Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи суиқасд ба ҷони имоми бонуфуз дар Шветсия наздик ба анҷомёбист


Нодира Аминоваро ба толори додгоҳ интиқол медиҳанд

Нодира Аминоваро ба толори додгоҳ интиқол медиҳанд

Гуфта мешавад, ки Баҳодур Пӯлодов ва Нодира Аминова зану шавҳар аз Узбакистон ба қотили эҳтимолӣ кӯмак кардаанд.

Мурофиаи додгоҳии як ҷуфти ӯзбактабор, ки ба ширкат дар сӯиқасди ноком алайҳи рӯҳонии бонуфузе айбдор мешаванд, наздик ба анҷомёбист.

Дар курсии айбдоршавандаҳо дар додгоҳи шаҳри Остуршонти Шветсия ҳамсарони ҷавон – Баҳодур Пӯлодов ва Нодира Аминова, шаҳрвандони Ӯзбакистон нишастаанд, ки ба эҳтимоли додситонӣ, дар сӯиқасд ба ҷони рӯҳонии ӯзбаки муқими Шветсия Обидхонқорӣ Назаров ба қотил кӯмак кардаанд. Обидхонқорӣ Назаров як рӯҳонии бонуфузест, ки соли 2006 дар паи таъқиби ӯ аз тарафи мақомот дар Шветсия паноҳ бурд ва аммо баъди он ҳам, аз шахсиятҳои бонуфуз ва чеҳраҳои муҳими мухолифини Ӯзбакистон дар хориҷи кишвар боқӣ монд. Ӯ 22 феврали имсол дар паи ҳамлаи марди ношиносе ҷароҳати вазнин бардошт ва то имрӯз дар ҳолати кома дар касалхонаи шаҳри Умиёи Шветсия бистарӣ аст.

Додситонӣ мегӯяд, зану шавҳар Нодира Аминова ва Баҳодур Пӯлодов, ки аз соли 2010 дар шаҳри Остершунти Шветсия бар асоси визаи донишҷӯӣ ба сар мебаранд, барои ҷо додани қотили эҳтимолии Обидхонқорӣ Назаров дар меҳмонхона, иҷораи мошин, ҷамъоварии иттилоъ дар бораи буду боши Назаров, рафту омади киллер дар қаламрави Шветсия кӯмак кардаанд. Дар додгоҳ исми қотили эҳтимолии рӯҳонӣ – марди рустабори шаҳрванди Ӯзбакистон Юрий Жуковскии 34-сола ҳам садо дод. Бовар меравад, ки ин мард баъди суиқасд ба ҷони Назаров аз хоки Шветсия фирор кардааст. Обидхонқорӣ Назаров

Обидхонқорӣ Назаров



Рӯзи душанбе, 16 июл ҳангоми баёнот додан дар додгоҳ Баҳодур Пӯлодов гуфт, ки воқеан ҳам қотили эҳтимолиро мешинохт ва бо дархости додарарӯсаш барои ҷамъоварии иттилоъ роҷеъ ба қорӣ ва хонаводаи ӯ ба ин кор даст задааст. Дар баёноти Нодира Аминова рӯзи 13 июл гуфта шуд, ки ҳамсарон дар бораи ҳадафҳои аслии қотил, ки мехост ба ҷонаш сӯиқасд кунад, иттилое надоштанд. Вай гуфт, ки қотил ба онҳо гуфтааст, ки гӯё қорӣ «аз ӯ қарздор аст» ва вай мехоҳад пулҳои худро баргардонад.

Аз рӯи иттилои шоҳидону нозирони мурофиаи додгоҳӣ, додситонӣ пажӯҳиши хеле мӯшикофонае анҷом дода, барои исботи ҷурми ин зану шавҳар далелҳои қотеъ ҷамъоварӣ кардааст. Аз ҷумла, муфаттишон собит кардаанд, ки барои ин хизмат ба сурат-ҳисоби бонкии ҳамсарон дар Ӯзбакистон 25 ҳазор доллар ворид шудааст.

- Ҳарчанд Нодира Аминова гуфт, ки ин пулро барои намоиши тавонмандиҳои молии худ дар чашми ҳукумати Шветсия қарз гирифтааст, ба назар мерасид, ки айбдоркунанда ба ин чиз бовар накард, - гуфт Муҳаммадсолеҳ Обутов, як шоҳиди ин додгоҳ. – Вақте ки додситон чанд далели дигари ширкати Нодираро дар ин ҷиноят собит кард, ӯ гиря кард, - нақл кард ин шоҳиди додгоҳ дар сӯҳбат бо бахши ӯзбакии радиои Озодӣ.

Интизор меравад, ки дар рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳӣ анҷом шавад. Аз рӯи қонунҳои Шветсия, ба ҳамсарони ӯзбак барои ширкаташон дар талоши куштори рӯҳонии бонуфуз 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Ҷараёни мурофиаро даҳҳо паноҳандаи ӯзбак ҳам мушоҳида мекунанд, ки баъди фирор аз Ӯзбакистон бо далоили таҳдиди амниятӣ дар Шветсия муқимӣ шудаанд.



Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG