Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали варзишгарони тоҷик дар "Ҷоми Дордой"


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо “Ҷоми Дордой” дар Бишкек се медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо “Ҷоми Дордой”, ки дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек баргузор шуд, паҳлавонони тоҷик се медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми март аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои ин манбаъ, дар ин мусобиқаи байналмилалӣ, ки барои бори дувум доир шуд, беш аз 300 варзишгар (мардону занон) аз Қазоқистон Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон тӯли се рӯз барои 14 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ варзишгари ҷавон аз шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Спитамен намояндагӣ карданд. Се нафари онҳо - Азизи Муҳаммадризвон (66 кг), Хайрулло Расулов (73 кг) ва Суруш Каримов (81 кг) – барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар сабқати мардон Ислом Баялинов, Тариэл Усенов, Шатман Эсенбеков, Тилек Куралов, Юрий Краковетский (ҳама аз Қирғизистон), Артём Ким ва Саят Исенов (ҳарду аз Қазоқистон) ғолиб шуданд.

Дар сабқати занон Кумушой Саскеева, Аймончок Риспекова, Асел Мӯсобекова, Айҷан Қодирбекова (ҳарчор аз Қирғизистон), Нагира Сарбашева, Александра Подрядова ва Айгерим Макажан (ҳарсе аз Қазоқистон) ҷойҳои аввалро касб карданд. Дар сабқати дастаӣ тимҳои Маркази омодагии олимпии Қирғизистон ҳам байни мардон ва ҳам миёни занон ғолиб шуданд.

XS
SM
MD
LG