Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров бетарафии Шветсия ва Финландияро барои амният муҳим хонд


Русия - Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти матбуотии баъди мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Шветсия дар Маскав. 21 феврали соли 2017.
Русия - Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар нишасти матбуотии баъди мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Шветсия дар Маскав. 21 феврали соли 2017.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки бетарафии низомии Шветсия ва Финландия барои амнияти минтақаи Балтик бисёр муҳим аст. Шарҳи Лавров рӯзи 21 феврал дар нишасти матбуотии муштарак бо вазири умури хориҷии Шветсия Маргот Валстром пахш шуд.

"Мо баҳои баланди худро ба сиёсати Шветсия ва Финландия, ки дар масоили низомӣ ба самтгирии хориҷ аз блок тарҷеҳ додаанд, баён кардем",- гуфт Лавров ва афзуд, "мо инро ҳамчун аломати муҳими эътидол дар минтақаи Балтик ва Аврупо мебинем."

Вазири корҳои хориҷии Шветсия Валстром дар навбати худ гуфт, ки "сиёсати Шветсия дар самти тааҳуд накардан бо ягон блоки низомӣ мустаҳкам аст."

Пуштибонии умумӣ аз рушди равобити Шветсия ва Финландия бо НАТО, ё ба ин Паймон ҳамроҳ шудани онҳо, дар пасманзари ташаннуҷи байни Русия ва Аврупо, махсусан баъди ишғоли Қрим аз ҷониби Русия дар соли 2014, афзоиш ёфт.

Моҳи январ вазири дифои Литва Йонас Витаутас Зукас эълон кард, ки Шветсия ва Финландия фиристодани нерӯ барои тамрини муштарак бо нерӯҳои НАТО-ро, ки дар се кишвари Балтик - Латвия, Литва ва Эстония соли гузашта мустақар шудаанд, баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG