Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: дар Ҳалаб дигар ҷое барои гӯронидан намондааст


Дар қабристонҳои шарқи Ҳалаби Сурия, ки дар дасти шӯришгарон аст, дигар ҷойе барои дафни ҳалокшудаҳо намондааст. Ба иттилои хабаргузории Associated Press, сокинон қурбониёни ҳамлаҳои ҳавоиро пушти девори хонаҳояшон мегӯронанд. Табибони шаҳр низ гуфтаанд, ки сардхонаҳои Ҳалаб низ пур аз ҷасад шудааст. Мақомоти маҳаллӣ ҳам мегӯянд, барои анҷоми дафни дастаҷамӣ омадаанд, вале барои он техникаҳои заруриро надоранд.

Бино ба маълумоти Маркази назорати риояи ҳуқуқи инсони Сурия, аз оғози ҳамлаи нерӯҳои ҳукуматӣ ба мавзеъҳои шӯришгарон дар шарқи Ҳалаб, 15 сентябри соли 2016 инҷониб беш аз 300 нафар кушта шудааст, ки зиёда аз 40 танашон кӯдаконанд. Тайи се ҳафтаи ахир артиши Башор Асад 60%-и шаҳрро аз гуруҳҳои мусаллаҳи мухолиф бозпас гирифтаанд.

Шаҳри Ҳалаби ҳанӯз ҳам ба ду қисмат ҷудо буда, як бахши онро режими Асад ва бахши дигарро нерӯҳои мухолифин дар даст доранд. Таҳти идораи комил қарор додани дувумин шаҳри бузургтарини Сурия яке аз ҳадафҳои президент Башор Асад аст.

XS
SM
MD
LG