Пайвандҳои дастрасӣ

​Имрӯз, 13-уми январ, дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд мусобиқаи футбол барои Ҷоми “Осоишгоҳи Баҳористон" шурӯъ шуд.

Дар мусобиқаи футбол барои Ҷоми Ҷамъияти саҳҳоми пӯшидаи “Осоишгоҳи Баҳористон», ки рӯзи сешанбеи 13-уми январ дар шаҳри Қайроққум оғоз ёфт, шаш даста ширкат меварзад. Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Алишер Урунов, менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон, хабар дод.

Ӯ афзуд, “дар мусобиқаи имсола дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе), «Хайр» (Ваҳдат), «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Эсхата» (Хуҷанд), мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва ҳайати эҳтиётии «Жетису» (Талдиқӯрғон, Қазоқистон), ки дар Қайроққум ба мавсими нави футбол омодагӣ мебинанд, барои Ҷоми “Осоишгоҳи Баҳористон» то рӯзи 25-уми январ мубориза мебаранд. Мусобиқа аз як давра иборат буда, ҳар як даста панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб бо Ҷом ва ифтихорномаи ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон», инчунин бозигарони беҳтарин бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз мешаванд.”

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи порсола дастаи “Истиқлол”, ки дар ҳамаи панҷ бозиаш пирӯз шуда буд, ғолиб омадааст.

Ҷоми «Осоишгоҳи Баҳористон» имрӯз, 13-уми январ, бо бозӣ байни дастаҳои «Эсхата» ва мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) шурӯъ шуд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон»:

Даври 1-ум

13 январ (сешанбе)

10.00 – «Эсхата» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)

12.00 – «Жетису» – «Хайр»

15.00 – «Истиқлол» – «Хуҷанд»

Даври 2-юм

16 январ (ҷумъа)

10.00 – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – «Хуҷанд»

12.00 – «Жетису» – «Эсхата»

15.00 – «Хайр» – «Истиқлол»

Даври 3-юм

20 январ (сешанбе)

10.00 – «Жетису» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)

12.00 – «Хуҷанд» – «Хайр»

15.00 – «Эсхата» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

23 январ (ҷумъа)

10.00 – «Хайр» – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19)

12.00 – «Истиқлол» – «Жетису»

15.00 – «Хуҷанд» – «Эсхата»

Даври 5-ум

25 январ (якшанбе)

10.00 – Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) – «Истиқлол»

12.00 – «Жетису» – «Хуҷанд»

15.00 – «Эсхата» – «Хайр»

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG