Пайвандҳои дастрасӣ

Қочоқ намегузарад! "Раъд- 2015"-и СПАД дар Фахробод


Виктор Иванов ва Рустам Назаров, раҳбарони ниҳодҳои мубориза бар маводи мухаддири Русия ва Тоҷикистон

Виктор Иванов ва Рустам Назаров, раҳбарони ниҳодҳои мубориза бар маводи мухаддири Русия ва Тоҷикистон

Тибқи ривоят, нирӯҳои таъиноти махсуси СПАД як гурӯҳи қочоқбари шартиро ба ҳангоми кӯшиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, ошкор ва хунсо месозанд.

Дар размоишгоҳи “Фахробод”, воқеъ дар 25-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Душанбе рӯзи 27 август машқи вижаи тактикии “Раъд-2015” оғоз гардид, ки муддати 8 рӯз идома мекунад. Тибқи ривоят, нирӯҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидди маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) як гурӯҳи қочоқбари шартиро, ки аз Афғонистон ба Тоҷикистон маводи мухаддир интиқол медиҳад, хунсо карда, бори ғайриқонуниро мусодира кунанд.

Нахустин рӯзи ин размоишро Виктор Иванов, раиси хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия, Рустам Назарзода, раиси Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, Амонҷон Ҷонқулиев, муовини дабири кулли СПАД ва ҳамчунин сафирон ва атташеҳои низомии кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон назорат карданд.

Виктор Иванов, раиси Хадамоти федеролии мубориза алайҳи маводи мухаддири Русия гуфт, “ин размоиш ба хотири муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва таъмини суботу амнияти минтақа” ташкил шудааст.

Размоиши вижаи тактикӣ “Раъд-2015” бо ширкати ҷузъу томҳои таъиноти махсуси идораҳо ва хадамоти зидимухаддиротӣ, нируҳои дохилӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти кишварҳои узви СПАД, ки ба ҳайати нирӯҳои таъиноти махсус шомиланд, баргузор гардид.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон низ зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, машқҳои тактикӣ дар ду марҳила ҷараён мегирад ва дар ин машқҳо

намояндагони Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон низ иштирок доранд.

Тоҷикистон бо Афғонистон, ки макони аслии кишту интиқоли маводи мухаддир дар минтақа маҳсуб мешавад, бо ин кишвар 1300 километр марзи муштарак дорад. Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 12 амалиёти муштаракро бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон баргузор ва дар натиҷа беш аз ним тонна маводи мухаддирро кашфу мусодира кардааст.

Ҳамчунин дар паи ин амалиёт як коргоҳ ё лабароторияи тавлиди ҳероин дар музофоти Бадахшони Афғонистон нобуд карда шудааст. Дар дохили қаламрави Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 910 килограмм маводи мухаддир ошкор ва мусодира шудааст ва ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 11 дарсад кам аст. Кашфу мусодираи ҳероин ҳудуди 49 дарсад ва афюн 8 дарсад зиёд шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG