Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори собиқи Ӯшро таҳти ҷустуҷӯ қарор додаанд


Шаҳрдори собиқи Ӯши Қирғизистон таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудааст. Мақомоти қиғиз Мелис Мирзоаҳмадовро ғоибона ба сӯиистифода аз мақом айбдор мекунанд.

Шӯъбаи тафтишоти додситонии кулли Қирғизистон дар шаҳру вилояти Ӯш мегӯяд, дар ҷараёни тафтиши парвандаи сирқати маблағҳо дар сохтмони пули эстакада дар кӯчаи Навоии Ӯш мавридҳои фаровони сӯиистифода аз мақом аз ҷониби шаҳрдори собиқи Ӯш Мелис Мирзоаҳмадовро ошкор кардааст. Бар асоси натиҷаҳои тафтишот, ҳанӯз рӯзи 27 октябр алайҳи ин сиёсатмадори як замони пурнуфуз дар ҷануби Қирғизистон бар асоси моддаи 304-уми Кодекси ҷиноӣ (сӯиистифода аз мақом) ғоибона айб эълон шуда, худи ҳамон рӯз додгоҳи шаҳри Ӯш ҳукми ҳабси шаҳрдори собиқро содир кард ва ӯро таҳти пайгард гузоштанд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки Мелисбек Ҷоошбоевич Мирзоаҳмадов бар хилофи муқаррарори қонуни буҷа, қонун дар бориа мақоми шаҳри Ӯш ва ҳам аз оинномаи ҷамъиятҳои маҳаллии шаҳри Ӯш, аз мақоми шаҳрдори Ӯш сӯиистифода карда, бидуни анҷоми ташхисҳои лохими фанниву иқтисодии ин тарҳи пурхарҷ ва гирифтатани ризоият, “ҷинояткорона ва худсарона” ба мақомоти шаҳрдорӣ амр додааст, ки маблағгузорӣ ва сохтмони ин пулро оғоз кунанд.

Дар иттилоияи додситонӣ омадааст, ки “дар натиҷа, аз тарафи Идораи роҳҳои шаҳрӣ дар соли 2013 ба сурати ғайриқонунӣ ду тендер барпо карда шуда, созишномаҳо дар мавриди таҳияи асноди тарҳ ва сохтмони пули эстакарда имзо шуд. Дар натиҷаи иҷрои ин қарордодҳо ба давлат ба маблағи хеле бузурги беш аз 27 миллион сом зарар расидааст.” 27 миллион сом муодили тақрибан ним миллион доллар аст.

Ҳизби “Улуттар Биримдиги” аммо ифтитоҳи парванда алайҳи шаҳрдори собиқ аз сӯи додситониро аломати фишор ба ин сиёсатмадори мухолиф ва мунтақиди ҳукумати кунунӣ номидааст. Дар изҳороти ин ҳизби мухолиф гуфта мешавад, ки мақомот бо чунин роҳ мехоҳанд аз ширкати Мирзоаҳмадов ва ҳизби “Улуттар Биримдиги” дар интихоботи дарпешистодаи порлумонӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ин ҳизб талабю кардааст, ки “таъқиботи сиёсӣ алайҳи Мелис Мирзоаҳмадовро қатъ кунанд.”

Аммо вакили порлумон аз ҳизби сотсиал-демократ Дамира Ниёзалиева гуфтааст, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Мирзоаҳмадов ба фаъолиятҳояш дар мақоми шаҳрдори Ӯш рабт дорад, на ба ҳизби “Улуттар Биримдиги”. Хонум Ниёзалиева таъкид кардааст, ки набояд ба ҳар парвандаи ҷиноӣ ҷомаи сиёсӣ пӯшонд ва онро ба фаъолиятҳои гӯё “оппозитсионӣ”-и “қаҳрамон”-и парванда рабт дод: “Ҳоло низом низоми дигар аст. Агар сухан дар бораи интихобот равад, ҳизби бақувват дар ҳар сурат – бо Мирзоаҳмадов, ё бе ӯ – ғалаба хоҳад кард. Ҳоло сухан на дар бораи ҳизб, балки дар бораи фаъолиятҳои худи Мирзоаҳмадов меравад. Алайҳи яке азх аъзои ҳизби мо ҳам парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Чӣ мо ҳа мбояд ба он рангу оҳанги сиёсӣ бидиҳем?”

Мирзоаҳмадов дар тазоҳурот. Августи соли 2010
Мирзоаҳмадов дар тазоҳурот. Августи соли 2010

Исми Мирзоаҳмадов бавижа дар тобистони соли 2010, дар рӯзҳои даргириҳои хунини қаавмӣ дар шаҳру вилояти Ӯш ва вилояти ҳамсояи Ҷалолобод вирди забонҳо шуд. Дар он даргириҳо байни қирғизҳову узбакҳои сокини ҷануби Қирғизистон, бино ба ҳисобҳо, зери 500 нафар, аксаран узбакҳо, кушта шуданд. Бисёриҳо, бахусус дар байни узбакҳои сокини ҷануби Қирғизистон, бар ин боваранд, ки ба оташи адовати қавмӣ дар ин минтақа сиёсатмадорони қавмгарое, чун Мирзоаҳмадов низ бо баёнияҳо ва рафтору тасмимгириҳои зиддунақизи худ равғани бештар мерехтанд.

Мелис Мирзоаҳмадов 45 сол дошта, аз соли 20009 шаҳрдори Ӯш буд. Ӯро 5 декабри соли 2013 аз ин мақом озод карданд. Дар пайи барканории ӯ ҳазорон нафар аз тарафдоронаш ба кӯчаҳо рехтанд, вале ҳукумати марказӣ тасмимашро дигар накард.

Дар интихоботи мояи январи соли 2014 Мирзоаҳмадов номзадиашро ба мақоми шаҳрдор дубора гузошт, вале аз 25 вакили маҷлиси шаҳрӣ 19 нафара алайҳи ӯ ва ба тарафдорӣ аз рақибаш Айтмамад Қодирбоев овоз дода, бо ҳамин ба султаи ин сиёсатмадори як замон пурнуфуз дар дувумин шаҳри бузурги Қирғизистон нуқтаи таммат гузоштанд. Бисёриҳо баъди ин тасмими маҷлиси шаҳри Ӯш гуфтанд, ки Бишкек аз як “дарди сар”-и бузург халос шуд.

XS
SM
MD
LG