Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қатли ваҳшиёнаи падару писар ба додгоҳ рафт


Куштори падару писар дар ин макон рух дода буд.
Куштори падару писар дар ин макон рух дода буд.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи қатли фоҷиабори падару писаре, ки сокинони шаҳри Душанберо ваҳшатзада кард, хотима дода ва барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодаанд.

Як манбаъ дар додситонии пойтахт ба Радиои Озодӣ гуфт, ки парвандаи қатли Ашӯралӣ Акобиров ва Ҷовидон писари ноболиғи 13-солааш тақрибан 10 рӯзи пеш барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шуд.

Мақомоти интизомӣ зиндониёни собиқ Дмитрий Корич, сокини Душанбе ва Дмитрий Чайкин аз ноҳияи Ваҳдатро ба қатли бераҳмонаи падару писари ноком муттаҳам мекунанд. Ба гуфтаи вазорати умури дохилӣ, ин ду нафар бомдоди 15-уми март (соати 01:40) барои хариди машрубот ба хонаи Ашӯралӣ Акобиров, сокини 44-солаи кӯчаи Деҳлавӣ дар ноҳияи Шоҳмансур мераванд ва дар ин миён байни ду тараф моҷарои лафзӣ бармехезад.

Ба гуфтаи муфаттишон, Корич ва Чайкин ба хашм омада, Ашӯралӣ Акобировро чанд теғ мезананд ва дар ин замон писари ноболиғи ӯ ба саҳнаи ҷиноят меояд ва Дмитрий Корчин барои аз байн бурдани шоҳид Ҷовидонро низ бо зарби корд мекушад.

Сипас онҳо Каромат Солиева, иҷоранишини манзили Ашӯралӣ Акобировро ҳашт корд мезананд ва барои пинҳон доштани ҷиноят тамоми хонаро ба оташ мекашанд. Аммо Каромат Солиева зинда мемонад ва ӯро барои муолиҷа ба бемористон мебаранд. Ҳарду муттаҳам ба ҷинояро кормандони вазорати умури дохилӣ баъди муддати кӯтоҳе аз ҳодиса дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, Дмитрий Корич ва Дмитрий Чайкин, ки ҳарду 40 сол доранд ва дар гузашта барои қатлу дуздӣ зиндонӣ шудаанд, пас аз раҳоӣ вақти худро умдатан бо шаробхорӣ сипарӣ мекардаанд. Ба эҳтимоли ғолиб ин ду нафар тамоми умри худ ва ё ҳадди аққал 15 соли дигарро дар зиндон сипарӣ хоҳанд кард, чун бар асоси банди 104-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои қатли бераҳмона аз 15 то 25 соли зиндон ва ё ба ҳабси якумрӣ ҷазо муқаррар шудааст.

Қатли бераҳмонаи падару писар дар пойтахти Тоҷикистон, ки аҳёнан шоҳиди чунин ҷиноят мешавад, дар моҳи март сокинони Душанберо ваҳшатзада кард.
XS
SM
MD
LG