро номид.Вале ин пешниҳод баъзе аз шаҳрвандони Қибрисро ба ғазаб овардааст ва онҳо онро дуздии қонунӣ ном мебаранд.

Рӯзи душанбе дар Қибрис рӯзи таътили бонкҳо буд ва акнун бими он меравад, ки баробари боз шудани бонкҳо бисёриҳо пулҳои худро аз бонкҳо мегиранд.
Шаҳрвандони Британия, ки дар Қибрис ба сар мебаранд, ҳукумати Қибрисро муттаҳам кардаанд, ки бо ин роҳ пулҳои онҳоро медуздад. Баъзеи онҳо мегӯянд, ки рӯзи сешанбе ҳамаи пулҳои худро аз бонкҳо мегиранд. Як марди бритониёӣ дар Ларнака мегӯяд, “дар ҳар ҷое, ки пул дошта бошӣ, намехоҳӣ, ки 6,5 дарсади онро касе бигирад. Ба назари ман , ин дар ҳар шакле дуздии қонунии пули ман аст”.

Аммо Анастасиадес-раиси ҷумҳур гуфт, онҳо саъй хоҳанд кард, то зарари молии амонатгузорон камтар шавад. Ба ин хотир дар оянда ба онҳо аз ҳисоби даромади газ саҳмияҳо медиҳанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG