Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи кушодаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон» ҷараён дорад.

Мусобиқаи кушодаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон», ки 29-уми январ дар маҷмааи варзишии «Динамо»-и ВКД шурӯъ шудааст, тӯли як моҳ идома хоҳад кард. Чунон ки торнамои расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар додааст, ин мусобиқа таҳти шиори «Варзиш барои оилаи солим ва зидди нашъамандӣ» байни сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаву идораҳои давлатӣ ва ҳавасмандони футбол доир гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи мазкур генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, “мақсад аз баргузории чунин як чорабинии варзишӣ, ин пеш аз ҳама пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб мебошад, ки тамоми аҳли сайёраро нигарон кардааст. Мутаассифона, дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазор нашъаманд ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 127 нафарашон ҳалок гардидаанд. Чунин ҳолат барои волидайн, ҳамсар ва фарзандони онҳо талафоти бузург мебошад."

Бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола баҳри рушди соҳаи варзиш ва солимии ҷомеа садҳо майдону толорҳои варзишӣ сохта ба истифода дода мешаванд. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маҷмааи варзишии «Динамо» бо тамоми таҷҳизоти муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.”

Мусобиқаи кушодаи футболи хурд миёни бузургсолон, ҷавонон ва наврасон барои «Ҷоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон» ба ҳукми анъана даромадааст. Бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ барои дастаҳои ғолиб шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав, мототсикл ва 4 адад велосипед таъсис дода шудааст.

Дар ин маросим, инчунин, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода иброз дошт, ки «проблемаи муҳими иҷтимоӣ ин мустаҳкам намудани оила ва мубориза бо нашъамандӣ мебошад, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба ин масъала таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Президенти Тоҷикистон дар Паёми худ соли 2015-ро «Соли оила» эълон кард, ки он аҳамияти муҳими ҳаётӣ дорад, зеро оила як унсури иҷтимоӣ мебошад, ки мо аз он вобастагӣ дорем.”

Ба иттилои ҷаноби Абдуллозода ҳоло дар ҷумҳурӣ зиёда аз 90 мактаби варзишӣ ба тамрини футбол машғул буда, дар ин замина 5 ҳазор варзишгар ба футбол шуғл меварзад.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа, ҳамчунин Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Мағфират Хидирзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон, Марк Вуд, намояндаи Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мария Каливис, мудири минтақавии Хазинаи ҳифзи атфол дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ), Абдураҳим Холиқзода, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон ва Ислом Маҳмадшоев, дабири кулли Федератсияи футболи кишвар, суханронӣ карда, ба дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқа комёбиҳо орзу намуданд.

Баъди анҷоми маросими ифтитоҳи имусобиқа бозӣ байни дастаҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ ва Фурудгоҳи байналмилалии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он бо ҳисоби бузурги 11:3 ба фоидаи кормандони ВКД анҷом ёфт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG