Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозигии мардум аз тасмими шаҳрдории Ӯш


Ҳукумати Қирғизистон ба манзури бо ҷои зист таъмин кардани ҳазорҳо сокини шаҳрҳои Ӯш ва Ҷалолобод, ки бар асари даргириҳои моҳи май бесарпаноҳ мондаанд, ба сохтани хонаҳои бисёрманзила шурӯъ кардааст. Аммо дар ҳамин ҳол ба хонаҳои бисёрошёна кӯчидан, аъзои ин хонаводаҳоро ба мушкилот мувоҷеҳ намудааст.

Мелис Мирзоаҳмадов, шаҳрдори Ӯш, ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни даргириҳои моҳи май, аксари минтақаҳои шаҳри Ӯш, ки қирғизҳову ӯзбекҳо якҷоя зиндагӣ мекарданд, нисбат ба минтақҳои дигари ин шаҳр камтар осеб дид.

Шаҳрдори хонаҳои баландошёна месозад

Ба гуфтаи оқои Мирзоаҳмадов, аз ин лиҳоз онҳо тасмим гирифтаанд, хонаҳои бисёрошёна бисозанд, то ки қирғизҳову ӯзбекҳо дар ин хонаҳо дар фазои дӯстона ба сар баранд. Шаҳрдори Ӯш мегӯяд, бунёди хонаҳои бисёрӣ ҷилавгирӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Мелис Мирзоаҳмадов, бо ин роҳ кӯдакони онҳо бо ҳам ошно мешаванд, бо ҳам бозӣ мекунанд ва бо ҳам ба воя мерасанд. Вай тазаккур дод, ҳарчанд ҳам қирғизҳо ва ҳам ӯзбекҳо хисороти ҷониву молӣ диданд, вале шаҳрдории Ӯш роҳи ягонаи ба иттиҳод овардани ин ду мардумро маҳз дар сохтани биноҳои бисёрманзила медонад.

Аммо баъзе сокинони шаҳри Ӯш барои кӯчидан ба биноҳои бисёрошёна мухолифат доранд. Аз ҷумла як сокини шаҳри Ӯш, ки худро Мамлакат Эмилова муаррифӣ кард, мегӯяд, ба хонаҳои бисёрошёна кӯчиданӣ нест. Вай афзуд, ки ҳамаи бошандагони маҳаллаашон низ ба дигар ҷой нахоҳанд кӯчид ва нисбат ба хонаҳои баланд дар хаймаҳо ба сар бурдан барояшон афзалтар аст.

Салтанат Файзуллоева, як сокини дигари шаҳри Ӯш мегӯяд, ҳанӯз касе аз мақомоти шаҳрдорӣ ба онҳо нагуфтааст, ки дар ҷои ҳавлии онҳо хонаҳои бисёрошёна месозанд. Ба гуфтаи ӯ, аммо онҳоро ба ҷои дигар кӯчонида наметавонанд. Вай гуфт, тасмими ҳукумати шаҳр ӯро ба ҳайрат овардааст, ки чаро маҳз дар ҷои манзили онҳо, ки ба коми оташ фурӯ рафтааст, бояд хонаҳои биёрошёна бисозанд. Ба таъкиди ӯ ин тасмими шаҳрдорӣ тасмими ғайриодилона аст.

Мардуми маҳал: тасмими ҳукумат дуруст нест

Салтанат Файзуллоева афзуд, қирғизҳову ӯзбекҳо қавмҳои серфарзанд ҳастанд ва ӯ гумон намекунад, ки баъди се-чаҳор моҳи ҳодисаҳои хунин намояндагони ду қавми баҳам зид дар хонаҳои бисёрманзила дар фазои дӯстиву иттиҳод ба сар баранд.
Як сокини шаҳри Ӯш ки аз ифшои номаш худдори кард гуфт, ҳукумат бояд ба ҳар як хонаводаи аз даргириҳо осебдида кумакҳои фаврӣ расонад ва онҳоро бо манзил таъмин кунад.

Ба гуфтаи ӯ, шаҳрдорӣ ҳақ надорад, ки онҳоро иҷборан ба хонаҳои бисёрманзила кӯчонад, зеро қонун ба ин амали шаҳрдорӣ роҳ нахоҳад дод.

Талайбек Собиров, ноиби шаҳрдори Ӯш иброз дошт, ки роҳҳои дигари бо манзил таъмин кардани одамони бесарпаноҳ мавҷуд аст. Ба гуфтаи Талайбек Собиров, агар як гурӯҳи ин сокинони шаҳр хоҳиши ба хонаҳои бисёрошёна кӯчиданро надоранд, шаҳрдорӣ барояшон аз канори шаҳр замин ҷудо карда медиҳад.

Ноиби шаҳрдор гуфт, вале онҳо имкони бо участкаҳои наздиҳавлигӣ таъмин кардани ҳамаи оилаҳои бесарпаноҳро надоранд. Талайбек Собиров тазаккур дод, ки дар чаҳор қисмати канори шаҳри Ӯш тибқи нақшаи асосӣ иншоотҳои давлатӣ низ сохта хоҳанд шуд.

Ба гуфтаи иддае аз коршиносон, тасмими шаҳрдории Ӯш тасмими яктарафа аст ва фақат манфиати қирғизтаборони ин шаҳрро ҳимоят хоҳад кард.

Коршиносон мегӯянд, дар ҳар сурат тирамоҳ омадааст ва зимистон дар пеш аст, вале аъзои садҳо хонаводаи ӯзбеку қирғиз дар хаймаҳо ва хонаҳои хешовандони худ ба сар мебаранд. Ба таъкиди ин коршиносон ҳукумат бояд манфиатҳои ҳамаи қавмҳои маскуни Қирғизистонро ҳимоят кунад ва роҳҳои беҳтарини ҳалли ин қазияро биҷӯяд.
XS
SM
MD
LG