Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 100 нафар дар таркишҳои ғарби Мавсил


Дар натиҷаи таркиш дар минтақаи аҳолинишини ғарби шаҳри Мавсил, дувумин шаҳри бузурги Ироқ, беш аз 100 нафар кушта шуд. Генерал Муҳаммад ал-Ҷабурӣ гуфт, баъд аз таркиш дар минтақаи Мавсил ал-Ҷадида ҷасади 108 нафар пайдо шудааст.

Дар ин минтақа миёни нерӯҳои давлатӣ ва ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" набарди шадид идома дорад.

Ҷабурӣ гуфт, минаҳое, ки тундгароён хобонда буданд, таркидаанд. "Чашми Мавсил" - созмони ғайридавлатӣ - хабар дод, ки ҷангҷӯёни ДИ одамонро вориди се манзил карда, баъдан ду бомбарон дар кӯча хобонида, рӯи бомҳо снайпер гузоштанд. Бино бар иттилои "Чашми Мавсил", дар ин таркиш 130 нафар, бо шумули занону кӯдакон кушта шудааст.

Артиши ҳукуматии Ироқ бо кумаки ИМА шарқи Мавсилро моҳи январи соли ҷорӣ дар ихтиёр даровард. Шуруъ аз 19 феврал артиши Ироқ дар ғарби Мавсил ба ҷанги кӯчагӣ даст ба гиребон шуд.

Таркиши 22 март замоне рух дод, ки ба гуфтаи намояндагони СММ, дар ғарби Мавсил вазъи даҳшатборе ба вуҷуд омада буд. Аммо ба гуфтаи СММ, барои наздики 400 ҳазор афроди осоишта, ки дар Шаҳри қадим боқӣ мондаанд, ин вазъ ҳанӯз пеш наомадааст. Онҳо аз норасоии ғизову об ва даҳшати ҷанг ранҷ мекашанд.

XS
SM
MD
LG