Пайвандҳои дастрасӣ

24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон веломарафон ё пойгаи дучархасаворӣ баргузор шуд.

Дилшод Қурбонов, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, «дар пойгае, ки ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд, 120 нафар (ҳам дӯстдорони дучархасаворӣ ва ҳам варзишгарони касбӣ) ширкат карданд. Веломарафон субҳи шанбе аз майдони “Дӯстӣ”, аз назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ шурӯъ шуда, бо хатсайри хиёбони Рӯдакӣ – хиёбони Саъдии Шерозӣ - хиёбони Ҳофизи Шерозӣ – кӯчаи Карамов то постгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии «Чорбоғ» идома кард. Самти бозгашт — корхонаи “Тоҷиксемент” - хиёбони Рӯдакӣ - майдони “Дӯстӣ” буд. Иштирокдорони веломарафон, ки синнашон аз 16-сола боло буд, масофаи 30 километрро тай карданд. Кумитаи тадорукоти веломарафон ғолибони пойгаро дар гурӯҳҳо мувофиқи синну солашон ва боз даҳ нафар беҳтаринҳоро бо тӯҳфаҳо сарфароз гардонд. Инчунин бонуе, ки дар ин пойга натиҷаи баланд нишон дод, соҳиби ҷоиза шуд.»

Ҷаноби Қурбонов афзуд, Муҳаммадсаид Шарифов (ноҳияи Сино), Парвиз Умаров (ноҳияи Исмоили Сомонӣ) ва Мирзоаҳмад Зардаков (ноҳияи Шоҳмансур) дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар миёни занон Катерина Батиршина, варзишгари ҳирфаӣ, ғолиб шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG