Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи ҷиноии як масъули Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (УБОП) ба иттиҳоми "тамаъҷӯӣ" ба додгоҳ рафтааст.

Назир Назиров, подполковники милитсия, сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои одамрабоӣ ва хариду фурӯши инсони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон дар охири соли гузашта барои гирифтани пора дар ҳаҷми 5 ҳазор доллари амрикоӣ дар шаҳри Норак боздошт шудааст.

Оҷонси алайҳи Назир Назиров бар асоси моддаҳои 316, қисми як, яъне баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, 314, қисми як, яъне сӯистифода аз ваколатҳои хидматӣ ва 250, қисми 4 банди “б”, яъне тамаъҷӯӣ бо роҳи зӯроварӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тибқи ин моддаҳои Қонуни ҷиноии Тоҷикистон, ба Назир Назиров ҳабси аз панҷ то 10 сол, ҷарима ва маҳрумият аз вазифа ва фаъолиятҳои муайян, таҳдид мекунад.

Ҷамолиддин Муҳаммадзода.

Ҷамолиддин Муҳаммадзода.

Ҷамолиддин Муҳаммадзода, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Назир Назиров, подполковники милитсия як сокини шаҳри Норакро дар хариду фурӯши маводи мухаддир тӯҳмат карда ва бо роҳи тамаҷӯӣ аз ӯ ришва хостааст.

Ҳатто тибқи иттилои Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, Назир Назирови 37-сола, ин сокини шаҳри Норакро, ки аз ӯ танҳо С.Ф ном бурда мешавад, ба дастонаш завлона зада ва дохили мошинаш карда таҳдид карда ва гуфтааст, ки агар пулро биёрад ва бо шарти тарк кардани Тоҷикистон, ӯро озод мекунад.

Сокини шаҳри Норак мошинашро фурӯхта барои раҳоияш пулро ба Назир Назиров пешниҳод кардааст, вале аз ҷониби кормандони Оҷонсии мубориза зидди корупсия боздошт шудааст. Аммо тафтишот муайян кардааст, ки ин сокини шаҳри Норак гуноҳе надоштааст.

Дар ҳамин ҳол Азизуллоҳ Қурбонов, сардори Шӯъбаи тафтишотии Оҷонсии зидди фасоди вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Назир Назировро, собиқ корманди пулис Абдухалил Гадоев низ ҳамроҳӣ мекардааст, ки ӯ низ дар боздоштгоҳ мебошад: “Рафти тафтишот собит кард, ки нисбати шаҳрванди шаҳри Норак ягон ариза ё мавод нест ва ӯ гуноҳ надорад, парвандаи ҷиноиро ба додгоҳ фиристодем.”

Азизуллоҳ Қурбонов.

Азизуллоҳ Қурбонов.

Парвандаи пурсарусадои Назир Назиров ахиран аз Оҷонсии зидди фасоди Хатлон ба додгоҳи ҳамин вилоят фиристода шудааст ва додгоҳ мегӯяд, ки онҳо баррасии парвандаро оғоз мекунад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ Оҷонсии мубориза бар зидди фасод дар Хатлон ҷиноятҳоеро дар миёни кормандони мақомоти вилояти Хатлон ошкор кардааст, ки ҳоло айбномаҳо алайҳи чанд масъул боз шуда, дар баррасии онҳо қарор доштааст.

Ҷамолиддин Муҳаммадзода, раиси Оҷонсии мубориза ба фасоди молӣ дар Хатлон гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ онҳо ҷиноятҳои ришваситонӣ дар миёни мақомоти вилоятро ошкор кардаанд, ки миёни онҳо намояндагони мақомоти қудратӣ низ ҳастанд.

Тибқи иттилои ин оҷонсӣ, аз 381 ҷинояте, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Хатлон вобаста ба ришваситонӣ ошкор шудааст, 8 ҳолат дар миёни кормандони вазорати адлия, 14 адад кормандони вазорати корҳои дохила ва 3 адад дар миёни кормандони Вазорати мудофиа ошкор шудааст, ки алайҳи баъзеашон ҳукм содир шуда ва боқимонда дар тафтишот мебошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG