Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ФФТ: "Истиқлол" пешакӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт


Дар бозиҳои сабқати гурӯҳи “Б” барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) “Истиқлол” бар “Равшан” бо ҳисоби 5-2 ва “Регар-ТадАЗ” бар “Қайроққум” бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуданд.

Дар бозиҳои сабқати гурӯҳи “Б” барои Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон), ки рӯзи 6-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуданд,“Истиқлол” (Душанбе) бар “Равшан” (Кӯлоб) бо ҳисоби 5-2 ва “Регар-ТадАЗ” (Турсунзода) бар “Қайроққум” (Қайроққум) бо ҳисоби 2-1 ғалаба карданд.

Нахуст бозӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Қайроққум” баргузор шуд. Ба голи дар дақиқаи 4-уми бозӣ задаи Насим Гулов, бозигари қайроққумиҳо, Комил Саидов, ҳамлагари “Регар-ТадАЗ”, дар нимаи дувуми бозӣ, бо ду гол ҷавоб гардонд. Вале дар ҷараёни ин бозӣ Комил Саидов ду бор, инчунин Нозим Бобоҷонов як бор тӯбро аз ҷаримаи 11-метра ба ҳадаф расонида натавонистанд.

Баъдан бозӣ байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан” сурат гирифт. Дар нимаи аввали бозӣ Парвизҷон Умарбоев, Бледа Родригес ва Дилшод Восиев ба дарвозаи “Равшан” се голи беҷавоб заданд. Ҳасан Рустамов дар муддати даҳ дақиқаи аввали нимаи дувум ба дарвозаи “Истиқлол” ду гол зада, ҳисобро тағйир дод. БаъданХуршед Маҳмудов ду бор тӯбро ба дарвозаи “Равшан” ворид кард.

Ба ин тартиб, «Истиқлол», ки ду ғалабаи паиҳам ба даст овард, бо 6 имтиёз пешакӣ ба даври баъдӣ – ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2015- роҳ ёфт.

Дар сабқати ниҳоӣ ҳашт даста ширкат дорад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд: гурӯҳи «А» - CСКА «Помир» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд) ва «Данғара» (Данғара), гурӯҳи «Б» - «Истиқлол» (Душанбе), «Қайроққум» (Кайроққум), «Равшан» (Кӯлоб) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода).

Дастаи ғолиби марҳилаи ниҳоӣ, ки 15-уми март маълум мешавад, бо Ҷом, медалҳои тилло ва ҷоизапулӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ сарфароз мегардад. Ба дастае, ки ҷойи дувумро мегирад, медалҳои нуқра ва ҷоизапулӣ ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва ба дастае, ки ҷойи севумро мегирад, медалҳои биринҷӣ, инчунин 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.

Имрӯз, 7-уми март, бозиҳои гурӯҳи «А» баргузор мешаванд. Нахуст дастаҳои«Данғара» ва ССКА «Помир», баъдан «Хайр» ва «Хуҷанд» бозӣ мекунанд.

Ҷоми ФФТ-2015

Марҳилаи ниҳоӣ. Гурӯҳи «Б»

«РЕГАР-ТАДАЗ» – «ҚАЙРОҚҚУМ» – 2:1

Голҳо: Насим Гулов, 4 (0:1). Комил Саидов, 75 (1:1). Комил Саидов, 80 (2:1).

Аз пеналтӣ тӯбро ба ҳафдаф расонида натавонистанд: Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), 9 – тири дарвоза, Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), 45 – дарвозабон, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), 90 – дарвозабон.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Владимир Сисоев, Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Фаррух Чориев (Фарҳод Холбеков, 46), Акмал Сабуров (Комрон Турсунов, 46), Бахтиёр Қаландаров (Нуъмон Зокиров, 87), Нозим Бобоҷонов, Сорбон Карамов (Аваз Маҳмудов, 73), Фирӯз Қараев, Ҷамолиддин Зардиев (Акбар Бобомуродов, 46), Комил Саидов.

«Қайроққум» (Қайроққум): Умед Хоҷимуродов, Масъуд Раҳимов, Далер Табаров, Фаррух Ниёзов, Ғолиб Дадабоев, Насим Гулов, Маъруф Мирзоназаров, Рустам Ниёзов, Азиз Атамбеков, Пӯлод Мирзоназаров (Фаррух Норматов, 70), Архипов.

Огоҳонида шуданд: Далерҷон Тухтасунов, Ойбек Абдуғаффоров, Фирӯз Қараев, Нозим Бобоҷонов («Регар-ТадАЗ»), Масъуд Раҳимов, Умед Хоҷимуродов, Фаррух Ниёзов («Қайроққум»).

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

6 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

«РАВШАН» – «ИСТИҚЛОЛ» – 2:5

Голҳо: Парвизҷон Умарбоев, 30 (0:1). Бледа Родригес, 36 (0:2). Дилшод Восиев, 43 (0:3). Ҳасан Рустамов, 53 (1:3). Ҳасан Рустамов, 58 – аз пеналтӣ (2:3). Хуршед Маҳмудов, 65 (2:4). Хуршед Маҳмудов, 80 (2:5).

«Равшан» (Кӯлоб): Рустам Ризоев, Идибек Ҳабибуллоев, Сайидамири Сайидаҳатам (Индус Ҳусейнов, 75), Далер Шомуродов (Сафархон Мирзоев, 46), Ҳасан Рустамов, Шодибек Ғаффоров (Зокир Абдулхайров, 75), Комрони Саидзод (Наврӯз Рустамов, 46), Абдурасул Раҳмонов, Саидхони Амрохон, Музаффар Назаров, Фирӯз Раҳматов.

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Пётр Ковалчук, Хосе Баллестер, Аҳтам Назаров, Умедҷон Шарифов (Хуршед Маҳмудов, 46), Нуриддин Давронов (Соҳиб Саванкулов, 46), Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев (Эраҷ Раҷабов, 77), Бледа Родригес, Парвизҷон Умарбоев (Манучеҳр Ҷалилов, 46).

Огоҳонида шуданд: Ҳасан Рустамов, Саидхони Амрохон, Абдурасул Раҳмонов («Равшан»), Парвизҷон Умарбоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Меҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Бледа Родригес («Истиқлол»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қрғонтеппа).

6 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 2000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Тақвими бозиҳои боқимонда:

7 март (шанбе)

12.00 – ССКА «Помир» – «Данғара»

15.00 – «Хайр» – «Хуҷанд»

8 март (якшанбе)

12.30 – «Истиқлол» – «Қайроққум»

15.00 – «Равшан» – «Регар-ТадАЗ»

9 март (душанбе)

12.00 – «Хуҷанд» – ССКА «Помир»

15.00 – «Данғара» – «Хайр»

10 март (сешанбе)

12.00 – «Қайроққум» – «Равшан»

11 март (чоршанбе)

12.00 – «Хуҷанд» – «Данғара»

15.00 – ССКА «Помир» – «Хайр»

13 март (ҷумъа)

1/2 финал

12.00 – ҷойи 1-ум гурӯҳи «А» – ҷойи 2-юм гурӯҳи «Б»

15.00 – ҷойи 2-ум гурӯҳи «А» – ҷойи 1-ум гурӯҳи «Б»

15 март (якшанбе)

12.00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм

15.00 – Финал

XS
SM
MD
LG