Пайвандҳои дастрасӣ

Бо иқдоми Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва дастгирии шаҳрдорӣ дар кӯчаи Шотемури маркази Душанбе аввалин пайроҳаи махсус барои велосипедронон сохта шудааст.

Ба иттилои мақомоти шаҳрдорӣ, бо пешниҳоди шӯъбаи экологияи Душанбе дар пойтахти кишвар сохтмони пайроҳаи махсуси велесипедронӣ дар баъзе аз кӯчаю хиёбонҳо дар назар аст. Велосипедронӣ ё дучархасаворӣ дар бисёр кишварҳои дунё хеле маъмул аст ва ба чунин навъи нақлиёт мардум таваҷҷӯҳи зиёд доранд, зеро он барои мустаҳкам шудани саломатӣ мусоидат мекунад. Инчунин дучарха, ки аз ҷиҳати экологӣ назар ба доштани мошини хусусӣ арзонтару камхарҷтар аст, ва вобастагии инсонро аз нақлиёти мусофирбар ҳам аз байн мебарад.

Бинобар ин дар бисёр кишварҳои олам, ба мисли Чин, Амрикову Аврупо, Ҳиндустону Вйетнам ва ғайра барои велосипедсаворон пайроҳаҳои махсус бунёд кардаанд. Дар замони шӯравӣ нахустин иқдоми сохтмони пайроҳаҳо барои велосипедронон аз ҷониби Гулҷаҳон Бобосодиқова, собиқ котиби Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пас аз сафари ӯ ба Вйетнам ба миён омада буд, вале он амалӣ нашуд.

Ду сол пеш Бег Зуҳуров, собиқ муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон аз
кормандони ин вазоратхона даъват карда буд, ки мошинро бо велосипед табдил диҳанд ва ҳамин тавр ба ҷои кори худ ҳам бо дучарха бирасанд. Вале ин иқдом низ дастгирӣ наёфт. Ва имрӯз дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе одамони дучархасавор қариб ба чашм намерасанд.


Роҳи дучархасаворон дар яке аз хиёбонҳои Канада

Роҳи дучархасаворон дар яке аз хиёбонҳои Канада



  • - Велосипедсаворӣ ҳам як фарҳанг аст, - мегӯяд як сокини Душанбе Нилуфар, ки зиёд сайру саёҳат мекунад. – Вақте як хонуми олмонӣ дар хиёбони сермошини Мюнҳен савори дучарха меравад ва дар дохили бағоҷи дучархааш як гулдастаро мебинӣ, чашмат ҳаловат мебарад. Аслан, касе аз ронандаҳои мошинҳои сабукрав ба ӯ кор надорад, ӯ аз роҳи худ ҳаракат мекунад. Дар Ҷумҳурии Чех ман дидам, ки рӯзҳои истироҳат оилавӣ – падар, модар ва писар, бо либоси махсус велосиперонӣ мераванд. Онҳо дар бораи саломативу тамрини бадан андеша мекунанд.


  • Ба фикри ман, мардуми мо ҳанӯз ташнагии доштани мошини хусусиро нашикастаанд, ки ба дучарха намешинанд. Мошин барои бисёриҳо нишонаи дороиву мақоми баланд аст, инро набояд фаромӯш кунем. Велосипед бошад, бештар хоси онҳоест, ки дар фикри беҳбуди саломатӣ ҳастанду парвои дигарҳо надоранд. Дучархасаворӣ дар Аврупову Осиё як ҷузви оддии фарҳанги ҳамарӯза шудааст, дар мо - ҳанӯз на, - гуфт ин мусоҳиби мо, ки дар як корхонаи хориҷӣ кор мекунад.


Аз ин ҷост, ки ронандаҳои нақлиёти автомобилӣ дар Тоҷикистон велосипедсаворонро хуш надоранд ва дар роҳи мошингард бо онҳо муносибати дағал мекунанд. Ронандагон дар бисёр мавридҳо ба дучархасаворон роҳ намедиҳанд ва гоҳо чунин муносибат боиси рух додани садама мешавад.

Хати наве барои ҳаракати велосипедронҳо дар пойтахти Душанбе ҳам барои намоиши ҳақи дучархасаворҳо дар роҳ ва ҳам тарбияи мардум сохта шудааст, ки тадриҷан ба ҳузури дучархасаворҳо дар роҳ одат кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG