Пайвандҳои дастрасӣ

​​Дастаҳои “Хайр”-и Ваҳдат ва “Истиқлол”-и Душанбе ба бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) роҳ ёфтанд.

Дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон), ки рӯзи 13-уми март дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, «Хайр»-и Ваҳдат бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 (замони асосӣ – 2-2, замони изофӣ – 3-3)ва «Истиқлол»-и Душанбе бар ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 4-0 пирӯз шуданд.

Ба ин тартиб, ба мисли соли гузашта дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ дастаҳои «Истиқлол» ва «Хайр» рақобат мекунанд.Ин бозӣ рӯзи якшанбеи 15-уми март соати 15.00 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе шурӯъ мешавад.

Пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва ССКА “Помир” бароиҷойи севум мубориза мебаранд. Ин бозӣ соати 12.00 оғоз меёбад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқаи имсола 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷоми ФФТ, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастае, ки ҷойи севумро мегирад, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Ҷоми ФФТ. Даври ниманиҳоӣ

«ХАЙР» – «РЕГАР-ТАДАЗ» – 3:3. Аз рӯи пеналтӣ – 4:2

Голҳо: Меҳроҷиддин Музаффаров, 24 (1:0). Комил Саидов, 30 (1:1). Комрон Турсунов, 51 (1:2). Меҳроҷиддин Музаффаров, 77 (2:2). Фирӯз Қараев, 93 (2:3). Баҳодур Шарифов, 107 –аз пеналтӣ (3:3).

ССКА «ПОМИР» – «ИСТИҚЛОЛ» – 0:4

Голҳо: Хуршед Маҳмудов, 64 (0:1). Бледа Родригес, 75 –аз пеналтӣ (0:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 90 (0:3). Хуршед Маҳмудов, 90+2 (0:4).

Тақвими бозиҳои боқимонда:

15 март (якшанбе)

12.00 – Бозӣ барои ҷойи севум

«РЕГАР-ТАДАЗ» – ССКА «ПОМИР»

15.00 – Финал

«ХАЙР» – «ИСТИҚЛОЛ»

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG