Пайвандҳои дастрасӣ

​Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 оид ба футбол рӯзи 28 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рӯзи шанбеи 28 ноябр баргузор мешавад. Ин бозии ҳалкунанда дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар соати 14:00 оғоз меёбад.

«Истиқлол» ба ҳайси қаҳрамони ҷадиди Тоҷикистон барои ширкат дар сабқати гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 роҳ ёфтааст. Агар дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 «Регар-ТадАЗ» ғолиб ояд, он гоҳ ба ҳаққи ширкат дар мусобиқаи ояндаи Ҷоми AFC мушарраф мешавад. Вале агар «Истиқлол» барандаи Ҷоми миллӣ шавад, он гоҳ роҳхати дувумро аз Тоҷикистон ба мусобиқаи бошгоҳии қитъавӣ дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд”, барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишвар, ба даст меорад.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» барои бори панҷум паиҳам ба ҳаққи ширкат дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон мушарраф шудаанд. Дар бозиҳои ниҳоӣ байни ин ду даста ду бор “Регар-ТадАЗ” (солҳои 2011, 2012) ва ду бор “Истиқлол” (солҳои 2013, 2014) ғолиб омада, Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқа барои Ҷоми Тоҷикистон сар аз соли 1992 барои бори 24-ум барпо мегардад. Ҳамагӣ 10 даста барандагони Ҷом гардидаанд. Аз ҳама бештар – 6 бор дастаи “Регар-ТадАЗ” Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. “Истиқлол” чаҳор бор ва “Хуҷанд”-и Хуҷанд се бор барандагони Ҷом шудаанд. Дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа, “Варзоб”-и Душанбе ва “Парвоз” (собиқ “Авиатор”)-и Бобоҷон Ғафуров дуборӣ, тимҳои “Помир”-и Душанбе, “Ситора”-и Душанбе, “Равшан”-и Кӯлоб ва “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов якборӣ Ҷоми Тоҷикистонро соҳиб гаштаанд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) – «Регар» (Турсунзода) – 1:0

1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 5:3

1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1

1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 3:2

1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0

1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1

1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1

1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2

2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2

2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 3:1

2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0

2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1

2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Ӯротеппа» (Истаравшан) – 5:0

2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 3:1

2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1

2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Гафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0

2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1

2009 – «Истиқлол» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 3:1

2010 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 5:0

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:1

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 5:6

2013 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:0

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 5:2

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ»(Турсунзода) - ?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG