Пайвандҳои дастрасӣ

С.Абдуллоеваро ба мулоқот бо президент роҳ надоданд


Санавбар Абдуллоева

Санавбар Абдуллоева

Санавбар Абдуллоева, яке аз моликони бозори “Ином”-и ноҳияи Шаҳритӯс мегӯяд, ба ӯ имкон надодаанд, ки шикояташ аз додарарӯси президентро ба худи Эмомалӣ Раҳмон бирасонад.

Санавбар Абдуллоева, яке аз моликони бозори “Ином”- и Шаҳритус, ки ду сол боз бо Муҳиббулло Саъдуллоев, додарарӯси президенти Тоҷикистон бар сари саҳмияҳои ин бозор баҳси моликият дорад, рӯзи 12 октябр натавонистааст арзи худро мустақиман ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бирасонад. Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо як боздид дар Шаҳритӯс қарор дошт.

Санавбар Абдуллоева дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, масъулини ноҳия субҳи рӯзи якшанбе дар атрофи манзили зисти ӯ милисаҳоро гузоштанд ва ҳангоме ки вай мехост аз хона берун шавад, ӯро ба шӯъбаи корҳои дохила бурдаву ду соат онҷо нигоҳ доштаанд. Хонум Абдуллоева гуфт, ӯ танҳо мехост арзашро дар робита ба беадолатии додгоҳҳо ва талоши аз дасти ӯ гирифтани бозорро ба худи раисиҷумҳур расонад, вале мақомоти ноҳия ӯро қасдан ба мулоқоти раисиҷумҳур роҳ надоданд, чун медонистанд, ки ӯ ҳатман аз ноадолатиҳо хоҳад гуфт.

Ӯ афзуд: “Аз дирӯз талоши дарёфти даъватнома барои ширкат дар ин мулоқот бо президентро доштам. То дари амният рафтам. Дар ҷаласаи омодагӣ барои пешвози президент бо ҳузури раиси ноҳия маро аслан роҳ надоданд. Ҳама корро карданд, ки ман то пеши президент нарасам. Маҷбурӣ ба мошин шинонда, милисахона бурданд ва гуфтанд, ин корро накун. Гуфтанд, аз масъалаи шумо Ҷаноби олӣ хабар дорад ва худашон шуморо баъдан даъват мекунанд.”

Мақомоти Шаҳритӯс иддаои Санавбар Абдуллоева дар бораи гӯё ду соат нигоҳ доштанаш дар шӯъба ва монеъ шудан ба талоши ӯ барои мулоқот бо раисиҷумҳурро шарҳ надодаанд.

Муҳибулло Саъдуллоев

Муҳибулло Саъдуллоев

Санавбар Абдуллоева ва шавҳараш Бурҳон Абдуллоев иддао доранд, ки бозори “Ином”, воқеъ дар маркази Шаҳритӯсро Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон ва бародари раиси «Ориёнбонк» - Ҳасан Асадуллозода, мехоҳад аз худ кунад. Аммо ҷониби муқобил ин даъворо рад карда, мегӯяд, ин бозор аз оғоз ба Муҳибулло Саъдуллоев тааллуқ дошт. Ин баҳс ду сол аст идома дошта, мавзӯъи алакай 10 парванда шудааст.

Видеоҳо аз ҷараёни моҷаро байни додарарӯси президент ва Санавбар Абдуллоева дар Интернет низ тамошобини зиёде пайдо кардаанд:

Дар моҳи майи соли равон Додгоҳи олии иқтисодӣ 50 дарсади саҳмияҳои бозори “Ином”-ро ба Муҳибулло Саъдуллоев ва шарики тиҷории ӯ Холназар Достиев дод. Баъди ин ҳама баҳсҳои зиёди додгоҳӣ, Санавбар Абдуллоева хост ин қазияро ба гӯши президент расонад, аммо ин талошаш ҳам ноком шуд.

Санавбар Абдуллоева аввалин нафаре нест, ки мақомот монеъи роҳ ёфтани онҳо ба мулоқоти раисиҷумҳур зимни сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии мухталиф мешаванд. Яке аз чунин занҳо Моҳлиқо Каримова аз ноҳияи Фархор аст, ки соли гузашта зимни сафари пешазинтихоботии оқои Раҳмон ба ин ноҳия хост, ки баҳси заминашро ба самъи президент бирасонад, вале маъмурони милиса ӯро ба толори маҷлис роҳ надоданд.

Яке аз мулоқотҳо бо Э.Раҳмон дар водии Вахш

Яке аз мулоқотҳо бо Э.Раҳмон дар водии Вахш

Дар ҷараёни сафари кунунии Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии водии Вахш, ки бо андаке фосила аз 6 октябр идома дорад, сокинон дар чанд ноҳияи дигар низ аз он шикоят доштанд, ки мақомоти маҳаллӣ ба мулоқотҳо танҳо шахсони аз пеш санҷидашудаву тайёршударо роҳ медиҳанд, ки мабодо касе ягон камбудии мавҷуда дар минтақаро ба гӯши раисиҷумҳур бирасонад. Ин дар ҳолест ки бисёриҳо ба самъи Эмомалӣ Раҳмон расондани мушкили худро худро охирин умед ба ҳалли ин мушкил мебинанд.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, бо эҷоди монеа барои мардум дар роҳи наздик шудан ба президент мақомот мехоҳанд, вонамуд кунанд, ки зиндагии ҳама хуб асту касе аз чизе шикоят надорад. Ҷаноби Ҳакимов меафзояд, ин ҳам дар ҳолест, ки чунин сафарҳои президент ба минтақаҳо бояд баръакс як василаи ошноии ӯ бо вазъи воқеии рӯзгори мардум мешуд: “Бо роҳ надодани мардуме, ки ба раисҷумҳур арзу шикояти худро расондан мехоҳанд, мақомоти маҳалливу марказӣ пайваста кӯшиш мекунанд, вонамуд кунанд, ки вазъи зиндагии ҳама хуб аст ва касе норозӣ нест. Ба ҳамин хотир аксаран ин мулоқоту вохӯриҳо, дилгиркунанда аст ва барномааш ҳам якранг. Зимни ин сафарҳо дар маҳалҳо кӯшиш мешавад, ки мардумрову суханрониҳо ва ҳатто саволҳои онҳоро аз қабл омода кунанд.”

Ғолибан ин сафару мулоқотҳо тариқи телевизион ба такрор намоиш мешавад ва ба гуфтаи коршиносон, шикваву нолаи мардум аз зиндагӣ метавонад наворҳои ба сурати умум “некбинона”-и телевизионҳои давлатӣ аз сафару мулоқотҳои раисҷумҳур бо мардумро “халалдор” созад. Аз наворҳои батакрори телевизиони Тоҷикистон дида мешавад, ки дар мулоқотҳо бо раисҷумҳур гоҳо иттифоқ меафтад, ки мардуми ниёзманд ва ё ятимон ба сӯҳбати президент дастёб мешаванд ва ҳатто баъзан президент саховат нишон додаву ба онҳо хона ё роҳхати донишгоҳ медиҳад. Ин дар дили мардум бовареро ба вуҷуд овардааст, ки як ҳарфи президент метавонад зиндагии онҳоро тағйир диҳад. Бисёриҳо бо ҳамин умеду ҳамин бовар солҳову моҳҳо мунтазири сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи худ мешаванд, аммо дар ниҳоят на ҳама ба дидор бо президент муваффақ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG