Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати намояндагони ФФТ дар кунгураи AFC дар Австралия


Намояндагони Федератсиони футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар Кунгураи Конфедератсиони футболи Осиё (AFC), ки 9-уми январ дар Мелбурни Австралия баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Дар Кунгураи Конфедератсиони футболи Осиё, ки 9-уми январ дар Мелбурни Австралия баргузор мешавад, намояндагони Федератсиони футболи Тоҷикистон низ ширкат мевазанд. Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ ба ҳайати Тоҷикистон Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси ФФТ, Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли ФФТ ва Хуршед Ақдодов, муовини аввали раиси Федератсиони футболи вилояти Суғд, дохиланд.

Намояндагони ФФТ, инчунин барои тамошои маросими ифтитоҳи сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2015 ва бозии аввалини мусобиқаи қитъавӣ байни дастаҳои мунтахаби Австралия ва Кувайт, ки рӯзи 9-уми январ дар варзишгоҳи марказии Мелбурн барпо мегардад, даъват шудаанд.

Тақвими бозиҳои сабқати ниҳоии Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳҳо дар Австралия

09.01

Австралия

Кувайт

10.01

Корея Ҷанубӣ

Умон

10.01

Узбакистон

Кореяи Шимолӣ

10.01

Арабистони Саудӣ

Чин

11.01

ИМА

Қатар

11.01

Эрон

Баҳрайн

12.01

Ҷопон

Фаластин

12.01

Урдун

Ироқ

13.01

Кувайт

Кореяи Ҷанубӣ

13.01

Умон

Австралия

14.01

Кореяи Шимолӣ

Арабистони Саудӣ

14.01

Чин

Узбакистон

15.01

Баҳрайн

ИМА

15.01

Қатар

Эрон

16.01

Фаластин

Урдун

16.01

Ироқ

Ҷопон

17.01

Австралия

Кореяи Ҷанубӣ

17.01

Умон

Кувайт

18.01

Чин

Кореяи Шимолӣ

18.01

Узбакистон

Арабистони Саудӣ

19.01

Эрон

ИМА

19.01

Қатар

Баҳрайн

20.01

Ироқ

Фаластин

20.01

Ҷопон

Урдун

Бозиҳои чорякниҳоӣ рӯзҳои 22-23-юми январ, бозиҳои ниманиҳоӣ 26-27-уми январ, бозӣ барои ҷойи севум 30-юми январ ва бозии ниҳоӣ 31-уми январ баргузор мешаванд

XS
SM
MD
LG