Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Атовулло Рақибов


Атовулло Рақибов ҳамроҳ бо зану фарзандонаш дар назди бинои Омбудсмен (Акс аз бойгонӣ)
Атовулло Рақибов ҳамроҳ бо зану фарзандонаш дар назди бинои Омбудсмен (Акс аз бойгонӣ)

Атовулло Рақибов, як сокини Файзобод, ки бо мақомоти ин ноҳия тӯли ду соли ахир баҳси замин дошт, боздошт шудааст.

Дар ин бора наздикони ӯ ба “Озодӣ” хабар дода ва гуфтанд, ки шоми рӯзи шонздаҳуми апрели соли ҷорӣ маъмурони полис Атовулло Рақибовро бо худ бурдаанд.
Рақибов, мегӯяд, барои ҳалли одилонаи ин баҳс борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, вале касе ба қазияи ӯву хонаводааш бетарафона бархӯрд накардааст...

Боздошти Атовулло Рақибов бар асоси ҳалномаи Додгоҳи ноҳияи Файзобод сурат мегирад, ки дар чаҳор рӯзи пеш ба дасти хонаводаи Рақибовҳо расидааст.

Дар ин ҳалномаи додгоҳ омадааст, ки "Атовулло Рақибов тибқи моддаи 289 барои эҷоди монеа дар раванди муҳокимаи додгоҳӣ ва саркашӣ дар додгоҳ ба ҳабс гирифта шавад."

Ҷаноби Рақибов пас аз судури ин ҳукм дар сӯҳбат ба "Озодӣ" онро ғайриқонунӣ хонда ва гуфта буд, ки додгоҳ бидуни ширкати вай, ҳамсараш ва як хоҳари дигараш, ки бар асоси ин парвандаи манзил айбдор дониста мешаванд, дастури ҳабси ӯро содир кардааст.

СӮҲБАТИ ТОҲИРИ САФАР БО БАРОДАРИ АТОВУЛЛО РАҚИБОВ - ШАРИФ РАҚИБОВРО ДАР ИН ҶО БИШНАВЕД:



Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар авохири моҳи январи соли ҷорӣ алайҳи Атовулло Рақибов, ду хоҳари ӯ ва ҳамсараш парвандаи ҷиноӣ боз кард. Ин парвндаи ҷиноӣ бар асоси шикояти ронандаи экскваторе, ки аз ҷониби Рақибов ва хонаводаи ӯ гӯиё мавриди ҳамла қарор гирифтааст, боз шудааст.

Ронандаи экскватор аз мақомоти корҳои дохилӣ тақозо кардааст, ки барои таъмири шишаи эксватораш 1 ҳазору 600 сомонӣ аз хонаводаи Рақибов ситонида шавад.

Баҳси шаҳрванд Атовулло Рақибов бо ҳукумати ноҳияи Файзобод дар масъалаи замин ва манзил ду сол пеш шурӯъ шуда, Рақибов, мегӯяд, барои ҳалли одилонаи ин баҳс борҳо ба раисҷумҳур, Додситонии кул ва Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кардааст, вале касе ба қазия бетарафона бархӯрд накардааст.

Атовулло Рақибов ҳамроҳ бо зану фарзандонаш ду бор дар назди бинои Омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон низ гуруснанишинӣ эълон карданд, вале ба далели ин ки полис онҳоро аз назди бино канор андохт, ноком монданд.
XS
SM
MD
LG