Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ: Панҷ даста - дар марҳилаи ниҳоӣ


Дастаҳои «Равшан» (Кӯлоб), «Данғара» (Данғара), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Қайраққум» (Қайроққум) ва “Истиқлол” (Душанбе) ба ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияифутболи Тоҷикистон) мушарраф шуданд.

Дар айни ҳол панҷ даста - «Равшан» (Кӯлоб), «Данғара» (Данғара), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Қайроққум» (Қайроққум) ва “Истиқлол” (Душанбе) - ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) роҳхат гирифтаанд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми март аз дафтари матбуоти ФФТ хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ чаҳор дастаи ширкаткунандаи сабқати ниҳоӣ баъди анҷоми мусобиқаи минтақавӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд маълум шуд. Дар вилояти Хатлон 10 даста барои ду роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ мубориза бурд. Дар бозии ниҳоии марҳилаи пешакӣ «Равшан» ва «Данғара» рӯбарӯ шуданд. Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи футболбозони Кӯлоб хотима ёфт. Голи ягонаро Фирӯз Раҳматов ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб, ба дастаҳои«Равшан», «Данғара», «Хуҷанд» ва «Қайроққум» дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ чаҳор дастаи беҳтарини минтақаи Душанбе ҳамроҳ мешаванд. Дар ин минтақа бозиҳои даври охирин имрӯз, 2-юми март барпо мегарданд: «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Локомотив» (Душанбе) – ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат).

Бояд гуфт, ки новобаста аз натоиҷи бозиҳои даври охирин дастаи “Истиқлол”, ғолиби феълии Ҷоми ФФТ, пешакӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтааст. “Истиқлол” дар ҳамаи 4 бозӣ пирӯз шуда, 12 имтиёз ба даст овардааст. Дарвоқеъ, душанбегиҳо ба дарвозаи рақибонашон 33 тӯб зада, аз дарвозаи худ ягон тӯб сар надодаанд.

Дар ҷадвали мусобиқа баъди “Истиқлол” дар ҷойи дувум ССКА «Помир», ки 9 имтиёз дорад, қарор гирифтааст. Ҷойи севумро«Регар-ТадАЗ» (6 имтиёз) касб кардааст. Дастаҳои «Хайр», «Локомотив» ва «Кӯктош», ки яктоӣ пирӯзӣ ба даст овардаанд, сеимтиёзӣ доранд.

Бояд тазаккур дод, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23), ки авохири моҳи март дар сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар Имороти Муттаҳидаи Араб ширкат мекунад, дар марҳилаи пешакии Ҷоми ФФТ дар минтақаи Душанбе бидуни озмун иштирок дошт.

Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ бо Ҷоми ФФТ, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ мукофотонида хоҳад шуд. Ба дастаҳое, ки ҷойҳои дувуму севумро мегиранд, мутаносибан медалҳои нуқраву биринҷӣ, 15 ҳазор ва 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Инчунин беҳтарин бозигарон ва доварони мусобиқот бо тӯҳфаҳои қиматбаҳо сарфароз мегарданд.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ барои чаҳорумин бор баргузор шудааст. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аввалин барандаи Ҷоми ФФТ мебошад. Футболбозони Турсунзода дар бозии ниҳоӣ, ки 13-уми марти соли 2012 дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе барпо гардида буд, бар дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.

Ду сол пеш дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ бар ССКА «Помир»-и Душанбе аз рӯи силсилаи пеналтӣ ғолиб омад. Ин бозӣ 31-уми августи соли 2013 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода доир шуд. Замони асосии ин дидор бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Дар замони изофӣ (ду қисми 15-дақиқаӣ) ҳисоб тағйир наёфт. Дастаи ғолиб аз рӯи силсилаи пеналтӣ маълум шуд. Кори футболбозони «Хайр» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра омад кард ва онҳо бо ҳисоби 6:5 (ҳисоби умумӣ – 7:6) ғалаба карданд.

Соли гузашта бошад, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе севумин барандаи Ҷоми ФФТгардид. Истиқлол” дар бозии ниҳоӣ, ки 19-уми марти соли 2014 дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард.

XS
SM
MD
LG