Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майк Пампео раҳбари идораи истихбороти ИМА шуд


Майк Помпео, Раҳбари Идораи Истихбороти ИМА
Майк Помпео, Раҳбари Идораи Истихбороти ИМА

Палатаи болоии Конгресси Амрико рӯзи 23 январ номзадии Майк Помпеои 53- соларо ба мақоми раҳбари Идораи истихборот тасдиқ кард. 66 сентатор ба тарафдорӣ ва 32 нафар мухолифи ин ҷумҳурихоҳи муҳофизакор, ки дар палатаи поёнӣ аз аёлати Канзас намояндагӣ мекунад, райъ доданд.

Помпео раҳбарии Идораи истихборотро дар шароити ташаннуҷи авзои байналмилалӣ, монанди амалҳои хашини Русияву Чин, ғаразҳои ҳаставии Куриёи Шимолӣ ва афзоиши терроризми Исломӣ, ки гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" таҷассумгари он аст, бар дӯш гирифт.

Матбуоти Амрико менависад, ки раҳбари Идораи истихборот дар ростои як мушкили дигар- ба роҳ мондани равобити кории хуби президент Трамп бо ҷомеаи истихборотӣ қарор дорад. Нишастҳои ҳаррӯзаи иттилоотии истихборот бо Доналд Трамп дафъатан баъди интихобот шурӯъ шуданд, вале Трамп дар онҳо иштирок накард. Трамп ҳамчунин хулосаи хадамоти махсусро, ки Русия дар пирӯзии ӯ саҳм доштааст, қотеона рад кард ва онҳоро дар талоши бадном кардани ӯ ҳамчун раиси ҷумҳур муттаҳам кард.

"Ман ақидаи ҷомеаи истихборотро, ки ҳадафи ҳамлаҳои ҳакерии Русия кӯмак ба маъракаи Трамп буд, қабул дорам"- гуфт Майк Пампео дар ҷараёни суолу ҷавоб дар Сенати ИМА. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки агар ногаҳон раҳбараш аз ӯ эҳёи усулҳои шадиди бозпурсии террористҳо, ба монанди саҳнасозии ғарқшавиро, ки қонун онро шиканҷа арзёбӣ мекунад, дархост кунад, ӯ аз ин амр сарпечӣ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG