Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Латукӯби як шаҳрванди Чин дар Хатлон


Ширкати роҳсозии "Синохидро Тоҷикистон".

Ширкати роҳсозии "Синохидро Тоҷикистон".

Додситонии вилояти Хатлон алайҳи се сокини ноҳияи Ховалинг барои латукӯби як шаҳрванди Чин парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Мақомоти интизомӣ дар Хатлон алайҳи се сокини ноҳияи Ховалинг барои латукӯби шаҳрванди Чин Ванг Зиён парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Ҳодисаи латукӯби шаҳрванди Чин авоили соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти "Лоҳутӣ"-и Ховалинг сурат гирифтааст ва сокинони ин ноҳия Комрон Шамолов, Зубайдулло Раҳматуллоев ва Амирхон Хоҷаев корманди чинии ширкати "Синохидро Тоҷикистон"-ро латукӯб намуда ва телефони ҳушманди навъи "Дуелс"-ро аз ӯ гирифтаанд. Ширкати чинии "Синохидро Тоҷикистон" масъули бозсозӣ ва таъмири 48 километр роҳи Восеъ-Ховалинг мебошад.

Ин афрод дар ҳоли ҳозир дар боздошт қарор доранд ва ба гуфтаи Варқа Зайниддинов, ёвари калони додситони вилояти Хатлон, алайҳи Амирхон Хоҷаев тибқи моддаи 248, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ, яъне ғоратгарӣ ва ба таври ошкоро тасарруф намудани амволи ғайр, парвандаи ҷиноӣ боз намудаанд, ки маҳрумият аз озодӣ аз се то панҷ солро пешбинӣ мекунад.

Ба гуфтаи Варқа Зайниддинов, алайҳи ду ҷавони дигар -- Комрон Шамолов ва Зубайдулло Раҳматуллоев тибқи моддаи 245, яъне тасарруфи амволи ғайр ва моддаи 347, яъне хабар надодан парванда боз шудааст, ки ҷарима аз 500 то 1000 сомонӣ маоши ҳади ақал ва то ду сол маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.

Хушбахт Ёқубов, раиси ҷамоати деҳоти “Лоҳутӣ”-и ноҳияи Ховалинг ба Радиои Озодӣ гуфт, афроде, ки шаҳрванди Чинро мавриди латукӯб қарор дода ва телефонашро гирифтаанд, ҷавононе будаанд, ки баъди бозгашт аз муҳоҷират дар ҳеҷ куҷо кор намекарданд.

Сафармат Ёрматов, муҳандиси кӯчондан ва бехатарии ширкати “Синохидро Тоҷикистон” гуфт, ки корманди онҳо телефони мобилияшро, ки аз дасташ гирифта будаанд, бозпас гирифтааст.

Тибқи иттилои расмӣ ин ширкате, ки роҳоро таъмир ва азнавсозӣ мекунад, дар вилояти Хатлон беш аз ду соли ахир кор мекунад, ки тибқи шартнома кормандонаш тоҷикҳо ва чиноиҳо мебошанд.

Ҳоли ҳозир дар ноҳияи Восеъ, ки дафтари кории онҳо мебошад 250 сокини навоҳии минтақаи Кӯлобро ба кор гирифтаанд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Чин дар ин ширкат 50 нафар мебошад.

Тибқи иттилои расмӣ дар вилояти Хатлон 21 ширкати роҳсозӣ, саноатию сохтмонӣ ва кишоварзии Чин фаъол мебошанд ва 545 шаҳрванди он кишвар дар ин ширкатҳо кор мекунанд.

Қирғизбек Зокиров, як масъули хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон гуфт, ки соли гузашта 32 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қоидаи будубошро дар ҳудуди вилоят вайрон кардаанд, ки 15 нафараш шаҳрвандони Чин будаанд ва ҷарима шуданд. Ду нафари дигар, ки ғайрирасмӣ кор мекардаанд, аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд.

Барои бори аввал нест, ки миёни сокинони бумӣ ва шаҳрвандони Чин дар Тоҷикистон занозанӣ ва моҷаро сурат мегирад. Соли 2010 додгоҳи ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон 4 шаҳрванди кишвари Чинро барои латукӯби 2 шаҳрванди Тоҷикистон дар шаҳраки Зарнисор ва расонидани зарари молӣ ба онҳо ба муддатҳои 5 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум карда бад. Аммо шаҳрвандони чиноӣ ҳукмро зиёда аз ҷурм шумурда, ба додгоҳи болоӣ шикоят бурда буданд. Аз ин қабл, дар соли 2008 як гурӯҳи соҳибкорони тоҷик дар гузаргоҳи марзии Қарасу-Қулма аз ҷониби шаҳрвандони Чин зарари ҷисмонӣ расонда шудаанд.

Чин солҳост дар Тоҷикистон ҳузури иқтисодӣ дорад ва яке аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди кишвар дониста мешавад. Қарзи Душанбе аз Пекин алакай аз марзи 1 миллиард доллар гузаштааст, ки ин тақрибан нисфи тамоми қарзҳои хориҷии Тоҷикистон аст ва ин маблағҳо асосан барои такмили сохторҳои зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони шоҳроҳҳо ва нақбҳо сарф шудаанд. Бар илова, Пекин ба Душанбе барои се соли оянда ваъдаи боз 6 миллиард доллар сармояи дигар додааст.

Бар пояи оморҳои расмӣ тайи як-ду соли охир теъдоди муҳоҷирони кории ин кишвар дар Тоҷикистон 30 дар сад афзоиш ёфта, ба ҳудуди 6 ҳазор нафар расидааст. Тятси Фам, роҳбари Маркази забономӯзии Конфутсий дар Душанбе мегӯяд, чиниҳо дар Тоҷикистон зиёданд ва онҳо дар ширкатҳои сохтмони роҳу барқ ва ё дар мактабу донишгоҳҳо кор мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG