Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, ки буҷаи артиши Амрикоро афзоиш хоҳанд дод


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп – раиси ҷумҳури Амрико – ваъда дод, ки артиши Иёлоти Муттаҳидаро нирӯмандтар мекунад ва барои ин буҷаи бештар хоҳад хост. Трамп рӯзи 24 феврал ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши “Иқдоми сиёсии муҳофизакорон” дар иёлати Мериленд, наздик ба шаҳри Вашингтон, гуфт, артишро тавре тақвият хоҳад дод, ки ҳеҷ кас дар оянда қудрати Амрикоро зери суол набарад.

Ӯ гуфт, ин қадами бузургтарин барои тақвияти артиши Амрико дар таърихи ин кишвар хоҳад буд. “Ҳеҷ кас наметавонад бо мо сар ба сар шавад”, - гуфт Доналд Трамп ва афзуд, “мо аз тариқи қудрат ва тавоноӣ ба сулҳ бовар дорем”. Вай, инчунин, гуфт, ба артиш дастур хоҳад дод, то мубориза бо гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро шиддат бахшанд.

Дар оғози моҳи феврали имсол вазири дифои Амрико Ҷеймс Маттис низ ба зарурати бозбинии буҷаи низомии кишвараш дар соли 2017 барои истодагарии нерӯҳо дар баробари гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» таъкид карда буд.

XS
SM
MD
LG