Пайвандҳои дастрасӣ

Баҳси Украина Путинро маҷбур ба тарки нишасти G20 кард


Ҳамёзакашии Путин дар ҷараёни нишасти Брисбон. 15 ноябр

Ҳамёзакашии Путин дар ҷараёни нишасти Брисбон. 15 ноябр

Интиқодҳои шадид аз дасти Русия дар бӯҳрони Украина боис шудааст, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин пеш аз мӯҳлат нишасти сарони гурӯҳи G20-ро дар Брисбени Австралия тарк кунад.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 16 ноябр дар пайи рӯбарӯ шуданаш ба интиқодҳои шадиди раҳбарони ҷаҳон ба далели нақши кишвараш дар бӯҳрони Украина ҳанӯз қабл аз анҷоми нишасти сарони гурӯҳи G20 Австралияро тарк кард. G20 20 кишвари аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳид мекунад.

Путин бо баргузории нишасти хабарӣ барои як гурӯҳи мунтахаби хабарнигорон ва сухан кардан пеш аз изҳори назари мизбони нишаст – сарвазири Австралия Тони Эбботт протоколи нишасти G20-ро вайрон кард. Ӯ баъди ин ҳанӯз қабл аз имзои коммюнике(эъломия)-и ниҳоии нишаст Австралияро тарк гуфт. Путин гуфт, далели зуд рафтанаш ин аст, ки мехоҳад пеш аз оғози ҳафтаи нави корӣ каме дам бигирад: "Рӯзи душанбе ман бояд ба кор биравам. Умедворам, ягон 4 ё 5 соат бихобам. Ман инро ба Тони )Эббот) фаҳмондам ва ӯ маро фаҳмид."

Қаблан Кресл бо забони сухангӯи Путин – Дмитрий Песков – хабарҳо дар бораи эҳтимоли қабл аз анҷоми нишаст тарки ин ҷаласа кардани ӯро рад мекард. Ҳанӯз рӯзи шанбе хабаргузории Ройтерс хабар дода буд, ки Путин дар натиҷаи интиқодҳои шадиди байналмилалӣ, ки ӯ дар нишасти G20 ба далели нақши Маскав дар пуштибонӣ аз ҷудоиталабони тарафдораш дар шарқи Украина рӯбарӯ шуд, Брисбен – маҳалли баргузории нишасти имсоларо тарк мекунад.

Путин ҳамчунон ин иддаоҳоро, ки нирӯҳо ва силоҳҳои сақили артиши Русия дар Украина мустақар шудаанд, рад мекунад. Ӯ дар нишасти хабариаш, ки тавассути телевизиони Русия намоиш дода шуд, аз он шикоят кард, ки ба далели ҳаводисе, ки зери назорати ӯ нест, мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Ҳамзамон ӯ аз фазои нишасти Брисбон тавсиф кард ва гуф т, ҳарчанд “бархе назарҳои мо бо ҳам мувофиқ нест, вале баҳсҳо мукаммал, созанда ва муассир гузашт.” Ӯ ҳамчунин бо вуҷуди интиқодҳои Тони Эбботт аз сиёсатҳои Русия дар рӯзҳои охир, аз сарвазири Австралия барои хуб созмон додани кори ин нишаст ситоиш кард.

Путин дар ҳоле тарки Австралия кард, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 16 ноябр дар пайи мулоқотҳо бо сарвазирони Австралияву Ҷопон баёнияи муштараке нашр кард, ки мегӯяд, онҳо “дар амри мухолифат ба тасарруфи дағалонаи Қрим аз сӯи Русия ва иқдомҳояш барои бесубот кардани шарқи Украина ва ба масъулият кашондани афроди масъул дар суқути ҳавопаймои MH17” аз як гиребон сар баровардаанд.

Барак Обама - коала дар даст дар Брисбон

Барак Обама - коала дар даст дар Брисбон

Русия ба таъмини ҷудоиталабони тарафдори Русия бо шабакаҳои мушакии замин ба ҳавои “БУК” айбдор мешавад. Гумон меравад, ки дар моҳи июл ҳавопаймои мусофирбари Малайзияро бо 298 сарнишинаш дар осмони шарқи Украина маҳз бо чунин мушак задаанд. Обама рӯзи 15 ноябр гуфт, суқути ин ҳавопаймо нишон медиҳад, ки “таҷовузи Русия ба Украина таҳдид ба тамоми дунёст.”

Дар арафаи нишасти G20 дар матбуоти Русия аксҳои ҳавопаймое нашр шуд, ки гӯё ҳавопаймои Малайзияро ҳамон задааст. Хабарнигорони тарафдори Кремл билофосила ин ҳавопайморо аз Украина ба қалам дода, масъулияти суқути ҳавопаймои мусофирбар ва қатли қариб 300 нафарро бар дӯши Киев бор карданӣ шуданд. Вале, тавре аз рафти нишасти G20 мушоҳида мешуд, дар Ғарб ба ин иддао касе бовар накардааст.

Акнун интизор меравад, ки Обама ва раҳбарони Аврупо рӯзи 16 ноябр дар як мулоқот масъалаи таҳримоти боз ҳам бештар алайҳи Русияро баррасӣ кунанд.

Раҳбарони дигар низ дар нишасти G20 иддаои Путинро, ки мегуфт, дар Украина нирӯҳои Русия нестанд, дар маҳзари ом ба интиқод кашиданд.

Ин интиқодҳо дар пайи изҳороти фармондеҳи аршади паймони низомии НАТО дар Аврупо буд. Фил Бридлов тасдиқ кард, ки тайи ҳафтаи гузашта “чандин корвон”-и тонкҳову тӯпхонаҳо, шабакаҳои зиддиҳавоӣ ва нирӯҳои низомӣ аз қаламрави Русия марзи Украинаро убур кардаанд.

Масъалаи Украина расман дар рӯзномаи нишасти Брисбон набуд, вале дар амал ин бӯҳрон ба як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар мулоқотҳои ғайрирасмии Владимир Путин бо сарвазири Бритониё Девид Камерон, раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд, сарвазири Итолиё Маттео Рензи ва сарвазири Канада Стивен Ҳарпер табдил ёфт. Ҳарпер, барои мисол, ҳанӯз дар лаҳзаҳое Путин дастонашро мефишурд, гуфт: “Фикр мекунам, ман ҳам дастони шуморо хоҳам фишурд. Вале ман танҳо як чиз барои гуфтан ба шумо дорам. Шумо бояд тарки Украина кунед.”

Камерон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки ба сурати алоҳида дар ҳошияи нишасти Брисбон сӯҳбат мекарданд, ҳушдор доданд, ки агар Маскав нирӯҳову таслиҳоташро аз шарқи Украина берун накашад, ба таҳримҳои бештаре рӯбарӯ хоҳад шуд.

Камерон рӯзи 16 ноябр баъди тарки ин нишаст кардани Путин гуфт, нишасти G20 ба раисиҷумҳури Русия “паёми хеле рӯшане фиристодааст.” Ӯ қаблан гуфт, агар Украинаро боз ҳам бештар бесубот кунанд, барои “ҷаҳони боқӣ – Аврупо, Амрико, Бритониё – чораи дигаре, ба ҷуз аз иқдоми бештар бо забони таҳримҳо” алайҳи Русия боқӣ нахоҳад монд.

Меркел ба хабарнигорон гуфт, Иттиҳодияи Аврупо ба далели бӯҳрони Украина мавзӯъи эъмоли таҳримоти бештари молӣ ба зидди шахсони алоҳида дар Русияро баррасӣ мекунад. Ӯ гуфт, рӯйхати шаҳрвандони бештари Русия, ки ҳадафи таҳримот қарор хоҳанд гирифт, “дар дасти баррасист.”

Президенти Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй гуфт, агар Русия нирӯҳо ва таслиҳоташро аз Украина берун наорад, вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо алакай дар ҳамин моҳи ноябр ба хотири баррасии таҳримоти бештари зидди Маскав ташкили ҷаласа мекунанд. Ван Ромпуй гуфт, Русия бояд ҳамчунин нуфузаш бар чирикиҳо дар шарқи Украианро ба манзури мурооти қарордоди оташбаси рӯзи 5 сентябр ба кор барад. Ин оташбас ба ҷангҳои густарда дар шарқи Украина асосан нуқта гузошт, вале ҳар рӯз дар бораи поймол шуданаш дар ин ё он гӯшаи вилоятҳои ҷудоиталаби Донетску Луҳанск гузоришҳо ба даст мерасанд.

Ба ҳисоби СММ, аз оғози даргириҳо байни нирӯҳои давлатии Украина ва ҷудоиталабони тарафдори Русия, ки қисматҳои бузурге дар вилоятҳои умдатан русзабони Донетскук Луҳанск, бо шумули марказҳои маъмурии ин ду вилоятро ба даст овардаанд, беш аз 4000 нафар ҷон бохта, даҳҳо ҳазор нафари дигар бехонавудар шудаанд.

Ҷудоиталабон дар шарқи Украина моҳи апрел, як моҳ баъд аз тасарруфи нимҷазираи аксари аҳолиаш русзабони Қрим аз сӯи Русия сар баланд карданд ва моҳи май аз таъсиси “Ҷумҳурии мардумии Донетск” ва “Ҷумҳурии мардумии Луҳанск” хабар доданд. Дар Ғарб ва дар Киев мутмаинанд, ки ҷунбишҳои ҷудоиталабӣ дар Украинаро Маскав пуштибонӣ ва бо нирӯҳову силоҳу пул таъмин мекунад. Маскав инро рад мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG