Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрон рафтори мардумро дар Русия дигар мекунад


Равоншинос Тоҳир Бозоров мегӯяд, бӯҳрони иқтисодӣ аллакай тағйироте дар рафтору муносибатҳои мардум дар ҷомеи Русия эҷод карда, як қисми мардумро бештар ҷангҷӯву пархошгар ва асабонӣ кардааст.

Равоншинос Тоҳир Бозоров мегӯяд, бӯҳрони иқтисодӣ дар Русия, ки эҳтимолан солҳо тӯл мекашад, рафтори русҳоро дигар мекунад. Баъзеи онҳо дар худ ғӯтта мезананд ва баъзеи дигар аз хашму нотавонӣ ба ҳуҷум мегузаранд.

Русия дар ҳолати бӯҳрони иқтисодӣ ба соли нави 2015 ворид шуд. Ин бӯҳрон тӯлонӣ буда, ба зиндагиву барномаҳои ҳар як шаҳрванди ин кишвар таъсир меузорад. Тоҳир Бозоров, профессори кафедраи равоншиносии иҷтимоӣ дар мактаби олии иқтисодии Русия, 4 ҳолати тағйири рафтор дар ҷомеаи ин кишварро пешгӯӣ мекунад.

Ҳолати аввал ба онҳое марбут мешавад, ки таҳти фишори иқтисодиву иҷтимоӣ рафтори комилан пешгӯинашаванда хоҳанд дошт. Ин гурӯҳ метавонад майзада шавад ва кору хонаводаи худро аз даст диҳад, агар пулдор бошад, дар худ фурӯ меравад ва файласуф мешавад.

Аммо ба назари Тоҳир Бозоров, бахши умдаи ҷомеаи Русия ба сӯи ҳолати дувум ҳаракат мекунанд – пархошгар, ҷангҷӯ ва асабонӣ мешаванд. Онҳо бӯҳронро як мушкили ҳалнашаванда баррасӣ мекунанд, дарҳол гунаҳкорро пайдо мекунанд ва мушаххас мекунанд, ки кӣ онҳоро ба ин ҳол овард? Ба эҳтимоли қавӣ онҳо дар гурӯҳҳое ба ҳам меоянд ва танҳо амал намекунанд. Рафтори ин гурӯҳ қобили пешгӯӣ нест. Онҳо барои худ ҳадаф меёбанд ва хашму ғазаби худро дар ин ҳадаф холӣ мекунанд. «Ба назари ман ин гурӯҳ хеле бузург хоҳад буд,»- мегӯяд равоншинос Тоҳир Бозоров.

Ҳолати сеюми тағйири рафторро оқои Бозоров бештар ба мардуми ҳирфаӣ марбут медонад. «Ҳирфаиҳо бештар дар худ ғӯттавар мешаванд, дар худ гум мешаванд ва решаи мушкилотро дар ноуҳдабароии худ меҷӯянд. Ин гурӯҳ комилан безарар аст,» - мегӯяд равоншинос.

Аз ҳама ҷолиб, аз назари ин равоншинос, гурӯҳи чаҳорум аст, гурӯҳе, ки бӯҳронро ҳамчун имкони олӣ барои татбиқи ҳунару тавони худ баррасӣ мекунад. «Бӯҳрон барои ин гурӯҳ мисли модари меҳрубон аст, хуб шуд, ки рубл ба замин зад, хуб шуд, ки акнун тарҳҳои бузург баста мешаванд ва акнун замоне одамоне мерасад, ки то ҳол талош мекарданд, пешона бар девор мезаданд, вале муваффақ намешуданд. Эҳтимоли танишҳо дар заминаи мазҳабӣ, миллӣ ва профессионалӣ низ дар миён аст,» - мегӯяд Тоҳир Бозоров, профессори мактаби олии иқтисодии Русия.

Тоҳир Бозоров мегӯяд, нафароне, ки ба гуруҳҳои якуму дуюм дохил мешаванд, ба осонӣ метавонанд таҳти нуфуз ва мавриди сӯиистифода қарор бигиранд. Махсусан гуруҳи дуюм, гурӯҳи пархошгар, маътали ишора аст. Ҳар ақидаеро метавон осон ба ин гурӯҳ талқин кард ва онҳоро ба шӯр овард. Аз ин рӯ, вокуниши пешгӯинашавандаи ин гурӯҳ ба масоили мазҳабиву миллӣ эҳтимол дорад. Хатари ин гурӯҳ дар амалкардҳои дастаҷамъона аст.

Тоҳир Бозоров имкони пайдо шудани лидерҳои навро дар шароити бӯҳрони амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ ногузир мешуморад. Ӯ мегӯяд, ин лидерҳо махсусан вақте пайдо мешаванд, ки авзо аз контрол хориҷ мешавад. «Ба сурати умум ин лидерҳо аллакай вуҷуд доранд ва бастагӣ ба он дорад, ки авзоъ дар заминаи густардатар чӣ гуна рушд мекунад. Солҳои 90-ум низ ҳамин хел буд, ин одамҳо дар ҷойҳое вуҷуд доштанд, ба корҳои мухталиф машғул буданд. Аммо дар як он чолокона ба лифти иҷтимоӣ нишастанд ва ба боло ҳаракат карданд,»- мегӯяд Тоҳир Бозоров.

Профессор Бозоров ба ин суол ки барои пешгирӣ аз афтодан ба ҳолати мушкил чӣ бояд кард?, мегӯяд: «Дар чунин ҳолатҳо инсон танҳо метавонад ба арзишҳои худ такя кунад. Қабл аз ҳама набояд ҳаяҷониву дастпоча шаванд. Зеро ҳаяҷону асабоният барои қабули қарори даркорӣ мушовири хуб нестанд ва ба барои тасмимҳои беҳосилу бемаънӣ роҳ мекушоянд. Дуввум бояд сари гузинаҳои худӣ ҳисоб кард- донишу таҷриба, тавон ва робитаҳо. Агар робитаҳо бо афроди зарурӣ канда бошанд, бояд онҳоро барқарор кард. Ин чизи калидӣ аст. Сеюм, тамоми аҳдофро, ки то ҳол мотори пешрафти шумо буд, бори дигар аз назар гузаронед ва таҳлил кунед, ки ман куҷо меравам ва чӣ аз ман вобаста аст ва чаҳорум албатта одамони наздики шумо. Манзурам, оила, дӯстон, ҳамсояҳо ва онҳоест, ки бо шумо робитаи наздик доранд. Агар ҳаяҷонӣ нашавед, ҳатман роҳи ҳалле пайдо мешавад.»

«Ягона формулае, ки ман борҳо дар ҳолатҳои бӯҳронӣ санҷидаам ва ғайримаъмулӣ ба шумо машварат медиҳам. Аввалан, танҳо аз рӯи ақли худ кор кунед ва назорат баред, ба сигналҳои заифи атрофи худ аҳамият диҳед, ҳатъман ҳамонеро меёбед, ки барои шумо зарур аст. Дуюм, омӯзед, ба маънои пуррааш, тахайюли худро рушд бидиҳед ва сеюм, амал кунед. Амал аз элементҳои муҳими ин формула аст, иродаи худро ба кор баред. Беш аз фикр, амал кунед ва аз иштибоҳ натарсед. Иштибоҳ ин капитали шумо аст, интихоби шумост барои пешрафтҳои оянда,» - машварат медиҳад Тоҳир Бозоров, профессори кафедраи равоншиносии иҷтимоӣ дар мактаби олии иқтисодии Русия.

XS
SM
MD
LG