Пайвандҳои дастрасӣ

Сонеҳаи "Boeing 737" дар Қазон 50 кас кушта барҷой гузошт (ВИДЕО)


Дар фурудгоҳи Қазон ҳавопаймои "Боинг 737"-и ширкати "Татаристон" ба садама дучор шуд, ки 50 нафар кушта бар ҷой гузоштааст.

Ин ҳавопаймои "Боинг 737" аз фурудгоҳи Домодедови Маскав ба шаҳри Қазон парвоз карда, пеш аз суқут ба садама дучор шудааст.

Аз шӯъбаи ҳолатҳои изтирории Қазон ба хабаргузориҳо иттилоъ додаанд, ки ин ҳавопаймо 500 метр то хати суқути фурудгоҳ, бо сабаби омода набудан ба суқут дучори сонеҳа шудааст.

Тибқи хабарҳои расида дар ҳавопаймо 44 мусофир ва 6 сарнишин ҳузур доштаанд, ки касе аз онҳо зинда намондааст. Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба радиои Озодӣ гуфт, ки миёни ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.


Вале миёни мусофирон гуфта мешавад, писари калонии раиси ҷумҳури Татаристон Ирек Минниханов ва роҳбари Хадамоти амнятии Русия дар Татаристон Александр Антонов, ҳам будаанд. Ҳамчунин миёни мусофирон як шаҳрванди хориҷӣ - шаҳрванди Бритониё ҳам қарор доштааст.
Яке аз наздикони ҳалокшудаҳо дар назди рӯихати шахсони ҳалокшуда дар ин сонеҳа.

Яке аз наздикони ҳалокшудаҳо дар назди рӯихати шахсони ҳалокшуда дар ин сонеҳа.


Бо як фармони раиси ҷумҳури Татаристон имрӯз - душанбеи 18-уми ноябр рӯзи мотам эълон шудааст.

Мақомоти Татаристон рӯихати шахсони ҳалокшуда дар ин сонеҳаро дар назди фурудгоҳ гузоштаанд. Ҳоло фаъолияти ин фурудгоҳ мувақатан қатъ шудааст ва ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳҳои атроф парвоз мекунанд.



Мақомоти ин кишвар мегӯянд, сабабҳои сонеҳаи ин ҳавопайморо таҳқиқ доранд ва ҳоло дар ҷойи ҳодиса ташхисҳои техникиву тиббӣ идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG