Пайвандҳои дастрасӣ

Парванда алайҳи сарвазири собиқ


Самаков, Чудинов ва Айдаралиев

Самаков, Чудинов ва Айдаралиев

Додситонии кулли Қирғизистон мехост се номзад ба вакилии парлумонро ба масъулият кашонад, вале Кумиссиюни интихобот ба ин иҷозат надод.

Дар Қирғизистон Кумиссиюни марказии интихоботӣ иҷоза надод, ки додситонии кул номзадҳо ба вакилии парлумонро ба ҷавобгарӣ кашонад. Додситонӣ мехост бар зидди Игор Чудинов - нахуствазири пешин, Искандарбек Айдаралиев - муовини нахуствазири пешин ва Карганбек Самаков парвандаи ҷиноӣ боз кунад.

Кумиссиюни марказии интихоботӣ пофишорӣ дорад, ки онҳо чун номзад ба вакилии парлумон сабти ном шудаанд ва бояд дар маъракаҳои интихоботӣ ширкат варзанд.

Ин афрод барои ғайриқонунӣ додани 262 гектар замин ба вилояти Чуй гунаҳгор дониста мешаванд. Ин кор соли 2008 сурат гирифтааст, вале танҳо дар ин рӯзҳо додситонӣ ба ин масъала таваҷҷуҳ кардааст.

Интихоботи парлумонии Қирғизистон рӯзи 4 октябр доир мешавад. 14 ҳизби сиёсӣ номзадҳои худро ба ин маърака пешбарӣ кардаанд. Вакилони Ҷогорку Кенеш - парлумони Қирғизистон - танҳо аз рӯйхатҳои ҳизбӣ интихоб мешаванд.

Дар мусоҳибае аз Бакит Бакетаев - коршиноси қирғиз дар Бишкек пурсидам, чаро додситонии кул акнун бар зидди ин афрод мехоҳад парванда боз кунад ва роҳи онҳоро ба вакилии парлумон бибандад?

Бакетаев: Мардум ё интихобкунанда бояд бовар ҳосил кунад, ки мо дар кишвари дигар, яъне дар кишвари демократӣ зиндагӣ мекунем. Вале дар миёни кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти расмӣ ҳанӯз шахсоне ҳастанд, ки ҳамоно бо шеваҳои кӯҳна фикр мекунанд. Онҳо наметавонанд худдорӣ кунанд ва аз бартариҳои маъмурии худ мехоҳанд истифода баранд. Вале демократия ва парламентаризм нокомии чунин мақомотро нишон дод. Додситонӣ мехост, ки онҳоро аз феҳристи номзадҳои парлумон хориҷ кунад. Вале қонуни интихоботии Қирғизистон иҷоза намедиҳад, ки касе ба номзади сабтиномшуда барои вакилии парлумон халал расонад. Барои ҳамин Кумиссиюни марказии интихоботӣ тасмим гирифт, ки номи онҳоро дар феҳристи номзадҳо ҳифз кунад.

Радиои Озодӣ: Агар онҳо вакили парлумон интихоб шаванд, масунияти вакилӣ пайдо мекунанд. Дар он сурат боз ҳам додситонӣ метавонад талошҳои худро идома диҳад ва парванда боз кунад?

Бакетаев: Агар онҳо вакили парлумон интихоб шаванд, дар он сурат додситонии кул бояд барои боз кардани парванда ба парлумон муроҷат кунад. Мо барои масунияти вакилҳои парлумон хеле мубориза кардем. Вале муттаассифона, додситонии кул таҷрибаи боз кардани парвандаҳоро дорад ва баъзе моддаҳои қонун масуниятро истисно медонанд. Ба ин сабаб додситонӣ аз парлумон иҷоза намепурсад.

Радиои Озодӣ: Ҳоло дар Қирғизистон сару садоҳое шунида мешавад ва ҳатто дар матбуот ҳам менависанд, ки дар ҷараёни маъракаҳои интихоботӣ раъйи интихобкунандагон дар байни ҳизбҳои сиёсӣ хариду фурӯш мешавад. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Бакетаев: Дар воқеъ 14 ҳизб вакилони худро пешниҳод кардаанд ва барои интихобкунандагон омӯзиши 14 барномаи ҳизбӣ мушкил аст. Барои ҳамин ҳоло ҳизбҳо таблиғи барномаҳояшонро тақрибан қатъ кардаанд. Онҳо бештар ба мубаллиғон пул медиҳанд, ки онҳо ҳизбҳоро дар байни интихобкунандагон таблиғ кунанд. Ин мубаллиғон пеш аз ҳама онҳоеянд, ки дар ҷомеа эътибори зиёд доранд, дар гузашта мақомҳои ҳукуматӣ ва давлатиро ишғол кардаанд, хешу табор мебошанд. Консертҳо ва зиёфатҳо дуруст мекунанд. Албатта, ҳамаро назорат кардан ғайриимкон аст. Вале гуфтан мумкин аст, ки пул нақши аслиро бозӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG