Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди хатароти афзоянда ба шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва иттилоотӣ, Тоҷикистон ҳанӯз маркази миллии мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ надорад.

Рӯзе нест, ки рахнагарони интернетӣ барои ба даст овардани пули муфт аз бонкҳои Тоҷикистон ва ё хадамоти ҷосусии бегона барои даст ёфтан ба иттилоотии сиррии ширкатҳои хусусиву давлатӣ кӯшиш накунанд. Ҳарчанд аксар вақт ноумед мешаванд, вале аҳёнан ба ҳадафашон мерасанд ва ҳазорон доллар зарар мерасонан ва ё шабакаи муассисаеро барои муддате аз кор меандозанд. Ин аст, хулосаи сӯҳбатҳои чанде аз мутахассисони тоҷик, ки дар бораи амнияти шабакаҳои иттилоотии Тоҷикистон бо Радиои Озодӣ сӯҳбат карданд.

Бо вуҷуди хатароти афзоянда ба шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва иттилоотӣ, Тоҷикистон дар баробари Туркманистону Қирғизистон яке аз се кишвари боқимондаи Осиёи Марказӣ аст, ки маркази миллии мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ надорад. Мақомот мегӯянд, мумкин аст, то охири соли равон чунин марказ таъсис ёбад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои пурқувват кардани мубориза бар зидди ҷиноятҳои иттилоотӣ ва кибернетикӣ қасд дорад, то охири сол Маркази мубориза бо ҷиноятҳои иттилоотиро таъсис диҳад ва “лашкар"-и мутахассисонро барои муқобила бо ҳамлаҳо дар шабакаҳои иттилоотӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳо дар Интернет омода намояд.

Дар шӯъбаи амнияти иттилоотии вазорати дохилӣ рӯзи 31-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ойинномаи маркази нав барои мувофиқа ба дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ фиристода шудааст, вале замони дақиқи таъсиси марказро гуфта наметавонанд. Бар асоси барномаи ислоҳоти милитсияи Тоҷикистон, марказ бояд то охири соли 2015 ба кор оғоз кунад.

Ҳадаф аз таъсиси ин ниҳод, “пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ дар шабакаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, ошкор кардан ва пешгирии мавридҳои нақзи ҳуқуқи муаллиф ва муқобила бо терроризми интернетӣ” будааст.

Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилӣ таъсиси ингуна марказро як амри зарурӣ ва саривақтӣ медонад ва мегӯяд, дар шароити пешрафти технологияҳои нав ва пайванд шудани тору пуди ҷаҳон бо ҳам, ҳар кишваре, ки худро эҳтиром мекунад, бояд ниҳоди пурқуввате барои муқобила бо харобкориву ҷиноятҳои интернетӣ дошта бошад:

“Воқеиятҳои имрӯза талаб мекунад, ки чунин ниҳоде таъсис дода шавад, зеро мо ҳар рӯз бо ҷосусиҳо аз тариқи интернет рӯ ба рӯ мешавем, ҷосусии саноатӣ, ҷосусии давлатӣ, чӣ дар соҳаҳои низомӣ, амният ва дигар соҳаҳо. Вақте ки шумо корхонаҳои бузург доред, идораҳои бузурге доред, ки дорои шабакаҳои бузург ҳастанд, бояд онҳоро муҳофизат кунед. Бахусус низоми бонкиро. Ҳар як раҳбаре, ки худро эҳтиром мекунад, бояд ин чизҳоро пешбинӣ карда ва пеши роҳашро бигирад.”

Дастрасии васеи мардум ба интернет ва ба ин шабакаи ҷаҳонӣ васл шудани бисёре аз муассисаву ширкатҳо, то ба масҷиду мактабҳо дар Тоҷикистон, ҳукуматро водор кардааст, ки дар андешаи пурқувват кардани мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ шавад. Дар Тоҷикистон бештар аз 90 дарсади мардум ба телефонҳои мобил дастрасӣ доранд ва бештар аз 6 миллиону 300 ҳазор нафари онҳо корбари фаъоли телефони ҳамроҳу интернет ба ҳисоб мераванд.

Аз аввалин тӯъмаи рахнагарон ва ё ҷинояткорони интернетӣ, ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳастанд ва рахнагарон танҳо дар соли 2011 ба ин ширкатҳо 200 ҳазор доллар зарар расондаанд. Ду намунаи барҷаста рахнаи шабакаҳои ширкати Tcell ва «Вавилон-М» буд, ки се нафар бо дасткории шабакаҳои он ба якумӣ 101 ҳазор доллар ва ба дуввумӣ тақрибан 50 ҳазор доллар зарар расондаанд. Омори солона дар бораи ҷиноятҳои иттилоотӣ ва ё кибернетикӣ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, аммо шӯъбаи амнияти иттилоотии вазорати умури дохилӣ мегӯяд, танҳо дар 3 моҳи соли 2014 15 чунин ҷиноятро ошкор кардаанд.

Яке аз мутахассисони амнияти иттилоотӣ дар яке аз бонкҳои бузурги Тоҷикистон бо шарти зикр накардани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, дар воқеъ талошҳои рахна кардани шабакаҳои давлативу хусусӣ дар Тоҷикистон дида мешавад, вале аз кор андохтани шабакаҳои онҳо ва ё дуздии пули зиёди бонке сабт нашудааст. Агар ингуна ҳодиса шуда бошад, ҳам масъулони бонк онро барои ҳифзи эътибори бонк пинҳон медоранд.

Аммо хатари бузургтар аз ин ҳам ба эътирофи мақомоти Тоҷикистон истифода аз интернет барои ҳадафҳои террористӣ аст. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон боре дар як нишасте, изҳор дошт, ки бо Ҷанет Наполитано, вазири амнияти миллии Амрико ҳамақида аст, ки ӯ ҷиноятҳои кибернетикиро баъд аз хатари Ал-Қоидаву шарикони он бузургтарин таҳдид барои амният номида буд. Рамазон Раҳимзода мисол овард, ки Тоҷикистон аз ҳоло ҷабри “кибертеррористҳоро” кашидааст ва даҳҳо ҷавони тоҷик маҳз дар Интернет фирефтаи гурӯҳҳои ифротӣ шуда ва бо ҳидояти онҳо ба сафи гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд ва ҳоло дар Сурияву Ироқ меҷанганд.

Ба эътирофи мақомоти амниятии Тоҷикистон солҳои ахир кишвар мавриди “ҳамлаи ҳадафмандонаи иттилоотии гурӯҳҳои террористӣ ва тундрав қарор гирифтааст, вале солона аз 40 то 50 ҷиноят бар асоси моддаи 28-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон сабт мешавад, ки “ҷиноят алайҳи амнияти иттилоотиро” дар назар дорад. Аммо ҳоло ин суол матраҳ аст, ки мақомоти Тоҷикистон бо таъсиси Маркази мубориза бо ҷиноятҳои иттилоотӣ мутахассисони соҳибтаҷриба меёбанд.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, аз коршиносони соҳа ба Радиои Озодӣ гуфт, “кадрҳои худӣ дар Тоҷикистон пайдо кардан осон аст, вале муҳим таъмини онҳо бо маоши муносиб аст, ки ба он марказ барои кор раванд.”

Айни замон вазири умури дохилии Тоҷикистон дар сафарҳояш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин аз мақомоти ин кишвар хоста буд, ки дар омӯзишу тарбияи кормандони вазорати умури дохилӣ барои ошкор сохтани ҷиноятҳои иттилоотӣ ба онҳо кӯмак кунанд.

Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилӣ мегӯяд, мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ дар оянда муҳимтар хоҳад шуд, зеро бо рушди соҳаву технологияҳои нав рахнагарону ҷинояткорони интернетӣ ҳам “пешрафт” мекунанд ва Тоҷикистон барои ин бояд омода бошад: “Ин масъала дар оянда доғтар мешавад, зеро рӯз ба рӯз ҷомеа, муассисаҳои хусусиву давлатӣ ҳарчӣ бештар ба шабакаҳои иттилоотӣ рӯ меоранд. Ин масъалаи доғи рӯз мемонад. “

Барои расидагӣ ба ин масъалаи доғи рӯз, вазорати умури дохилии Тоҷикистон азм дорад, тарҳи Стратегияи миллии мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикиро омода кунад, вале ин санад кай омода мешавад, маълум нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG