Пайвандҳои дастрасӣ

Парвандаи Оқил Шарифов дубора таҳқиқ мешавад


Бинои додситонии Исфара. Акс аз бойгонӣ.

Бинои додситонии Исфара. Акс аз бойгонӣ.

Парвандаи сокини Исфара Оқил Шарифов, ки боздошти занони ҳиҷобпӯш аз ҷониби пулисро бо телефони ҳамроҳаш наворбардорӣ намудааст, барои таҳқиқоти иловагӣ ба додситонӣ ирсол шудааст.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ дар нисбати Оқил Шарифов, сокини 31-солаи ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфараро, ки ба иттиҳоми наворбардории боздошти занони ҳиҷобпӯш аз пулис, дастгир шуда буд, барои таҳқиқоти иловагӣ ба додситонӣ фиристодааст. Додситонии Исфара низ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, тафтишот идома дорад.

Файзиниссо Воҳидова, вакили дифои Оқил Шарифов рӯзи 30 март ба Радиои Озодӣ гуфт, додситонии Исфара баъди боз намудани парвандаи зерҳимояташ онро ба додситонии вилояти Суғд ирсол кард ва аз онҷо ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фиристода шуд, вале дар охирҳои ҳафтаи гузашта аз ҷониби КДАМ парвандаи ӯ "бо назардошти ҷой надоштани амалҳои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ," дубора ба додситонии Исфара ирсол гаштааст.

Муъминҷон Халифазода, муфаттиши додситонии Исфара, ки таҳқиқи парвандаи Оқил Шарифовро пеш мебарад, гуфт, ки феълан ин парванда аз тарафи додситонии шаҳри Исфара мавриди тафтиш қарор дорад. Ҷаноби Халифазода афзуд, азбаски дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса барои идомаи тафтишот қарор дорад, дар ин робита шарҳи бештар дода наметавонад.

Рӯзи 20-уми феврал боздошт шуд ва бо моддаи 189, қисми 2- и Кодекси ҷиноятӣ, яъне “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” айбдор дониста мешавад. Қаблан Анвар Раҳмонзода, додситони Исфара ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "дар кирдори Оқил Шарифов ҳамин ҷинояти мутобиқи банди 189 ҳаст. Лекин ҳоло ҳифзи сирри тафтишотӣ намегузорад, ҷузъиёти онро ошкор кунад.”

Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки Оқил Шарифов шаҳрванди Русия низ мебошад ва ӯ аз муҳоҷирати корӣ барои чанд муддат ба зодгоҳаш баргашта буд ва бо дидани лаҳзаи боздошти занони ҳиҷобпӯш тавассути мақомоти пулис дар бозори Исфара, онро наворбардорӣ намудааст, вале ин наворро худи ӯ паҳн накардааст.

Ба гуфтаи хонум Воҳидова, “кормандони пулис Оқил Шарифовро дар соати 14:00-и 20-уми феврал боздошт карданд, аммо навори ӯ дар интернет дар соати 19:40-и ҳамон рӯз пайдо шудааст. Пас ин корро кӣ кардааст, норӯшан аст.”

Файзиниссо Воҳидова ҳамзамон мегӯяд, ки дар рафтори зерҳимояаш амалҳои монанди “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ”, дида намешавад.

Оқил Шарифов, сокини 31-солаи ҷамоати Сурхи ноҳияи Исфара ба думболи пахши навораш аз боздошти занони ҳиҷобпӯш ба шабакаи Интернет рӯзи 20 феврали соли равон аз ҷониби пулиси Исфара дастгир шуд. Дар ин навор як корманди пулис ду зани ҳиҷобпӯшро зӯран ба сӯи микробуси сафеде мебарад.

Як ҷавонзани дигар аз дохили микроавтобус дар посух ба саволи наворбардор мегӯяд, ки онҳоро ба хотири ҳиҷобпӯш буданашон ба идораи пулис мебаранд. Ва наворбардор мегӯяд, ки бубинед, аз назди беморхонаи Исфара занонеро, ки сатри аврат доранд, дошта мебаранд: “Аврат мумкин нест... Мана бинетон. Мана ин государство (ҳукумат) !”

Зоҳиран, ду-се ҷои садои ин навор, ки эҳтимол берун аз доираи ахлоқ аст ё ба далели дигар, “қайчӣ” зада шудааст. Ба иттилои масъулони шӯъбаи корҳои дохилии Исфара-ё-1, пас аз нашри ин навор дар интернет, Оқил Шарифов аз манзилаш дастгир шуд ва барои “барои итоат накардан ба пулис”, алайҳаш парвандаи маъмурӣ боз гардид.

Додгоҳи Исфара Шарифовро бо ин айб барои 7 рӯз “боздошти маъмурӣ” фармуд. Вале пас аз бозомӯзии қазия ва анҷоми замони боздошт, нисбат ба Оқил Шарифов бо иттиҳоми “барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ” парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Додгоҳ мӯҳлати боздошти Шариповро 2 моҳи дигар тамдид кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG