Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алайҳи ҳамсари як узви гурӯҳи “Ҳоҷӣ Ҳалим” барои аз таҳсил дур кардани фарзандон, парвандаи маъмурӣ боз шудааст.

Мақомот дар нисбати сокини Душанбе Дилбар Гургова, ҳамсари як узви гурӯҳи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода тибқи қонуни "Масъулияи падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", парванда боз кардаанд. Шавҳари Дилбар Гургова аз ҳашт моҳ ба ин тараф дар боздошт ба сар мебарад. Ин зан ду моҳи пеш зимни сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бинобар сахтии зиндагӣ тасмим дорад, фарзандонашро ба мактаб-инернат супорад.

Аммо хонум Гургова мегӯяд, чанде пас аз нашри сӯҳбаташ ба наздаш як корманди пулиси Шӯъбаи корҳои дохилӣ омад ва гуфт, мехоҳад барояш кӯмак кунад. Ба гуфтаи вай, "аз ҳуҷҷатҳои кӯдаконамро пурсид ва гуфт, ки мехоҳад бароям кӯмак кунад. Зери чанд ҳуҷҷат имзо гузоштам ва мунтазир будам, ки бароям кӯмак мекунанд. Аммо имрӯз ба прокуратура даъват шудам ва гуфтанд, ки барои аз таҳсил дур мондани ду фарзандат алайҳат парванда боз шудааст."

Ин хонум мегӯяд, пас аз боздошти шавҳараш сахттарин рӯзҳои зиндагиро пушти сар мекунад ва бинобар надоштани либос ва пардохт накардани пули мактаб, ду фарзандаш натавонистанд ба мактаб бираванд.

-Ҳар рӯз аз бачаҳоям пули мактаб мепурсиданд. Худам 480 сомонӣ пули хонаи иҷора бояд бидиҳам. Либос харида наметавонем. Ҳатто имрӯз ҳоло чизе нахӯрдаем ва кӯдаконам гурусна ҳаст. Дар мактаб интернат гуфтанд, ки танҳо шавҳармурдаҳоро қабул мекунем. Дигар намедонам чӣ кунам,-гуфт,ӯ.

Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки воқеан, аз ҷониби омӯзгорони мактаби рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансур шикоят шуда буд, ки ду хонанда моҳҳо боз дарсшиканӣ мекунанд. Ба гуфтаи як масъули ШКД, дар ин робита мавод тартиб дода ба додситонии ин ноҳия ирсол шудааст.

Шавҳари Дилбар Гургова ба узвият дар гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" гумонбар дониста мешавад. Ба қавли ӯ, пас аз боздошти шавҳараш аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон, зиндагии сангинеро пушти сар мекунад. Ӯ мегӯяд,моҳҳост, ки 5 фарзандаш танҳо бо чой ва нон қаноат мекунанд ва гоҳҳо рӯзро гурусна пушти сар мекунанд.

Дилбар Гургова ба далели бад будани вазъи молӣ тасмим дошт, фарзандонашро ба ятимхона супорад, аммо ҳеҷ ятимхонае фарзандонашро қабул накардааст. Ба қавли Дилбар, ӯ ва фарзандонаш таҳти фишори равонӣ қарор доранд. Бо далели он, ки гӯё шавҳараш “террорист” бошад, аз ҷониби баъзе ҳамсояҳо ҳам худаш ва ҳам фарзандонаш ҳарфҳои пасту баланд мешунидаанд: “Чапгирӣ мекунанд, ки шавҳари ту ин хел одам аст гуфта. Кор кардан намегузоранд.”

Шавҳари Дилбар Гургова, Амрулло Нуров, қаблан ба ҳайси ронанда кор карда, барои қисмҳои низомии вазорати дифоъ маҳсулоти ғизоӣ мекашондааст. Ӯ шаби 3 ба 4 сентябри соли 2015 барои бурда расондани одамони Ҳоҷи Ҳалим аз сӯи аъзои гурӯҳи ин генерал даъват мешавад.

Ба гуфтаи Дилбар Гургова, шавҳараш даъвати одамони Ҳоҷӣ Ҳалимро ҳамчун корманди давлатӣ пазируфтааст, на ҳамчун генерали ошӯбгар: "Вақте шавҳарам фаҳмидаст, ки ин ҷанг зидди давлат аст, даст кашида ба хона омад. Гуфт, вазъият бад аст. Қумандонашон Садриддин Неъматов гуфтанӣ одам, 6-уми сентябр занг зад, ки таслим шаванд. Шавҳари ман ҳам рафта таслим шуд. Гуфт, ки агар медонист ин амалиёт зидди давлат аст, аслан намерафт."

Ин хонум ягона нафаре нест, ки пас аз ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, ба мушкил дучор шудааст ё зери фишорҳои равонӣ қарор гирифтааст. Меҳрӣ, ҳамсари узви дигари гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим, низ бо чор фарзандаш дар яке аз деҳаҳои атрофи Душанбе зиндагӣ мекунад. Ӯ гуфт, “кӯдакони ҳамсояҳо бачаи террорист гуфта, дар бозӣ бачаҳоямро ҳамроҳ намегиранд. Худам, дар боғча кор мекардам ва пас аз ин ҳодиса муносибати ҳамкорон низ хеле сард буд. Бародарам ба хонаи худаш гирифта овард ва гуфт, то як муддат ҳамроҳаш бимонем.”

Амалиёти зидди гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар пайи ду ҳамлаи мусаллаҳонаи субҳи 4 сентябр ба шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат ва ба як посгоҳи милиса дар маҳаллаи “Гардиши фурудгоҳ”-и Душанбе, ки дар маҷмӯъ 9 тан аз нирӯҳои милисаро кушта бар ҷой гузошт, оғоз ёфт ва то 16 сентябр давом кард.

Дар ҷараёни амалиёти зидди гурӯҳи Назарзода, 17 тан аз нирӯҳои интизомӣ ва 25 тан аз аъзои он гурӯҳ, бо шумули раҳбараш Абдуҳалим Назарзода кушта ва ҳудуди 200 нафар дастгир шуданд. Мақомот масъулияти таҳия ва раҳбарии ин ҳамлаҳоро ба дӯши муовини вазири дифоъ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода гузошта, баъдан ҳизби наҳзати исломиро барои тарҳрезӣ ва сармоягузории ин ҳамлаҳо муттаҳам карданд.

Ба дунбол, бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ мамнӯъ ва террористӣ эълон шуда, ҳоло мурофиаи 13 узви раёсати олӣ ва шӯрои сиёсияш дар идома дорад. Бино ба иттилои наздикони ин афрод, рӯзи 24 феврал бархе аз аъзои гурӯҳи Ҳоҷӣ Ҳалим дар мурофиаи додгоҳӣ ин 13 танро ба даст доштан дар ошӯби моҳи сентябри соли гузашта айбдор кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG