Пайвандҳои дастрасӣ

Бӯҳрони Русия ҳукуматҳои Осиёи Марказиро барои як сӯ гузоштани ғурури сиёсӣ ва бознигарӣ кардани назарашон ба тиҷорат бо ҳамсояҳо водор сохтааст.

Дар дафтари СММ дар Женева рӯзи 3 июл нишасте дар масоили ҳамкориҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шурӯъ шуд. Дар нишасти таҳти раёсати Комиссиюни иқтисодии аврупоии СММ, ҳайатҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон ширкат доранд. Ба ҳайати Тоҷикистон муовини вазири тиҷорат ва рушди иқтисодӣ Саидраҳмон Назриев раҳбарӣ мекунад.

Ҷамшед Ҳомидов, намояндаи доимии Тоҷикистон дар муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ дар Женева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нишаст дар чаҳорчӯби Барномаи вижаи СММ барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ СПЕКА баргузор мешавад – даҳ сол пеш Афғонистон ва Озарбойҷон ҳам ихтиёрӣ ба ҷамъи панҷ кишвари минтақа дар ин барнома пайвастанд. Дар ин нишаст ба заъиф будани ҳамкориҳои иқтисодии минтақаӣ ва аз ин рӯ зарурати таҳияи стратегияҳои миллӣ ва минтақаӣ ё “харитаи роҳ” оид ба содда кардани тиҷорат ва дарёфти роҳҳои ҳарчӣ камтар кардани осеби бӯҳрони иқтисодии Русия ба Осиёи Марказӣ таъкид шуд

ДАР ДУРОҲАИ БӮҲРОНӢ

Бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, ки паёмади таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо барои дахолати Маскав ба умури Украина аст, ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ зарбаи ҷиддӣ зада, боиси пойинрафти қурби пули миллӣ, афзоиши қимати захираҳои энерҷӣ дар ин қаламрав, бозгашти оммавии муҳоҷирон аз Русия ва дар пайи он коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳои онҳо шудааст. Магбат Спанов, профессори Донишгоҳи тиҷорати байналмилалии Қазоқистон, мегӯяд, ин бӯҳрон дар Қазоқистон боиси болоравии таваррум ва афзоиши нархи маҳсулот гардид. Ин осеб шояд хело ҷиддитар мешуд, агар ҳукумати Қазоқистон ба таври оҷил барномаи нави зиддибӯҳронӣ қабул намекард ва беш аз 3 миллиард доллари Бунёди миллии нафтро барои кам кардани таъсири бӯҳрон равона намесохт.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки аз як сӯ, кишварҳои минтақа аз таъсири бӯҳрон сахт нигаронанд ва аз сӯи дигар, коҳиши ҳамкорӣ бо Русия ва бештар рӯ овардан сӯи дигар абарқудрати минтақаӣ Чин ҳам ба салоҳи кор нест Ба гуфтаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик, аввалан, иқтисодҳои минтақаву Русия пайванди зич доранд ва сониян, ҳеҷ итминоне нест, ки фардо ин гуна вазъ ба сари Чин наояд. “Агар муҳоҷирони тоҷику узбаку қирғиз Русияро тарк кунанд, Қазоқистон имкони таъмини ҳамаи онҳо бо корро надорад... Мо наметавонем, ки Русия гандум, нафт, оҳан нахарем”.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ба гуфтаи донишманди тоҷик, аз бӯҳрони Русия Тоҷикистон назар ба дигар ҳамсояҳо зарари бештар дидааст, зеро дар Тоҷикистон солҳои ахир саноати калон аз байн рафтааст. “Мо бояд сиёсати табодули воридотро роҳандозӣ мекардем, яъне саноати калонро эҳё ва вобастагии Тоҷикистонро аз Шарқу Ғарб камтар мекардем”, мегӯяд Ҳоҷимуҳаммад Умаров. Ахиран Бонки Миллии Тоҷикистон боз аз як осеби бӯҳрони Русия хабар дод -тайи се моҳи аввали сол интиқоли пули муҳоҷирон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 42,4 дар сад камтар шудааст, яъне, имсол ба Тоҷикистон 289 миллион доллар камтар ворид гардид. Вазъ дар Узбакистон низ тақрибан ҳамин гуна аст – дар семоҳаи аввали сол аз Русия ба ин кишвари Осиёи Марказӣ назар ба як соли пеш 49 дар сад ё тақрибан 500 миллион доллар камтар маблағ омадааст.

ҚАҲРИҲО ДАСТИ ОШТӢ ДАРОЗ МЕКУНАНД?

Бозорбой Мамбетов, иқтисоддони қирғиз ва намояндаи пешини Қирғизистон дар Иттиҳодияи иқтисодии АвроОсиё, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бӯҳрони Русия кишварҳои минтақаро водор кардааст, ки ғурури сиёсиро як сӯ гузошта, дар андешаи роҳандозии робитаҳои беҳтари иқтисодиву тиҷоратӣ шаванд. Агар ин кишварҳо даст ба дасти ҳам надиҳанд, вазъи иқтисодияшон рӯз то рӯз бадтар мешавад ва ин, дар навбати худ, норозигии мардумро бештар хоҳад кард. Ба вижа, ки барои ҳамкории зичтари ҳамсояҳо ҳама шароитҳо муҳайёанд – “онҳо аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, табиат, сохторҳои зербиноӣ пайванди қавӣ доранд, роҳи оҳани муштарак, роҳҳои мошингари муштарак, системи воҳиди тақсими нерӯи барқ доранд ва аз оби рӯдхонаҳои муштарак баҳра мебардоранд”.

Айни ҳол, ба гуфтаи иқтисоддони қирғиз, нармииву гармие дар робитаҳои миёни Тошканду Душанбе ва Бишкеку Тошканд эҳсос мешавад, чизе, ки ҳатто як сол пеш баъд аз “қаҳрии бисёрсола”, моҷаро сари бунёди нерӯгоҳҳо дар Тоҷикистону Қирғизистон ва низои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон ғайрмумкин ба чашм мерасид. Моҳи гузашта дар ҷаласаи Кумиссиюни байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистон Тошканд гуфта шуд, ки корхонаҳои Узбакистон барои таъмини бозори Тоҷикистонро бо молҳои зиёде, бо шумули мошинҳои сабукраву боркаш, автобусҳо, мошинҳои кишоварзӣ, маҳсулоти саноати кимиё, дастгоҳҳои барқӣ омодааанд.

Интизор меравад, ки бори аввал баъд аз фурӯпошии шӯравӣ намоишгоҳи тавлидоти Тоҷикистон дар Тошканд ва ҳамин гуна намоишгоҳи маҳсулоти саноатиии Узбакистон дар Душанбе баргузор шавад. Дар ҷаласа таъкид шуд, ки тиҷорат байни Тоҷикистону Узбакистон афзуда, фақат дар 4 моҳи аввали сол ду кишвар дар ҳаҷми 49 миллион доллар табодули молу коло кардаанд, дар ҳоле, ки чанд сол пеш бар асари мухолифатҳо гардиши мол байни Тоҷикистону Узбакистон ба шиддат коҳиш ёфта то 4, 6 миллион доллар дар як сол пойин рафта буд.

КӢ КУРПАРО ТАРАФИ ХУД МЕКАШАД?

Бозорбой Мамбетов мегӯяд, ки дар равобити миёни Тошканду Бишкек ҳам хирад боло мегирад ва онҳо музокиротро ба хотири робитаҳои зичтар шурӯъ кардаанд. “Агар Узбакистон ба Қирғизистон газ диҳад, Қирғизистон рудхонаи Сирдарёро он қадар сероб мекунад, ки Узбакистон дар таъмини заминҳои кишоварзияш дар водии Фарғона ҳеҷ мушкилро эҳсос нахоҳад кард”. Узбакистон воқеъан дарк намудааст, ки бояд бо ҳамсояҳо дӯстона зиндагӣ кунад, меафзояд донишманди қирғиз ва хулоса мекунад, ки баъд аз 24 соли фурӯпошии шӯравӣ раванди “ба тарафи худ кашидани курпа” дар Осиёи Миёна оҳиста-оҳиста аз байн меравад.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон мегӯянд, Тоҷикистон ҳам чун Қирғизистон ба он ниёз дорад, ки аз Узбакистон бо нархи арзонтар газ бихарад ва аз роҳи оҳану роҳҳои заминии он кишвар истифода барад. Солҳо боз мавзӯи қимати газ ва роҳбандӣ аз сӯи Тошканд боиси моҷароҳо миёни ду кишвари ҳамсоя мегардад. Аз сӯи дигар, Тоҷикистон манфиатдор аст, ки трактору дигар таҷҳизот ва нуриҳои минералии барои бахши кишоварзӣ заруриро низ на аз кишварҳои дур, балки аз Узбакистони ҳамсоя бихарад.

Аммо таҳлилгарону соҳибкорон мегӯянд, ки то он рӯз роҳи пуршебу фарозе дар пеш аст. Наҷиб Ҳамроев, соҳибкори тоҷик мегӯяд, ки ҳоло рақобат дар бозори Осиёи Марказӣ хело шадид буда, ҳар кишвар барои ҳифзи тавлидоти худ талош мекунаду аз вуруди маҳсулоти кишвари ҳамсоя ҷилавгирӣ мекунад. “Ман ба Узбакистон дар робита ба содироти маҳсулоти “Шоҳона” сафари корӣ доштам ва вақте дар гумруки он кишвар нархномаи расмии боҷро ба ман нишон доданд, дидам, ки назар ба нархи маҳсулот 900 фойиз бештар аст... Маҷбур шудем, ки аз бастани шартнома худдорӣ кунем”, мегӯяд Наҷиб.

Аз нигоҳи Ҳоҷимуҳаммад Умаров, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд дар бахшҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ ва саноати кӯҳӣ, дар хадамоти нақлиёти ҳавоӣ, роҳи оҳан, роҳсозӣ ва истифода роҳҳо робитаи зичтар дошта бошанд ва баъзе тавлидотро на бо нархи даҳчанд аз кишварҳои дур, балки аз ҳамдигар бихаранд. Тоҷикистон ба Узбакистон, аз ҷумла, ба миқдори зиёд картоша, сабзӣ, помидор, навъҳои ангуре, ки дар кишвари ҳамсоя нест, гушти гов ва дигар тавлидоташро метавонад содир кунад. Агар монеъаҳо аз байн бардошта шаванд, худи ҳамин рӯз дар бозорҳои Тошканд аз нархи бозорҳои Душанбеу Хуҷанд огаҳ мешаванд ва айни ҳол дар Душанбе хоҳанд донист, ки нархҳо дар бозорҳои Тошканду Фарғонаву Бухорову Самарқанд чӣ гуна аст ва дар сурати камчин шудани маҳсулоте зуд ҷойи он пур карда хоҳад шуд, мегӯяд иқтисоддони тоҷик.

Дар қаламрави Осиёи Марказӣ тақрибан 68 миллион нафар ба сар мебаранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG