Пайвандҳои дастрасӣ

Пешсафии аврупогароёни Молдова дар интихобот


Дар интихоботи порлумонии рӯзи 30 дар Молдова ҳизбҳои тарафдори ҳамгироӣ бо Молдова 44 ва русиягаро 40 дарсад раъй гирифтаанд.

Шумориши оро нишон медиҳад, ки дар интихоботи порлумонии 30-юми ноябр дар Молдова ҳизбҳои сиёсии тарафдори ҳамгироӣ бо Аврупо пешсафанд, аммо ин пешсафии онҳо аз аҳзоби тарафдори ҳамкории наздик бо Русия ба андозае бузург нест, ки сабаби пирӯзии комили онҳоро гардад. Дар ҳоле ки 87 дарсади раъйҳо шумурда шудаанд, се ҳизби аврупогаро -- Ҳизби либерол-демократ 19,2б Ҳизби демократ 15,8 ва Ҳизби либерал 9,4 дарсад раъй гирифтанд, ки дар якҷоягӣ 44 дарсад мешавад. Ин кофист, ки онҳо аксарияти курсиҳои порлумони иборат аз 101 ҷойро ба даст оранд. Аммо ҷамъи раъйҳои аҳзоби русиягарои сотсиалист ва коммунист низ 40 дарсадро ташкил медиҳад. Порлумон барои 4 соли оняда ва дар ҳоле интихоб мешавад, Маскав фишорашро ба Молдова барои нигоҳ доштани он дар доираи нуфузи худ афзоиш додааст.

Дар рӯзи раъйдиҳӣ дар Молдова ҳеҷ гуна ҳодиса сабт нашудааст, вале дар сафорати Молдова дар Маскав издиҳоми зиёд барои раъйдиҳӣ омадаанд. Юрий Сиочан, раиси Кумиссиюни марказии интихоботи Молдова дар шаҳри Кишинёв гуфт, ки мақомоти интихоботӣ саъй доранд, “раъйдиҳӣ дар Маскав орому қонунӣ ва дуруст сурат бигирад.” Бино ба гузоришҳо барои таъмини назму тартибот дар назди сафорат, нерӯҳои махсуси Русияро даъват кардаанд. Дар қаламрави Русия дар маҷмӯъ барои шаҳрвандони Молдова, ки инҷо кору зиндагӣ мекунанд, 5 маркази раъйдиҳӣ боз кардаанд.

Дар назарсанҷиҳо низ интизор мерафт, ки се ҳизби тарафдори наздикӣ бо Аврупо бештар аз 43 дарсади раъйи мардумро ба даст меоранд.

Юрий Ленча

Юрий Ленча

Юрий Ленча, нахуствазир ва раиси ҳизби либерал-демократии Молдова, ки ҳамроҳ бо ҳизби демократ ҳоло узви эътилофи ҳукмрон дар Молдова аст, баъди раъйдиҳӣ дар шаҳри Кишинёв гуфт: Ман барои Молдоваи аврупоӣ раъй додам, барои Молдоваи боадолат ва Молдоваи бисёр шукуфо. Муҳимтарин чиз пайдо кардани мутахассисони ғарбӣ, додрасҳои бознишаста, донишмандон, мутахассисони мубориза бо ришвахорӣ аст, ки майл дошта бошанд, инҷо биёянд ва ба мо дар ислоҳи низом кӯмак кунанд.“

Ҳизби либералии Молдова соли гузашта эътилофи ҳукмронро тарк кард ва ба сафи мухолифон пайваст. Ҳоло бо назардошти ихтилофот ва ҷанҷолҳои дохилӣ дар эътилофи ҳукмрон, ҳизби коммунисти Молдова, ки мухолифи давлат аст, аз ин вазъ ба нафъи худ истифода барад. Ҳизби коммунист бо раҳбарии Владимир Воронин, раисиҷумҳури собиқи Молдова, мумкин аст, 24 дарсади раъйи мардумро ба даст орад.

Владимир Воронин

Владимир Воронин

Владимир Воронин баъди раъйдиҳӣ дар шаҳри Кишинёв гуфт: “Ман барои он раъй додам, ки Молдова аз ин бебандубориву фасодкориву мафия, ки дар панҷ соли гузашта идома дошт, ба якборагӣ халос шавад. Бебандуборӣ ба тамоми Молдова ва шаҳрвандонаш печидааст ва мо барои ҳамин рушд намекунем. Ман умедворам, ки рӯшанӣ дар пеш аст, ҳарчанд умедам бисёр зиёд нест.”

Мардуми Молдова аз аҳди коммунистон, ки ба Русия бисёр наздиканд, бештар зиндагии оромро дар хотир доранд. Коммунистҳо мегӯянд, ки ба ҳамгироии кишварашон бо Аврупо мухолиф нестанд, вале айни замон мехоҳанд, бо Русия ҳамкории наздик дошта бошанд. Ҳизби коммунисти Молдова ҳамчунин мехоҳад, барои ҳимояти тавлидгарони дохилӣ аҳдномаи калидии кишвар бо Иттиҳодияи Аврупо бознигарӣ шавад.

Ренато Усатий

Ренато Усатий

Се рӯз пеш аз баргузории интихобот, мақомоти Молдова, фаъолияти ҳизби “Патрия” ва ё “Меҳан”-ро барои истифодаи сармояи хориҷӣ дар корзори интихоботиаш мамнӯъ карданд. Раиси ҳизб Ренато Усатий, тоҷири рустабори зодаи Молдова иттиҳомот дар ин заминаро рад кард, вале баъдан ба Русия фирор кард. Вазорати умури хориҷии Русия дар шарҳи қарори Молдова гуфт, ки ба “демократӣ будани интихобот” шубҳа дорад.

Молдова аз кишварҳои фақиртарини Аврупост, ки бо Украина ва Руминия, узви Иттиҳодияи Аврупо ҳаммарз аст. Тақрибан 78 дарсади аҳолиаш руминиҳо ҳастанд ва 14 дарсади дигарро украиниву русҳо ташкил медиҳанд. Тақрибан 700 ҳазор нафар аз шаҳрвандони ин кишвар дар хориҷа ба мисли Итолиёву Испониё ва Русия кор мекунанд. Ин кишварро аз соли 2009 аҳзоби тарафдори ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо раҳбарӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG