Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯстони Гулнора Каримова ба 9 ва 3,5 сол зиндонӣ шуданд


Ду соҳибкоре, ки аз муаллифон ва бунёдгузорони низоми фосиди бизнеси Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Ӯзбакистон ба шумор мерафтанд, барои мӯҳлатҳои дароз аз озодӣ маҳрум шуданд.

Додгоҳи вилояти Тошканд коршарикони Гулнора Каримова, духтари калонии раисиҷумҳури Ӯзбакистонро ба ҳабси дарозмуддат маҳкум кард. Бино бар ҳукми ин додгоҳ Рустам Мадумаров – ҳамкор ва дӯстписари Гулнора Каримова ва соҳибкори дигар Гаянэ Авакян, ки низ аз шарикони тиҷоратии духтари калонии раисиҷумҳури Ӯзбакистон аст, бо иттиҳоми надодани андоз, пиҳон доштани даромад, шустушӯи пул ва ғайра аввалӣ ба 10 ва дувумӣ ба 9 соли ҳабс маҳкум шуданд.

Ҳукми Мадумаров бино бар қонуни афв ба сеяки он кӯтоҳ карда шуд. Ба гуфтаи манобеи гуногун дар Тошканд муҳокима дар паси дарҳои баста ҷараён гирифт ва ҷузъиёти ҳукмнома ошкор нашудааст. Додситонии кулли Ӯзбакистон ҳанӯз ҳангоми боздошти ин ду нафар дар рӯзи 17-уми феврали соли равон хабар дода буд, ки онҳо ва 8 нафари дигар ба тақаллуб ва азхудкунии маблағҳои калон аз роҳи фиреб айбдор мешаванд. Гуфта мешуд, онҳо бо таъсиси ширкатҳои ғайриқонунӣ дар хориҷи кишвар ба азхудкунии пулҳои калон ва қонуникунии маблағҳои ҷиноӣ машғул буд. Инчунин ин гурӯҳ дар надодани андоз, пинҳон кардани арзи хориҷӣ ва ба хориҷа баровардани доллару евро муттаҳам мешавад. Таъкид шудааст, ки фаъолияти ин гурӯҳ ба давлат зиёни калони пулӣ овардааст. Ин дар ҳолест, ки Авакян ёвари хоси Гулнора Каримова шумурда мешавад.

Гулнора Каримова
Гулнора Каримова

​Бозҷӯии коршарикони Гулнора Каримова қисман ба қазияи пулшӯӣ дар Швейтсария рабт дода мешавад. Манобеи наздик ба тафтишот ба Радио Озодӣ гуфтанд, ки ҳудудан 600 миллион франки швейтсарӣ дар Швейтсария ва 30 миллион доллари амрикоӣ дар Шведсия дар қазияи фасодкории байни ширкати "Такилант"-и Авакян ва "Телиа Сонера"- ӣ Шветсия мунҷамид шудаанд. Бозҷӯёни ин қазияҳо гуфтаанд, ки ҳаҷми порагирӣ дар байни ин ду тақрибан ба 300 миллион доллари амрикоӣ баробар будааст.

Рустам Мадумаров овозхони собиқи гурӯҳи овозадори "Дадо"-и Тоҷикистон солҳои 1990-ум ба Тошканд рафт. Хабарнигорони радиои Озодлик мегӯянд, ки Мадумаров аз камтарин афроде буд, ки дар мақоми "Шахси бешаҳрвандӣ" дар Ӯзбакистон соҳиби шиносномаи шаҳрванди Ӯзбакистон шуд. Гурӯҳи "Дадо" аз хонандаҳои таронаҳои эстрадӣ буда, бештар дар шимоли Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Номи Авакян дар пайванд бо моҷарои TeliaSonera расонаӣ шуд. Соли 2007-ум TeliaSonera бо ширкати узбакиии Такилант (Takilant) ба маблағи 350 миллион доллар шартнома баста, иҷозаи кор дар қаламрави Узбакистон ба даст овард. Моҳи декабри соли 2012 телевизиони мардумии SVT-и Шведсия як барномаи мустанадеро намоиш дод, ки дар он шоҳидон бар пояи дидаву шунидаашон гуфтанд, режими Узбакистон аз сармоягузорони хориҷӣ миллионҳо доллар ришва мегирад. Барнома "TeliaSonera ва духтари диктатор" ном дошт. Дар ҳамин барнома гуфта шуд, ки дар натиҷаи музокирот TeliaSonera ҳамчун пешшарти кор дар Узбакистон ба ширкати Takilant, воқеъ дар Ҷибралтар, 250 миллион доллар интиқол дод. Takilant-ро хонуми 24-сола Гаяне Авакян раҳбарӣ мекунад, ки аз наздикони Гулнора Каримова ба шумор меравад.

Як соли охир моҷарои хонаводаи президенти Ӯзбакистон, ба вижа кору тиҷоратҳои машкуки духтари калониаш Гулнора Каримова дар арсаҳои мухталиф мавриди фишори мақомоти баландпояи кишвар шуд. Гулнора дар посух ба фошкорӣ гузашта, модару хоҳарашро дар сиёҳ кардани рӯзаш гунаҳгор ва онҳоро дар фаъолиятҳои сиёҳи мафиёӣ гунаҳгор кард. Аз миёни афроде, ки Гулнора Каримова зидди онҳо ба таври ошкоро дар саҳифаи интернетии Твиттераш матлабҳо нашр кардааст, раҳбари Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон ва вазири умури хориҷаи ин кишвар мебошанд. Бино бар хабарҳои охирин Каримова ҳоло дар Тошканд ҳабси хонагист, вале чанде аз торнамоҳо навиштанд, ки ӯ ахиран зодрӯзашро дар яке аз кишварҳоои Соҳили Болтик ҷашн гирифтааст.

XS
SM
MD
LG