Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи шавҳари Шаҳлои ҷавонмарг


Шаҳло Рустамхоҷаева дар рӯзҳои арӯсиаш

Шаҳло Рустамхоҷаева дар рӯзҳои арӯсиаш

Додситонии ноҳияи Шоҳмансур алайҳи шавҳари зане, ки худро ҳафтаи гузашта дар яке аз толорҳои ҳусни пойтахт овехт, парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Додситонии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе алайҳи шавҳари Шаҳло Рустамхоҷаева, ҷавонзане, ки чанд рӯз пеш ҷасади овехташудааш дар утоқи кориаш пайдо шуда буд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Икром Сатторови 32-сола, шавҳари Шаҳло Рустамхоҷаева бар асоси моддаи 109, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне «ба худкушӣ расонидан»-и ин ҷавонзан гумонбар дониста мешавад.

Масъулони додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло маълум нест, ки Икром Сатторов то куҷо дар худкушии ин зан нақш доштааст. Ҳоло, ба гуфтаи онҳо, ташхису тафтиш дар мавриди ҳодиса пурра ба анҷом нарасидааст, вале аз рӯи далелҳои аввалия парванда боз шудааст.

«Аммо шавҳари ин зан танҳо гумонбар аст, яъне ҳоло ӯ айбдор дониста намешавад. Танҳо дар сурате ӯ айбдор дониста мешавад, ки шоҳидон ва далелҳо пурра инро тасдиқ кунанд. Ҳоло шоҳидон пурисда мешаванд ва дар ин замина далелҳо ҷамъоварӣ мешаванд,» - гуфтанд, дар додситонии ноҳияи Шоҳмансур.

Ҷасади Шаҳло Рустамхоҷаеваи 25-сола рӯзи 20-уми август кошонаи ҳусни «Фариде» дар ноҳияи Шоҳмансур пайдо шуд, ки бо сими дастгоҳи мӯйхушккунӣ худро овехта буд. Дар паҳлуи ҷасад инчунин номае дарёфт шудааст, ки зоҳиран Шаҳло онро қабл аз худкушӣ навишта будааст. Ба гуфтаи наздикони Шаҳло, дар ин нома навишта шудааст, ки маҳз шавҳараш боиси марги ӯ шудааст, ва ду фарзанди ӯро барои тарбия ба ӯ надиҳанд.

Ҳарчанд, алайҳи шавҳари ин зан парванди ҷиноӣ боз шуда бошад ҳам, аммо худи ӯ дар озодӣ қарор дорад. Мақсуда, холаи Шаҳло мегӯяд, рӯзи 26 август маъракаи ҳафти Шаҳло баргузор шуд ва шавҳару дигар наздиконаш низ дар ин расми ёдбуд иштирок доштанд.

Аммо Икром Сатторов, шавҳари Шаҳлои ҷавонмарг нахост дар мавриди худкушии занаш бо мо бо тафсил сӯҳбат кунад. Икром танҳо бо ин ки Шаҳлоро ӯ ба худкушӣ нарасонидааст, иктифо кард ва аз сӯҳбати бештар худдорӣ варзид.

Дар пайи худкушии Шаҳло Рустамхоҷаева ҳоло ҳукумати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як маъракаи таблиғотӣ алайҳи худкушии занонро оғоз кардааст. Наздикони Шаҳло мегӯянд, ҳукумати маҳаллӣ бо мисол овардани исми фарзанди онҳо ин амалро маҳкум мекунанд.

Худкушии Шаҳлои 25-сола дар ҳолест, ки тибқи оморҳои расмӣ, ҳар рӯз дар Тоҷикистон дастикам 1 зан қасди ҷони худ мекунад. Тибқи итиллои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, танҳо дар нимаи аввали соли равон 318 нафар ба ҷони худ қасд кардаанд, ки 153 нафарашон занон будаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG